Гуногуншаклии тортанакхо. Катори каждум, Катори тортанакхо, Гунда.
Ин синф якчанд қатор дорад: каждум, тортанак, кана, фаланга ва ғайраҳо.
Қатори каждум
Баръакси дигар тортанакҳо, каждум шиками дароз дорад ва он аз буғумҳо иборат аст (ба расми 89 нигаред). Каждум дар байни тортанакҳо аз ҳама қадимтар ва калонтар буда, дар минтақаҳои гарм вомехӯрад. Ба воситаи чор ҷуфт халтаҳои шуш, ки дар шикам ҷойгиранд, нафас мегирад.

Дар дунё 500 намуди каждум маълум буда, 10 намуди он дар ватани мо вомехӯрад. Андозаи онҳо 5-10 см аст. Як намуди муқаррарии каждумҳои Тоҷикистон каждуми зарди рахрах аст. Каждумҳо фақат баҳор ва аввали тобистон фаъол буда, баробари саршавии гармӣ ба лонаи дар зери хок кофтаи худ даромада, то баҳори соли оянда хоб мераванд. Каждум, асосан, шабона фаъол аст. Хӯроки каждум ҳашарот ва дигар буғумпойҳоянд. Туъмаи калонро бо пойи анбӯрмонандаш медорад. Дар буғуми охирини шиками каждум неш ҷойгир буда, аз ғадуди заҳрбарор ба он найча равон аст.
Каждум тавассути неш туъмаро захмдор карда, ба он заҳр мечаконад ва баъдтар онро мехӯрад. Одамро газидани каждум аз беэҳтиётии худи инсон ба амал меояд. Каждум зиндазой ва баъзан тухмзиндазой аст. Намудҳои тухмзиндазояш ҳам маълуманд, яъне аз тухми гузошта фавран каждумча мебарояд. Каждумчаҳо дар ибтидо нотавонанд. Онҳо тавассути пойҳои анбӯрмонанди худ ба пушти модина баромада, бо якдигар зич часпида меистанд. Онҳо дар ин давра хӯрок намехӯранд ва беҳаракат дар пушти модина меистанд.
Баъд аз 6-7 рӯз рӯйпӯши кӯҳнаи бадани каждумҳои ҷавон мекафад, яъне онҳо пӯст мепартоянд. Рӯйпуши нав як вақти муайян мулоим буда, онҳо дар ҳамин фосила калон мешаванд. Каждумҳои ҷавон пас аз якчанд сол ба балоғат мерасанд.
Қатори тортанакҳо
Дар дунё зиёда аз 27 ҳазор намуди тортанакҳо маълум аст. Дар табиат эҳтимол ҷое нест, ки дар он ҷо ин ё он намуди тортанак вонахӯрад (расми 90). Тортанакҳоро ба ду гурӯҳ – ду ва чоршушдорон ҷудо мекунанд. Аксарияти намудҳояшон ба гурӯҳи аввал ман- субанд. Ба гурӯҳи дуюм тортанакҳои тропикӣ дохил мешаванд, масалан, тортанаки парандахӯр, ки дарозиаш то 10 см аст (расми 90).

Намудҳои аз ҳама маълум ва хатарноки тортанакҳо бий (тарантул) ва ғунда мебошанд (расми 91). Дар Тоҷикистон якчанд намуди бий вомехӯрад, ки андозаи онҳо 3-5 см аст. Бадани бий бо мӯйҳои зичи бахмалин пӯшида шудааст.

Бий даранда буда, дар лонаи худ, одатан, дар заминҳои бекорхобида ва ҷойҳои санглох зиндагӣ мекунад. Онҳо, асосан, шабона фаъоланд. Бий аз тори худ пилаи махсус тайёр карда, дар он тухм мемонад ва бо худ гирифта мегардад. Наслҳои ҷавон то ба ҳаёти мустақилона тайёр шуданашон дар пушти модар часпида меистанд.
Ғунда (Гунда)
Ғунда. Махсусан ғундаи модина барои инсон ва ҳайвон тортанаки хеле хатарнок аст. Ғундаи модина ғунд аи наринаро баъди бор дор шудан мехӯрад. Ғундаи нарина аз ғундаи модина як маротиба хурд буда, ранги баланд дорад. Нисбат ба ғундаи модина заҳрнокиаш 160 маротиба камтар аст. Ғундаи нарина умри дароз намебинад, аз ҳамин сабаб дар табиат кам вомехӯрад. Ғунда дар водиҳо, доманакӯҳҳо то баландии 1600 м аз сатҳи баҳр вомехӯрад. Ҷойи дӯстдоштаи ғунда атрофи роҳҳо, ҷариҳои хушк ва биёбонҳо мебошад. Ғундаи модина дар бисёр маврид дар лонаи кӯҳнаи хояндаҳо зиндагӣ карда, дар даромадгоҳи он тор метанад. Ғундаҳои Тоҷикистон калон буда, шиками курашакл ва ранги якхелаи сиёҳ доранд. Онҳо ягон хел доғ надоранд. Ғундаи Аврупои Ҷанубӣ барқади пушт ва шикам доғҳои рангин дорад (ба расми 91 нигаред).
Дар ғундаҳои Тоҷикистон ин гуна доғҳо фақат дар наслҳои ҷавон мавҷуд буда, дар наслҳои болиғ нест мешаванд, болои шиками онҳо танҳо сиёҳ аст. Фақат дар баъзе мавридҳо дар таги шикамашон доғҳои рангнок дида мешаванд. Ғунда зимистонро дар ҳолати тухмӣ мегузаронад, тухмҳо дар дохили пилаи махсус мебошанд.
Аввалҳои баҳор аз тухм ғундаҳои ҷавон баромада, то тобистон болиғ мешаванд. Хӯроки ғунда ҳашарот ва дигар буғумпойҳои майдаанд. Ғундаҳои модина хеле заҳрноканд. Заҳри онҳо аз заҳри мор ҳам зӯртар аст. Бадани одами ғундагазида, махсусан қисмати сина ва шикам дардманд шуда, гардиши хун ва нафаскашӣ душвор мешавад. Дар ҷойи газида доғҳои сурх пайдо шуда, тез нест мешаванд. Баъд аз якчанд дақиқа дар тамоми бадан дарди вазнин паҳн шуда, пойҳо карахт мешаванд, сар чарх мезанад, нафасгирӣ душвор мегардад, рагкашӣ, дилбеҳузурӣ, кабудшавии рӯй, пастшавии набз ва бехобӣ ба амал меояд. Агар муолиҷа карда шавад, пас аз якчанд рӯз ҳоли бемор беҳтар мешавад. Агар заҳролудшавӣ зиёд бошад ва сари вақт чораи тиббӣ дида нашавад, одам баъди 2-3 рӯз ҳалок мегардад. Аз таъсири заҳри ғунда шутур ва асп ҳам тез ҳалок мешаванд.
Саволҳо
- Кадом тортанакшаклҳо шабона фаъоланд ва барои чӣ?
- Оид ба тарзи ғизогирии намояндаҳои алоҳидаи тортанакшаклон маълумот диҳед?
- Кадом намудҳои қатори тортанакҳо бештар паҳн шудаанд?
Тестҳо
1. Намояндаи синфи тортанакшаклонро ишора кунед, ки зиндазой бошанд?
А) тортанаки салибдор; Б) ғунда; В) қароқурт; Г) каждум.
2.Неши заҳрдори каждум дар куҷои танааш ҷойгир шудааст?
А) даҳон; Б) нешчангол; В) пойҳои доранда; Г) шикам.
3. Ғундаҳо зимистонро дар кадом ҳолат мегузаронанд?
А) тухмӣ; Б) зочагӣ; В) болиғӣ; Г) кирминагӣ.