Географияи хоҷагии рекреатсия ва туризм

Асри XX баъзе минтақаю давлатҳои ҷаҳонро ба маркази муҳими тараққиёти туризм ва азхудкунии захираҳои рекреатсионӣ табдил дод. Дар баъзе давлатҳои ҷаҳон (Миср, Юнон, Италия, Шветсария, Туркия ва ғайра) туризм соҳаи муҳими даромади аҳолӣ, таъмин ба ҷои кор ва пешрафти иқтисодиётро ташкил медиҳад.

географияи тоҷикистон, географияи точикистон, реферат, кори курси

Дар замони имрӯза сарватҳои рекреатсионӣ торафт аҳамияти калони хоҷагӣ пайдо карда истодааст. Рекреатсия ва туризм нафақат соҳаи хоҷагиро ташкил медихад, балки яке аз дастовардҳо ва мероси умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Мувофиқи ба рӯйихатгирии ЮНЕСКО ҳоло (соли 2009) дар ҷаҳон ин мероси умумибашарӣ 788 иншоотро ташкил менамояд. Онро одатан ба ду гурӯҳ ҷудо мекунанд: табиӣ ва фарҳангӣ. Иншоот ва марказҳои табииро ба мақсади истироҳат, табобат ва сайёҳӣ истифода мебаранд. Гурӯҳи дуюмро сарватҳои рекреатсионии маданию таърихӣ ташкил менамоянд. Ин гурӯҳ пайдоиши антропогенӣ дорад, ки он муҷҷасамаҳои таърихӣ, бостонӣ, меъморӣ ва санъатро дар бар мегирад.

Тоҷикистон аз сарватҳои рекреатсионӣ ниҳоят бой мебошад. Дар истифодабарии онҳо шароити табиии он мусоидат менамояд, ки ба худ ҳамто надорад. Мувофиқи татқиқотҳои мавҷуда, қаламрави Тоҷикистон нисбат ба давлатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷумла, аз Ӯзбекистон ва Туркменистон дида, ба иқтидори баланди рекреатсионӣ молик мебошад. Агар иқтидори рекреатсионии қаламрави Ӯзбекистон ба 0,7 ва Туркменистон ба 0,25% баробар бошад, аз они Тоҷикистон 5%-ро ташкил менамояд. Ҳоло дар қаламрави ҷумҳурӣ 200 чашмаҳои оби маъданӣ, 70 манбаъи обҳои маъдании пармашаванда ва 18 кӯлҳои лойқадор ва шӯри муолиҷавӣ муайян карда шуданд. Баробари ин дар асоси мушоҳида ва таҳлили ландшафтию рекреатсионӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ садҳо ҳазор гектар маҳалҳои рекреатсионӣ дар мавзеҳои кӯҳистон муайян гардидааст. Захираи обҳои маъданӣ ва лойиқаҳои табобатӣ хело зиёд буда, на фақат талаботи муассисаҳои кунунии табобатиро таъмин менамояд, инчунин баробари васеъ намудани иқтидори онҳо метавонанд, аз хориҷи кишвар мизоҷонро барои табобат қабул кунанд. Географияи муассисаҳои рекреатсионӣ ба географияи сарватҳои рекреатсионӣ мутобиқат менамояд. Бинобар ин, онҳо асосан дар қисми доманакӯҳҳои обанбори Қайроқум, дараҳои Варзоб, Ромит, Алмосӣ, Харангон ва Қаратоғ воқеъ гардиданд. Аксари муассисаҳои табобатию дамгирии мавҷӯдаи ҷумҳурӣ дар ҳамин дараҳо ҷойгир шуданд.

Барои табобат ва барқарор намудани саломатӣ, бештар минтақаи миёнакӯҳҳо мувофиқ мебошад. Ин минтақаҳо бо тобистони гарм ва зимистони мулоими худ фарқ мекунанд. Дар ин ҷо намудҳои гуногуни бутта ва дарахтон паҳн гардиданд, ки табъи одамонро хуш менамоянд. Аз нигоҳи варзишию дамгирӣ ва мустаҳкам намудани саломатӣ, қаламрави баландкӯҳҳо имконияти зиёд дорад. Махсусан, ташкил намудани муассисаҳои варзишию мустаҳкам намудани саломатӣ дар пайвастагӣ бо инкишофи сайёҳӣ, диққати одамонро на фақат аз дохили ҷумҳурӣ, балки аз кишварҳои дуру наздик ба худ ҷалб менамояд. Муайян шудааст, ки танҳо дар ноҳияи Ҳисор 7551 километри мураббаъи он барои рекреатсия мувофиқ аст, мавҷуд мебошад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ноҳияи Рашт ва атрофи он низ дар ҳамин минтақаи кӯҳсор воқеъ гардидааст. Тадқиқотҳо нишон медиҳад, ки ҳудуди ба рекреатсия мувофиқ, дар ин мавзеъ зиёда аз 80 ҳазор гектарро ташкил менамояд. Релефи маҳал ва шароити табиии он,  барои ташкили намудҳои гуногуни варзиш аз ҷумла, алпинистӣ ва сайёҳати кӯҳсор хело мувофиқ мебошад. Мавҷуд будани қабати ғафси барф ва мойилии маҳал барои ташкил намудани лижаронии кӯҳӣ низ имконият медиҳад. Имконияти ноҳияи Рашт барои ташкил намудани сайёҳӣ ва намуди сайёҳии шикорчигӣ ҳам мавҷуд аст. Ҳоло дар ноҳия аз 30 манбаъи обҳои маъданӣ ва 3 чашмаи оби сулфур дошта, танҳо чашмаи «Обигарм» истифода бурда мешавад. Дар заминаи оби гарми маъдании он дармонгоҳи «Обигарм» амал мекунад.

Дар ташкил намудани дамгирии одамон истифода бурдани ҳавзаи дарёҳо, кӯлҳои хушманзара ва обанборҳо аҳамияти калон дорад.

Дар айни замон ба ин мақсад баъзе кӯлҳо ва обанборҳои мавҷуда (Норак, Қайроқум, Бойғозӣ, Сарбанд)-ро қисман аҳолӣ истифода мебарад.

Қаламрави Тоҷикистон хусусан барои инкишофи сайёҳӣ, алпинистӣ ва лижжаронии кӯҳӣ имконияти фаровон дорад. Ба ин мақсад дар қаламрави мамлакат даҳҳо қаторкӯҳҳои бузург қомат рост карданд.

Рӯзҳои офтобӣ дар кишвари мо бештар 300 рӯзро ташкил менамояд. Ин имконият медиҳад, ки сайёҳони дохилӣ ва берунмарзӣ нафақат дар фасли тобистон, балки дар баҳор ва тирамоҳ низ гӯшаҳои зебоманзари Тоҷикистонро мавзеи сайру тамошо қарор диҳанд.

Бояд хотирнишон намуд, ки сайёҳӣ дар кишвари мо таърихи тӯлонӣ надорад. Аввалин роҳи ҳаракати сайёҳӣ соли 1965 кушода шуда буд. Минбаъд барои ба сайёҳон хизмат расонидан базаи сайёҳии «Варзоб», «Баҳри Тоҷик»,  «Кӯлҳои Марғузор», «Искандаркӯл» ва бюрои сайёҳии Душанбе, Ленинобод (Хуҷанд), Қӯрғонтеппа, Кӯлоб, Хоруғ, Панҷакент, Турсунзода, Норак, Кофарниҳон (Ваҳдат), Истаравшан, Конибодом, Ғарм (Рашт) ташкил карда шуданд. Ҳоло дар ҷумҳурӣ бештар аз 15 роҳҳои сайёҳӣ вуҷуд дорад, ки онро роҳтайкунии ҳавоӣ, роҳи оҳан, мошинӣ ва пиёдагардиро дар бар мегирад. Дар оянда барои инкишоф додани сайёҳӣ дар дигар мавзеъҳои зебоманзари ҷумҳурӣ роҳҳои сайёҳии нав кушода мешавад. Роҳҳои мошингард ва нақбҳое, ки солҳои охир сохта шудаанд, барои минбаъда равнақ ёфтани сайёҳӣ мусоидат менамоянд ва он ба яке аз соҳаҳои муҳими хоҷагии халқ табдил меёбад. Хусусан, дар шароити гузариш ба иқтисодиёти бозаргонӣ, мавчуд будани миқдори зиёди бекорон дар мавзеъҳои кӯҳистон, водор менамояд, ки дар онҳо роҳҳои нави сайёҳиро кушода муассисаҳои хизматрасонӣ бино намоем. Ба ин мақсад дар мавзеъҳои Ховалинг, Сарихосор, Мӯъминобод ва ғайра роҳҳои нави сайёҳӣ кушода шуданд. Дар оянда чунин роҳҳо дар дигар мавзеъҳои кӯҳии ҷумҳурӣ аз ҷумла, дар ноҳияи Рашт, Бадахшон низ кушода мешаванд. Хусусан, ноҳияи Рашт  имконияти рекреатсионии калон дорад. Дар ин ноҳия дар заминаи парваришгоҳи дараи Камароб, Сангвор, хоҷагиҳои шикорчигии Сангикар, Чилдара ва Ҳойит сайёҳии кӯҳӣ ва шикоркунӣ ташкил намудан ба мақсад мувофиқ мебошад. Истифода бурдани имконият ва иқтидори рекреатсионии Тоҷикистон барои ҳал намудани бисёр масъалаҳои иқтисодию иҷтимоие, ки дар ҷумҳурӣ вуҷуддошта, имконияти васеъ фароҳам меоварад. Пеш аз ҳама сафи бекорон кам карда мешавад. Ин зарурияти ба хориҷа ба миқдори зиёд ба кор рафтани коргаронро аз миён мебарад. Даромаде, ки аз ҳисоби фаъолияти муассисаҳои рекреатсионӣ ба даст меояд, буҷаи давлатро ғанӣ мегардонад. Аз ин таҷрибаи мамлакатҳои ҷаҳон гувоҳӣ медиҳад. Аз ҷумла дар ИМА замини рекреатсионӣ 5%-и қаламрави онро ташкил менамояд, вале даромади солонаи он бошад, 40 миллиард долларро ташкил медиҳад. Заминҳои кишоварзӣ, ки 48% масоҳати замини хоҷагии қишлоқи мамлакатро ташкил менамояд, ҳамагӣ 14 млрд. доллар даромад медиҳад. Ин гувоҳӣ медиҳад, ки ташкили оқилонаи истифодаи иқтидори рекреатсионии ҷумҳурӣ ба хазинаи давлат даромади калонро ворид месозад. Барои ин фақат ҷидду ҷаҳт кардан зарур аст. Ҳоло барои амалӣ намудани ин мақсад дар ҷумҳурӣ барномаи дарозмуддат қабул карда шудааст, ки вобаста ба баҳисобгирии ҷойгиршавии амудӣ, сарватҳои рекреатсионӣ ва фарқияти шароити иқлимӣ қисмҳои алоҳидаи қаламрави мамлакат ҳаллу фасл карда мешавад.

Бо назардошти хусусиятҳои табиӣ ва ҷойгиршавии марказҳои сайёҳию рекреатсионӣ ҳудуди Тоҷикистонро бо чор минтақаи муҳим ҷудо кардан мумкин аст: 1. Минтақаи Шимолӣ. 2. Марказӣ. 3. Ҷанубу Ғарбӣ. 4. Помир (ниг. ба харита).

Ҳар яки ин минтақаҳо дорои ба худ хос шароити табиӣ, мавқею иншоотҳои географию сайёҳӣ ва муолиҷавӣ мебошанд. Ҳангоми бунёди иншоотҳои истиқоматӣ ва истироҳатию муолиҷавӣ бояд ин омилҳо дар ҳамешагӣ ба инобат гирифта шаванд.

ҚаблӣТашкили қаламрави хизматрасонӣ
БаъдӣКомплекси агросаноатӣ