Феъли модалии “must”

Феъли “must” ба тоҷики “бояд” тарҷума мешавад. Феъли “must” аз он шаҳодат медиҳад, ки шахсе бояд амалеро иҷро кунад, шахсе ӯҳдадор аст, ки амалеро иҷро кунад.

I must go to the garden. Ман бояд ба БОҒ равам.

They must help you. Онҳо бояд ба ту кумак кунанд.

Мисолҳои дигар:

You must drive slowly. She must take your book. We must come in time. It must sleep under the chair.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар шакли инкорӣ феъли модалии “must” ҳам бо ҳиссачаи инкории “not” меояд. Таркиби инкории “must not” ба таври мухтасар “mustn’t” навишта мешавад, ва ҳангоми дар шакли мухтасар талаффуз кардани он яке аз ҳарфҳоӣ “t” талаффуз намешавад.

You mustn’t cry. – Ту набояд гиря кунӣ.

They mustn’t take your umbrella. – Онҳо набояд чатри туро гиранд.

Мисолҳои дигар:

She mustn’t bake two cakes.

I mustn’t fix your car.

Jamila mustn’t write slowly.


Ибораи инкории “must not” ибораи дигари инкории ҳаммаънои худро дорад. Он ибораи “need not” ё ба таври мухтасар “need­n’t” мебошад ва асосан маънои “лозим нест”, “даркор нест” -ро дорад.

 Ҷумлаҳоро муқоиса кунед:

You must not go to school.

You need not go to school.

Ҷумлаи якум чунин тарҷума мешавад:

Ту набояд ба мактаб равӣ.

Дар ҷумлаи мазкур аз он хабар дода мешавад, ки ба мактаб рафтани шахсе манъ аст.

Ҷумлаи дуюм чунин тарҷума мешавад:

Ба мактаб рафтани ту лозим нест.

Дар ин ҷумла бошад, ба мактаб рафтани шахсе манъ нашудааст, лекин шарт нест.

They needn’t buy a new flat.

She needn’t listen to music.

I needn’t take your car.


Ҷумлаҳои саволӣ:

Must I go with you? Yes, you must. Ман бояд бо шумо равам? Бале.

Ҷумлаи саволии мазкур ду хел ҷавоби инкорӣ доштанаш мумкин аст:

Must I go with you? No, you mustn’t.

Must I go with you? No, you needn’t.


Саволҳои махсус:

What must I do? You must clean the window.

Where must they go? They must go to the market.

What umbrella must you buy? I must buy an expensive umbrella.


Ибораи” have  to”

Ибораи мазкур муродиф, яъне ҳаммаънои феъли модалии “must” мебошад. Бояд гуфт, ки калимаи “have” асосан “доштан”, яъне “доро будан” тарҷума мешавад. Лекин вақте ки пас аз он ҳиссачаи “to” меояд, феъли “have” маънои аслии худро гум карда, дар шакли “have to” ба тоҷикӣ “бояд” тарҷума мешавад.

Ҷумлаҳоро муқоиса кунед:

I must clean my teeth. – Ман бояд дандонҳоямро тоза кунам.

I have to clean my teeth. – Man бояд дандонҳоямро тоза кунам.

Чӣ хеле ки аз тарҷумаи мисолҳои боло аён аст, байни феъли модалии “must” ва ибораи “have to” аз лиҳози маъно ягон фарқияте вуҷуд надорад, аз ҷиҳати сохт бошад, феъли “must” чун дигар феълҳои модалӣ аз рӯи шахсу шумора тағйир намеёбад, лекин ибораи “have to” ҳангоми истифода бо шахси сеюми танҳо (he, she, it) дар шакли “has to” меояд:

I have to inform you about it. – Ман бояд дар ин бора ба ту хабар диҳам.

She has to come soon. – Ӯ бояд зуд ояд.

Мисолҳои дигар:

They have to help us.

Shabnam and her mother have to go to the hospital.

The teachers have to teach their children.

Anvar has to sell his old car.

Пеш аз он ки маълумотамонро дар бораи феълҳои модалии забони англисӣ ва ибораҳои муродифи онҳо такмил диҳем, назаре ба зарфҳои забони англисӣ меафканем.