Газалхо аз Накибхони Туграл

Ғазалҳо аз Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ, дар ин мақола газалхо аз Накибхон Туграл газал, Накибхон Туграли Ахрори оварда мешавад >>

Газалхо аз Накибхони Туграл

Ҳар кӣ дар дашти ҷунун бинад мани девонаро,
Кай шавад монанди Маҷнун ошно бегонаро?!

Ҳусни хубонро ҷило бошад нигоҳи ошиқон,
Эътиборе нест ин ҷо шамъи бепарвонаро!

Улфатӣ дорад хаёли мори гесӯяш ба дил,
Ганҷ бисёр аст, гӯё, хоки ин вайронаро!

Давоми матн пас аз блоки реклама

Аз сари савдои зулфи ӯ чӣ сон созам гузар,
Эй фусунгар, бо кӣ мегӯӣ ту ин афсонаро?!

Бо нигоҳе кулбаи эҳзони мо обод кун,
Нест ҷуз мадди нигаҳ меъмор ин кошонаро.

То тавонӣ, дар нигористони чашмаш кун назар,
Эй басо афсун, ки бошад ин аҷоибхонаро!

Туғрал, асрори адаб аз бода равшан мешавад,
Нест ҷуз пири тариқат муршиди майхонаро!


ИНЧУНИН ХОНЕД >>

Хофизи Шерози

1 шарҳ

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед