Фотеҳ Ниёзӣ (1914 -1997)

Адиби муборизу ватанпарвар дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (1941-1945) ҳам бо қалам ва ҳам бо тиру туфанг алайҳи душман – фашистони хунхор ба по хест, ҷангиду ҷангид. Ниҳоят дастболо шуд, шаҳди ғалабаро чашид. Бо ордену медалҳои ҷангӣ ба Тоҷикистони азиз, ҳамчун номаш, фотеҳ баргашт. Фотеҳ Ниёзӣ бо як ифтихору сарбаландӣ боз хома ба даст гирифт ва дар васфи қаҳрамонию ҷоннисории фарзандони Ватан асарҳо офарид, ки бештари онҳо гӯё аз ҳодисоту воқеоти ҷангии нависанда буданд, ки дар либоси бадеият, бо як санъати воло ороста гардидаанд. Романи «Вафо», қиссаи «Димаи диловар», «Ҳисса аз қиссаҳои ҷанг», «Ҳар беша гумон мабар, ки холист» ва ғайра асарҳои барҷастаи адибанд, ки аз қаҳрамонию ҷоннисории сарбозони Ватан ҳикоят мекунанд.

Фотеҳ Ниёзӣ 18 апрели соли 1914 дар шаҳри бостонии Самарқанд дар оилаи хизматчӣ таваллуд ёфтааст ва соли 1997 дар шаҳри Душанбе зиндагиро падруд гуфтааст. Ӯ соли 1970 сазовори унвони олӣ – Нависандаи Халқии Тоҷикистон ва соли 1977 сазовори ҷоизаи ба номи устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ гардид.


Хаёт ва фаъолияти Фотех Ниёзи, зиндагиномаи Фотех Ниёзи, Эчодиёти Фотех ниёзи бо забони точики, на таджикском языке.

Давоми матн пас аз блоки реклама