Ғазал дар васфи шаҳри Душанбе

Газал дар васфи шахри Душанбе.

душанбе фото 2022

Ғазали Душанбе

Бӯи биҳишт ояд аз гулшани Душанбе,
Аз боди мушкбези перомани Душанбе.

Монад ба хонаи гул дар чашми гулпарастон,
Нақши чакан гирифта пероҳани Душанбе.

Дар шаб чи метавон дид аз шабчароғи кӯча?
Маҳтоб хайма дорад дар домани Душанбе.

Чун қулла сар кашида ҳар хонаи баландаш,
Хуршед медамад субҳ аз равзани Душанбе.

Бардошт боми афлок ин шаҳсутуни парчам
Боланд аз ин ҳамеша марду зани Душанбе.

Девори пойдораш гардид Шаҳриёраш,
Бо РУСТАМ аст эмин ҷону тани Душанбе.

Ин тоҷи Тоҷикистон, ин кохи фазлу ирфон,
Дилҳои ошиқи мо шуд Меҳани Душанбе.

Ганҷи ҳазорсола аз тахту бахти тоҷик ,
Имрӯз рух намояд аз махзани Душанбе.

Ин шаҳр беназир аст, зебову дилпазир аст,
Зебад нишони тилло дар гардани Душанбе.

Давлат Сафар

ҚаблӣБайтбарак (шеърҳо)
БаъдӣПешгуфтор – Менеҷмент (китоби дарсӣ барои донишҷӯён)