Фарҳанги Рими Қадим

Рими Қадим низ яке аз давлатҳои қадимтарини Атиқаи Европа маҳсуб шуда, дар он ҷо ҳанӯз 4000 сол пеш аз милод тамаддуни инсонӣ вуҷуд дошта будааст. Мардуми он асосан ба моҳидорӣ, шикорчигӣ, чорводорӣ, заминдорӣ ва ҳунармандӣ машғул буданд. Онҳо санъати сангтарошӣ, кулолгарӣ ва истифодаи оҳанро низ хуб медонистанд.

Рим дар сарзамини Италияи имрӯза вокеъ гардида, яке аз қадимтарин шаҳрҳои кишвар ба ҳисоб меравад. Мардуми он дар соҳилӣ дарёи Тибр маскан гирифта, шаҳри худро ба маркази илму фарҳанг ва тиҷорату тамаддун табдил дода буданд. Дар бораи маданияти Рими Қадим дар илми фарҳангшиносӣ ақидаҳои мухталиф чой доранд. Аз ҷумла, фарҳангшиносони маъруф О.Шпенглер, А.Тойнбӣ, бостоншиносон Шлимен ва Эванс қдйд мекунанд, ки тамоми комёбиҳои Рим аз таназзули тамаддуни Атиқӣ шаҳодат медиҳад, яъне римиён дар натиҷаи робитаҳои тиҷоратию фарҳангӣ ва мазҳабии худ аз маданияти баланди юнониён истифода бурда, ба комёбиҳои беназир ноил гаштанд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки ҷаҳонбинии динии римиён низ заминаи худро аз эътиқодҳои динии юнониён гирифтааст.

Дар натиҷаи ташаккул ёфтани ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ дар Рими Қадим талабот ба мутахассисони босаводу бомаърифат меафзуд. Аз ин рӯ, ҳукуматдорони Рим барои конеъ гардонидани талабот ба мутахассисони соҳибмаълумоту ботаҷриба ба Юнон муроҷиат менамоянд. Ин раванд алоқамандии Римро бо тамоми вилоятҳои Баҳри Миёназамин мустаҳкам намуд. Рими­ён барои пеш бурдани умури давлатдорӣ ва иқтисодиёти кишвари хеш аз собиқ давлатҳои эллинии юнониҳо донишмандон, мутафаккирон ва ғуломони босаводро оварда, аз донишу малакаи онҳо ба таври васеь истифода мебурданд. Илова бар ин онҳо ба таври ҷиддӣ омӯзиши забон, адабиёт, фалсафа, таъриҳ ҳуқуқ санъати нотиқӣ ва театриро ба роҳ мемонанд. Сарватмандони римӣ бошанд фарзандонашонро барои таҳсил ба шаҳрҳои Юнон мефиристоданд. Донишмандони юнонӣ муаррих Полибий, файласуфон Посидоний ва Панетий ба Рим рафта, фаъолияти илмии худро дар он ҷо идома медоданд. Бо мақсади боз ҳам мустаҳкам намудани риштаҳои дустии римиҳою юнониҳо римиён таърихи Римро ба забони юнонӣ таълиф менамоянд. Дар он тавассути образи афсонавии Эней бо ҳам хеш будани римиёну юнониҳо талқин карда шуда, таъкид мегардид, ки бисёр шаҳрҳои Италия бевосита аз тарафи қаҳрамонони юнонӣ ва троягӣ бунёд карда шудаанд. Мутафаккирони юнонӣ дар навбати худ ба ҳукмронии римиён тан дода, ягонагии юнониёну римиён ва анъанаю одатҳои ин ду халқро исбот менамуданд. Чуноне, ки мебинем дар мифологияю анъанаҳои маданию маънавии мардуми Рим тағйиротҳои назаррас ба амал меояд. Тарзи номгузорӣ, эътиқодҳои динӣ, анъанаи юнониёну римиён мазмуни якхела пайдо мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Фарҳанги Юнони Қадим

Дар натиҷаи омезиши ин ду маданият минбаъд римиён дар санъати портрета, муҷассамасозӣ, меъморӣ (театр, сирк амфитеатрҳо, гулгаштҳо, гармобаҳо ва ғайраҳо) хеле пеш мераванд. Санъати ракс ва мусиқӣ дар Рим кори паст хисоб меёфт, аз ин рӯ ба ин намуди санъат диққати даркорӣ дода намешуд.

Дар яке аз қиссаҳои мардуми Рим гуфта мешавад, ки сар­замини Рим аз тарафи худоҳо офарида шудааст ва римиён назаркардаи худоҳо мебошанд. Мардуми Рим бародарон Ромул ва Ремро асосгузорони шаҳри Рим меҳисобанд. Яке аз талаботи асосие, ки дар ин асотир оварда шуда буд, садоқат ба шаҳри Рим мебошад. Аз ҳамин сабаб дар нимаи аввали асри V-уми то милод дар Рим маъбади Садоқат сохта шуда буд. Талаботи дуюм, Мардонагӣ ва талаботи сеюм, Озодӣ номида шуда буд. Мафҳумҳои Садоқат, Мардонагӣ ва Озодӣ арзишҳои волои ахлоқии римиёнро дар давраи шукуфоии шаҳр – давлатӣ Рим ташкил медодаид. Дар давраҳои қадим римиён ба бисёрхудоӣ рӯй оварда, ҳатго ҳайвонҳоро парастиш мекарданд. Баъдтар дар асри 1-уми милодӣ дини насрониро қабул карданд.

Рақамҳои римӣ (I-I, III-3, IV-4, V-5, IX-9, Х-10, XXI- 21 ва ғайраҳо), инчунин солшумории милодӣ ва номи моҳҳои имрӯза (январ, феврал, март, апрел, май, июн, июл, август, сентябр, октябр, ноябр, декабр), ки аз тарафи оламиён пазируфта шудаанд эҷоди мардуми Рим мебошанд.

Аксари дастовардҳои фарҳангӣ, кашфиётҳои илмии римиёи то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд. Ҳоло ҳам римиён асоси бунёди меъмориҳои шаҳри Римро маҳсули дасти бародарон Ромул ва Рем медонанд.

Яке аз аввалин намояндагони фарҳанги римиён шоир ва мутафаккир Архий буд, ки Ситсерон ӯро устоди худ хондааст.

Таъсири маданияти Юнон ба Рим ва дар айни замон хусусиятҳои хоси маданияти Рими Қадим дар эҷодиёти бузургтарин шоир, нотиқ ва ходими давлатӣ Марк Тулий Ситсерон (106-43 то милод) инъикоси худро ёфтааст. Ситсерон дар асарҳои худ «Сарвар Понтинский», «Оид ба замони ман», «Дар бораи давлат», «Дар бораи республика», «Дар бораи ӯҳдадорӣ», «Дар бораи қонунҳо», «Парадоксҳо», «Академикҳо» кушиш намудааст, ки назарияҳои юнониро бо назарияҳои хоси римӣ мувофиқ созад. Барои Ситсерон сохти республика бо идораи омехтаи он идеал ҳисоб мешуд.

Ситсерон волоияти қонунро дар мадди аввал мегузошт. Ба ақидаи ӯ ҳама чиз – табиат, коинот, хатто худоҳо ба қонун итоат мекунанд. Дар таърихи тамаддуни Рими Қадим давраи инкишофи насри лотинӣ маҳз бо номи Ситсерон вобаста аст.

Асарҳои адибони Рими Қадим аз асарҳои муаллифони юнонӣ, ки аксаран оҳанги мифологи доштанд, маҳз бо ҳақиқатнигорӣ ва руҳияи заминии худ фарқ мекарданд. Ин хусусиятҳо пеш аз ҳама дар эҷодиёти бузургтарин намояндаго­ни адабиёти Рими Қадим Вергилий, Горасий Флакк Проперсий, Овидий ва дигарон равшан зоҳир гардидаанд.

Горасий мутафаккире буд, ки реализм дар ашъори ӯ мавқеи асосиро ишғол мекард. Вергилий бошад табиатшиноси Рими Қадим буд, ки тамоми асарҳои худро оид ба табиат гаълиф намудааст.

Мунаҷҷим ва мутафаккири Рими Қадим Балтимус оид ба даврзананда будани замин фикру андешаҳои ҷолиб баён наму­дааст. Ин фикру андешаҳои ӯ минбаъд ба Коперник Галилей, Дарвин, Нютон ва дигарон таъсири бузурги мусбӣ расонидааст. Овидий бошад – олим, мутафаккир, файласуф, (фарҳангшиноси бузурги Рими Қадим ба шумор меравад. Ӯ асосан ҳаҷвнигор буд.

Математики машҳури Рим Архимед оид ба сирру асрори риёзиёт ва амалҳои он асарҳои зиёде эҷод кардааст, ки то ҳол аҳамияти худро гум накардаанд.

Ҷолинус (тақрибан солҳои 130-200 милодӣ) – табиби бузурги Рим буда, дар инкишофи илми тиб саҳми бузург гузоштааст. Ӯдар ҷавониаш ба омӯзиши тиб машғул шуда, ба марказҳои илму фарҳанги он замон -шаҳрҳои Смирн, Коринф, Искандария сафар карда, дар он шаҳрҳо умр ба cap мебарад ва илми тибро аз худ менамояд. Баъди чанд соли сафари хеш ба Рим баргашта, мактаби худро таъсис медиҳад ва дар соҳаи тиб шогирдони зиёдеро ба воя мерасонад ва дар ин ҷода шуҳрати ҷаҳонӣ пайдо мекунад. Ӯ тасаввуротро дар бораи сохти бадан ва ҷараёнҳои дар он ба амалояндаро васеъ намуда, муқдррар кард, ки деворҳои меъда, руда, шарён, бачадону узвҳои дигар як хел нестанд ва онҳо аз якчанд қабат иборатанд. Ҷолинус хатто роҳи ҳаракати хунро дар бадан муайян намуд.

Рисолаи ӯ «Дар боби набз» солҳои дароз китоби руимизии пизишкон буд. Баъди Буқрот Ҷолинус низ «табиат» (табъ)-ро ба ҳолат ва хусусияти бадан алоқаманд медонист. Ӯ таъкид менамуд, ки пизишкон то бемориҳоро наомӯзанд, ташхиси дуруст накунанд, пешгӯйи беморӣ ва таъмини муолиҷаи беморӣ ғайриимкон аст.

Ӯ инчунин оид ба масъалаҳои фалсафа, мантиқ риёзиёт ва дигар илмҳо фикрҳои ҷолиби диққат баён кардааст. Ақидаи Ҷолинус дар бораи табиати бадан ба таълимоти Буқрот мувофиқ меояд. Мувофиқи гуфтаи ӯ тамоми бадан аз чор унсур-ҳаво, об, замин ва оташ иборат аст, ки пайвастагиҳои гуногу­ни онҳо қисматҳои сахт ва моеъи баданро ба вуҷуд меоранд ва узвҳои соддаю мураккаб аз ҳамин қисматҳо таркиб ёфтаанд.

Яке аз намояндагони асосии мактаби эпикурии юнонӣ дар Рими Қадим Лукретсий (асри 1 то милод) мебошад. Файласуфи бузурги Рими Қадим Лукретсий дар асари худ «Оид ба табиати ҷисмхо» таъкид мекунад, ки : «Рӯҳи инсон чун тамоми дунё аз модда иборат аст ва баробари мурдани одам руҳи ӯ низ маҳв мегардад. Бинобар ин аз марг тарсидан маънӣ надорад».

Ӯ мегуфт, ки тавассути узвҳои ҳис одам дунёи моддиро тавре, ки ҳаст хамон тавр дарк менамояд. Одам ба ақидаи Лукретсий ҳамчун ҳайвони мураккаб ва баланд тараққикарда аз ҳама охир пайдо шудааст. Онҳо аввал ҳамчун ҳайвонҳо зиндагӣ мекарданд, оила надоштанд, қонун, санъат ва касбу ҳунарро намедонистанд.

Баъди ихтироъи оташ одамон ба ҳаёти маданӣ қадами нахустин гузошга, оила ташкил мекунанд ва барои ҳифзи фарзандонашон зарурати бо ҳам муттаҳидшавӣ ба миён меояд. Забон воситаи асосии муттаҳидгардии одамон гардида буд. Одамон тадриҷан заминдорӣ, гудохтани мис ва оҳанро ёд мегиранд.

Мутафаккирони Юнони Қадим худро шогирдон ва пайравони олимону файласуфони Рими Қадим меҳисобиданд. То асри XVII мардуми Европа ба маданият ва санъати гузаштаи худ танҳо тавассути ёдгориҳои боқимондаи Рими Қадим шинос мегардиданд.

Яке аз сабабҳои асосии рух додани чунин вазъият аз он иборат буд, ки забони лотинии Рим дар Европа ҳамчун забони расмии дини насронӣ барои ҳамаи мардуми саводнок фаҳмо буд.

Хулоса, дар зери таъсири илму фарҳанги Юнони Қадим фарҳанги Рими Қадим ба вуҷуд омада, ташаккул ёфт ва ба қуллаҳои баландн инкишофи худ расид.

Фарҳанги Юнони Қадим


Фарханги Рими Кадим, Чолинус, реферат, кори курси, бо забони точики

ҚаблӣФарҳанги Юнони Қадим
БаъдӣФарҳанги Арабу Исломӣ