Феълҳои модалӣ дар замони гузашта

Феълҳои модалӣ ва ибораҳои муродифи онҳоро дар замони гузашта аз назар мегузаронем.

Феъли модалии “саn дар замони гузашта

Феъли “саn”- (тавонистан) дар замони гузашта шакли “could” [куд] дорад.

I could swim when I was seven. Вақте, ки ман хафтсола будам, оббозӣ карда метавонистам.

She could translate the text herself. Ӯ худаш матнро тарҷума карда тавонист.

Sabrina could dance very well in her childhood. Сабрина дар овони кудакиаш хеле хуб рақс карда метавонист.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

They could fix our car. Онҳо мошини моро таъмир карда тавонистанд.

Дар шакли инкорӣ аз феъли модалии “could” ва ҳиссачаи инкории “not” ибораи инкории “could not” ҳосил мешавад, ки мухтасаран “couldn’t” навишта мешавад.

I couldn’t do my homework because I had a headache. – Ман вазифаи хонагиамро тайёр карда натавонистам, барои он ки сарам дард мекард (дарди cap доштам).

They couldn’t lift the car themselves. Онҳо худашон мошинро бардошта натавонистанд.

She couldn’t help me because she had no time. – У ба ман ёрӣ карда натавонист, барои он ки вaқт надошт.


Ҷумлахои саволӣ:

Could you drive a car in childhood? No, I couldn’t. – Ту дар бачагӣ мошин ронда метавонистй? Не.

Could Anvar finish his homework? Yes, he could. – Анвар вазифаашро иҷро карда тавонист? ҳа.

Бояд гуфт, ки феъли модалии “could” дар ҷумлахои саволӣ гоҳҳо замони ҳозираро ҳам ифода мекунад.

Таваҷҷӯҳ кунед:

Could I turn on the radio? – Ман метавонам радиоро гирон кунам? (Мумкин ман радиоро гиронам?).

Could you help me? – Шумо метавонед ба ман кумак кунед? (Шумо ба ман кумак карда метавонед?)


Ибораи “to be able to” дар замони гузашта

Ибораи мазкурро шумо ҳамчун ибораи муродифи феъли модалии “саn” аз дарсҳои гузашта хуб медонед. Ин ибора дар замони гузашта шаклхои “was able” ва “were able”-ро дорад.

 Мисолҳо:

Akbar was able to walk at night himself. – Акбар худаш шабона сайругашт карда метавонист.

The pupils iwere able to do their homework without difficulties.  Мактаббачагон тавонистанд, ки вазифаи хонагиашонро бе мушкилӣ иҷро намоянд.


Ҷумлахои инкорӣ:

She was not able to dance well. – У хуб рақс карда наметавонист.

We weren’t able to say them anything. – Mo ба онҳо ҳеч чиз гуфта натавонистем.

The girls weren’t able to go with us because they were very busy. – Духтарон бо мо рафта натавонистанд, барои он ки онҳо хеле серкор буданд.


Ҷумлаҳои саволӣ:

Was Rustam able to fight with you when he was a child? Yes, he was.

Вақте, ки Рустам кудак буд, бо ту ҷангида метавонист? ҳа.

Were your parents able to speak English when they were in America? No, they weren’t.

Baқтe, ки падару модари ту дар Амрико буданд, ба англисӣ ҳарф зада метавонистанд? Не.


Феъли модалии “may” дар замони гузашта

Ин феъл дар замони гузашта шакли “might” -ро дорад.

I might open the door. Ман дарро кушода тавонистам.

They might choose the best books. Онҳо китобҳои беҳтаринро интихоб карда тавонистанд.

Феъли модалии “might” инчунин замони ҳозира ва замони ояндаро ифода карда метавонад.

Might I take your watch? Ман метавонам соати туро гирам? (Мумкин ман соати туро гирам?)

I might go to my grandmother tomorrow. Ман шояд пагоҳ ба назди модаркалонам равам.

It might snow tomorrow. Пагоҳ мумкин аст, ки барф борад.


Ибораи “to be allowed to” дар замони гузашта

Ибораи мазкурро ҳамчун муродифи феъли модалии “may” дар замони ҳозира шарҳ дода будем. Акнун онро дар замони гузашта дида мебароем:

She was allowed to take part in the meeting. – Ӯ тавонист, ки дар маҷлис иштирок кунад.

We were not allowed to sell our rabbits in that market. – Mo натавонистем, ки дар он бозор заргушҳоямонро фурушем.

She wasn’t allowed to visit her aunt. Ӯ натавонист, ки ба зиёрати холааш равад.

Was your sister allowed to dance with her girlfriends? Хоҳари ту тавонист, ки бо дугонаҳояш рақсад?

Were they allowed to watch that film? – Онҳо тавонистанд, ки он филмро тамошо кунанд?


Ибораи “to have to” дар замони гузашта

Аз дарсҳои гузашта шумо огоҳ ҳастед, ки ибораи “to have to” муродифи феъли модалии “must” мебошад. Азбаски феъли модалии “must” дар замони гузашта вуҷуд надорад, мо онро танҳо ибораи “to have to” – ро шарҳ медиҳем.

I had to help you. – Ман бояд ба ту ёрӣ мекардам.

They had to come here themselves. – Онҳо ба ин ҷо бояд худашон меомаданд.

You had to bring my book yesterday. – Ту китоби маро бояд дируз меовардӣ.


Гузариш ба мавзӯи “ЗАМОНИ ГУЗАШТАИ НОМУАЙЯН” << 

Рӯйхати мавзӯҳои забони англисӣ дар инҷо >>ЗАБОНИ АНГЛИСӢ


Феълхои модали дар замони гузашта дар забони англиси бо забони точики

ҚаблӣИбораҳои “There was”, “There were”
БаъдӣФеълҳои асосӣ дар замони гузашта