Ҳамкории Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

Хамкории Точикистон бо Иттиходи Аврупо.


Таи солҳои охир робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Иттиҳоди Аврупо сатҳи сифатан навро касб кардаанд. Идомаи татбиқи бештар фарогири Стратегияи Иттиҳоди Аврупо барои Осиёи Марказӣ ва бахусус аз ибтидои соли гузашта пурра эътибор пайдо кардани Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо шаҳодати ин гуфтаҳо мебошанд.

Дар давоми як соли мавриди татбиқ қарор гирифтани Созишномаи мазкур як қатор кумитаву шӯроҳои ҳамкории дуҷониба ба фаъолият шурӯъ карданд, ки дар доираи онҳо имконоти васеътари густариши ҳамкориҳо дар ҳама соҳаҳои шомили рӯзномаи муносибатҳои дуҷонибаи мо-тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсию амниятӣ, иҷтимоиву гуманитарӣ ва байнипорлумонӣ фароҳам омаданд.

Робитаҳои байнипарлумонии Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо хеле хуб ба роҳ монда шудаанд. Кумитаи ҳамкории байнипорлумонӣ миёни Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Парлумони Аврупо ташкил дода шудааст, ки ҷаласаи нахустини он моҳи марти соли 2011 дар Брюселл доир гардид. Дар ҷаласаи мазкур аз ҷониби вакилони ҳарду ҷониб дар баробари масъалаҳои рӯзмарраи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсию иҷтимоӣ, доираи васеи мавзӯъҳои ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима гардид.

Яке аз чунин соҳаҳо чун харвақта бахши энергетика боқӣ мемонад. Тоҷикистон захираҳои бузурги гидроэнергетикиро доро аст, ки наздики 530 миллиард киловатт соат буда, алҳол танҳо 5 фисади он истифода мешаваду халос. Мутмаинам, ки бештар ва фаъолтар ба кор андохтани онҳо дар баробари мусоидат ба таъмини рушди босуботи кишвар ва нафъи экологии минтақа, ҳамчунин ба манфиати кулли кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз он ҷумла Афғонистону Покистон хоҳад буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Соҳаи дигари мавриди таваҷҷӯҳ ин инкишофи имкониятҳои коммуникатсионию нақлиётӣ ва бад-ин васила таҳким бахшидан ба робитаҳои тиҷоратӣ бо кишварҳои ҳамсоя, махсусан дар шароити ба бандарҳои баҳрӣ бевосита баромад надоштани аксари кишварҳои минтақа, маҳсуб меёбад.

Дар самтҳои зикргардида Ҳукумати Тоҷикистон дар чорчӯбаи се ҳадафи стратегӣ – таъмини истиқлолияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва таъмини амнияти озуқавории кишвар як теъдод барномаву лоиҳаҳои иқтисодиро таҳия карда, амалӣ менамояд.

Як қатор аз ин лоиҳаю барномаҳо, ки ба рушди иқтисодии кишвар нигаронида шудаанд, дар якҷоягӣ бо шарикони байналмилалӣ мавриди татбиқ ва қисмати дигараш дар марҳилаи омӯзиш қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, Тоҷикистон ба иштироки ҳамшарикони аврупоии худ дар татбиқи лоиҳаҳои гидроэнергетикию коммуникатсионии пешниҳодшуда ҳавасманд мебошад.

Лоиҳаҳои таҷдид ва тармими нерӯгоҳҳои гидроэнергетикии дар Тоҷикистон амалкунанда, мавриди таваҷҷӯҳи Барномаи минтақавии инвеститсионӣ – Хазинаи Комиссияи Аврупо оид ба сармоягузорӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ қарор гирифтаанд[1].

Аз ибтидои истиқлолият то ҳол саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди бахшҳои мухталифи иқтисоди Тоҷикистон қариб як миллиард евроро ташкил кардааст.

Барномаҳо ба монанди ТАСИС, дастгирии буҷети ҷумҳурӣ, кӯмакҳои макромолиявию техникӣ, БОМКА / КАДАП, «Темпус» ва «Эразмус Мундус» мисоли возеҳи саҳми Иттиҳоди Аврупо дар рушди устувори иҷтимоию иқтисодӣ, сиёсӣ ва таъмини амнияти Тоҷикистон маҳсуб меёбанд.

Айни замон дар маҷмӯъ дар Тоҷикистон 124 лоиҳаи дуҷонибаву минтақавии Иттиҳоди Аврупо ба маблағи зиёда аз 170 миллион евро татбиқ гашта истодаанд[2].

Ҳамчунин, Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи ҳамкориҳои худ бо Иттиҳоди Аврупо дар соҳаи амниятӣ, ки бахши муҳими муносибатҳои имрӯзаи моро ташкил медиҳанд, манфиатдор мебошад.

Идомаи барномаҳои БОМКА / КАДАП оид ба таҳкими сарҳадот ва танзими фаъолияти гумрукӣ, тақвияти мубориза алайҳи қочоқи маводи мухаддир, аз ҷумлаи он иқдомоти шарикони аврупоии ҷумҳурӣ мебошанд, ки омили муҳими таъмини амнияту суббот натанҳо дар сарҳади Тоҷикистону Афғонистон, балки дар минтақаи Осиёи Марказӣ ба таври умум арзёбӣ мегарданд.

Маълум аст, ки қисми зиёди даромади аз гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир бадастомада, бидуни шак, барои дастгирии молиявии гурӯҳҳои террористию экстремистӣ истифода мешавад.

Тоҷикистон ба ҳукми мавқеи ҷуғрофии худ дар саргаҳи интиқоли ғайриқонунии мухаддирот ба кишварҳои пасошӯравӣ ва интишори минбаъдаи онҳо ба Аврупо қарор гирифтааст ва солҳои тӯлонӣ аст, ки дар мубориза алайҳи ин таҳдиди глобалӣ, ҳамчунин кочоқи аслиҳа ва хатару чолишҳои дигари муосир нақши буфериро иҷро мекунад[3].

Фаъолияти муваффақонаи Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо дастгирии бевоситаи Созмони Милали Муттаҳид таъсис ёфта, амал мекунад, мисоли возеҳи ҳамкории босамари кишвари мо бо ҷомеаи ҷаҳонӣ ва созмонҳои байналмилалӣ мебошад.

Зарфи 10 соли охир дар қаламрави Тоҷикистон аз ҷониби Агентии мазкур ва дигар мақомоти қудратии кишвар беш аз 70 тонна мухаддирот, аз ҷумла зиёда аз 30 тонна героин, ки дар навбати худ қариб 152 миллион дозаи истеъмоли якдафъаинаи онро медиҳад, мусодира гардид[4].

Агар ин нишондиҳандаро дар муқоиса бо меъёрҳои барои гирифтори нашъамандӣ шудан зарур гирем, ин маънои наҷот бахшидан ба ҳаёти зиёда аз 37 миллион мардуми кишварҳои мухталифро дорад.

Ҳамзамон бо ин, бояд қайд кард, ки вазъият дар ин самт, сарфи назар аз чораҳои андешидашаванда, ҳамоно ташвишовар боқӣ мемонад. Аз ин бармеояд, ки раванди мубориза бар зидди кочоқи маводи мухаддир дурру дароз буда, андешидани чораҳои нави муассир ва дарёфти роҳу механизмҳои ҳамкориҳои бештар самараноки ҷомеаи ҷаҳониро тақозо мекунад.

Иттиҳоди Аврупо ва кишварҳои аъзои он дар баробари дигар ҳамшарикони байналмилалии мо барои вусъат бахшидани ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар ин соҳа ва умуман дар дигар масъалаҳои мубрами глобалӣ, аз қабили мубориза бо терроризм, экстремизм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ азму талошҳои минбаъдаи худро дареғ нахоҳад дошт.

Нисбати авзои Афғонистон бояд таъкид кард, ки шароити имрӯза дар баробари амалҳои низомии муштараки ҷомеаи ҷаҳонӣ андешидани тадбирҳои бештари ғайринизомиро тақозо мекунад. Зеро, чуноне, ки таҷриба нишон медиҳад, роҳи сирф низомии ҳалли қазияи он вуҷуд надорад.

Дастгирии фаъолияти Шӯрои Сулҳ, ҳамоҳангсозии амалҳои муштарак ҷиҳати эҳёи иқтисодию иҷтимоии Афғонистон аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар онҳо ҳамкориҳои муассиртар дошта бошанд[5].

Ҳамзамон, ба эътидол овардани вазъ дар Афғонистон ҳамкории васеи минтақавиро, ки онро ҷониби Тоҷикистон аз афзалиятҳои стратегии худ медонад, талаб мекунад. Алҳол дар Осиёи Марказӣ дарки масоили марбут ба фазои тафоҳум ва ҳамгироӣ дар сатҳи зарурӣ қарор нагирифтааст ва дар минтақа дар ин самт масоили муайяне мавҷуд аст, ки ҳаллу фасли худро интизоранд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Парлумони Тоҷикистон моҳи апрели соли 2011 гуфта буд: «Дар минтақаи Осиёи Марказӣ ягон масъалае вуҷуд надорад, ки онро бо нияти нек ва ҳамкории созандаи кишварҳои ҳамсоя ҳал кардан ғайриимкон бошад»[6]. Соли 2010 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аввалин шуда, аз байни роҳбарони давлатҳои Осиёи Марказӣ дар парламенти Аврупо дар шаҳри Страсбург баромад карданд, ки ба ин баҳои баланд дода шуда барои гирифтани унвони «Пешвои асри XXI» муяссар гардиданд.

Тоҷикистон, ки дар саргаҳи об қарор дорад ва дар қаламраваш тақрибан 60 фисади оби минтақа ташаккул меёбад, ҳамеша омодаи ҳамкории созанда ва мутақобилан судманд ба нафъи ҳамаи кишварҳои минтақа аст.

Дар баробари он, норасоии захираҳои сӯзишворӣ яке аз омилҳои боздошти рушд ва болоравии иқтисодиёти кишвар гардидааст. Бинобар сабаби мавҷуд набудани захираҳои худи нафту газ мамлакат тамоми талаботи худро аз ҳисоби воридот аз дигар ҷумҳуриҳо таъмин манамояд.

Мавқеи принсипиалии Тоҷикистон иборат аз он аст, ки вай ҳеҷ гоҳ ҳамсоягони худро бе об намегузорад ва ҳатто пешниҳод карда буд, ки захираҳои кӯли баландкӯҳи Сарез, ки худ як хазинаи беназири оби аълосифати ошомиданӣ аст, барои таъмин намудани ҳамаи аҳолии Осиёи Марказӣ истифода шавад.

Вале дар айни ҳол мардуми Тоҷикистони дар тӯли 15 соли охир ҳар зимистон аз камбуди барқ азияткашанда, ки он дар давоми ҳар сол 6 моҳи зимистон фақат шашсоатӣ ҳар рӯз барқ мегиранд, ҳаққи истифода аз сарватҳои табиии худро дорад, ки ин нукта дар аксари асноди ҳуқуқи байналмилалӣ омадааст[7].

Ягон иншооти гидроэнергетикии Тоҷикистон ҳеҷ гоҳ бар зарари ягон нафаре нахоҳад буд, балки як нигоҳи беғаразона ва одилона ҳамеша исбот хоҳад кард, ки ҳамаи кишварҳо ва кулли минтақа аз онҳо фақат манфиат хоҳанд дид.

Соҳаи гидроэнергетика, ба ғайр аз таъмини қувваи арзони барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза, инчунин аз нуқтаи назари истифодаи захираҳои устувори табиии энергияҳои таҷдидшаванда дар оянда муҳим аст. Дар айни замон истифодаи он барои ба таври назаррас кам кардани партовҳои гази карбон ба фазо мусоидат менамояд. [8]

Иттиҳоди Аврупо, минҷумла сохтори парлумонии он дар омода сохтани фазои мусоид барои чунин ҳамкорӣ метавонанд саҳми боз ҳам фаъолтар дошта бошад.

Ҷониби Иттиҳоди Аврупо дар доираи татбиқи Стратегияи худ барои Осиёи Марказӣ ба масъалаҳои тақвияти ҳамкориҳои миёни кишварҳои минтақа, таҳким бахшидан ба фазои боварӣ ва эътимод, ба нерӯи тоза гирифтани муносиботи мутамаддин ва рафъи монеаҳо дар интиқоли молу сармоя, рафтуомади озоди одамон таваҷҷӯҳи фарогир ва бештар зоҳир намояд. Ҳамзамон бо ин, Парлумони Аврупо, ки имрӯз инъикоскунадаи таҷрибаи ғании парламентаризми ин қитъаи ҷаҳон маҳсуб меёбад, метавонад кӯмаку мусоидати бештари худро дар самтҳои аъанавии ҳамкориҳои парламентарӣ расонад.

Амалияи пешбурди равандҳои демократӣ, ташаккули унсурҳои калидии ҷомеаи шаҳрвандӣ дар кишвари мо, такмили фаъолияти низоми парлумонӣ, беҳсозии қонунгузории миллӣ, инчунин таъмини ҳуқуқ ва озодиҳои башар аз он соҳаҳое ба шумор мераванд, ки Иттиҳоди Аврупо метавонанд дар онҳо нақши боз ҳам васеътар дошта бошад.

Тайи солҳои соҳибистиқлолӣ, сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёди иҷтимоию иқтисодӣ, ба ҷумҳурии мо муяссар шуд, ки дар такя ба таҷрибаи ҷаҳонӣ ва бо назардошти хусусиятҳои миллӣ асосҳои ҷомеаи нави рӯ ба меъёрҳои демократӣ ниҳодаи худро гузошта, ислоҳоти куллии ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятиву сиёсиро пайгирона идома диҳад.

Дар Тоҷикистон, ки дар фазои пасошӯравӣ яке аз аввалинҳо шуда, Конститутсияи даврони соҳибистиқлолии худро бо раъйпурсии умумӣ қабул кард, ҷиҳати тақвияти давлати ҳуқуқбунёд, демократӣ ва дунявӣ иқдомоти муассир амалӣ шудаанд. Бори аввал дар таърихи сиёсии кишвар Парлумони касбии дупалатагӣ таъсис ёфт[9].

Имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз ду ҳазору сесаду панҷоҳ созмони ғайриҳукуматӣ амал мекунад, ҳол он ки дар ибтидои соҳибистиқлолии кишвар теъдоди онҳо ҳамагӣ ба 141 адад мерасид. Айни замон дар фазои сиёсии кишвар ҳашт ҳизби сиёсӣ озодона фаъолият дошта, панҷтои он дар порлумони кишвар намояндаи худро дорад.

Дар кишвар зиёда аз 400 рӯзномаву маҷалла, аз ҷумла 250-тоаш хусусӣ, ба табъ расида, 44 шабакаи радиотелевизионӣ, аз ҷумла 28 шабакаи ғайриҳукуматӣ амал мекунад[10].

Дар баробари ин, дар ҷумҳурӣ барои ба роҳ мондани ҳамкории сохторҳои ҳокимияти иҷроия ва воситаҳои ахбори омма бо мақсади таъмини шаффофияти иттилоот ва дастрасии кафолатноки иттилооти аз лиҳози ҷамъиятӣ муҳим чораҳои зарурӣ андешида шудаанд.

Дар Тоҷикистон, ки шумораи аҳолиаш зиёда аз ҳафту ним миллион аст, қариб 4 ҳазор иттиҳодияи динӣ, аз ин ҷумла 74-то иттиҳодияи ғайриисломӣ, фаъолият мекунад.

Аз нигоҳи созмонҳои марбутаи ҷамъиятию байналмилалӣ оид ба ҳифзи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, дар соҳаи мазкур яке аз дастовардҳои назарраси Тоҷикистон дар сатҳи давлат ин ба тасвиб расидани Барномаи ислоҳоти судиву ҳуқуқӣ барои солҳои 2011-2013, қабули Кодекси нави мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин эълони моратория ба ҳукми қатл мебошад.

Таъсис ва ба фаъолият шурӯъ кардани Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бар зидди коррупсия, Шӯрои миллӣ оид ба мубориза алайҳи коррупсия, Кумитаи байниидоравии мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон, барои ҳамкорӣ дар ин самтҳо ҷалб кардани ташкилотҳои ғайриҳукуматӣ ва байналмилалӣ аз ҷумлаи он иқдомҳое мебошанд, ки солҳои охир аз ҷониби Ҳукумати Тоҷикистон баҳри рафъи ин падидаҳои манфии ҷомеа пиёда карда шудаанд.

Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи мубориза бар зидди зуҳуроти номбаршуда ба ҳамкориҳои бештар ва васеътар бо шарикони байналмилалии худ ниёз дорад.[11]

Вобаста ба мавзӯи мубориза бо чолишҳои асри муосир, ки кишвари мо дар марҳилаи кунунӣ ба онҳо рӯ ба рӯ гаштааст, проблематикаи дар минтақа шиддат гирифтани тундгароии диниро низ қайд кардан зарур аст.

Табиист, ки дар чунин шароит давлати Тоҷикистон наметавонад нисбати авҷ гирифтани тундгароии динӣ, ки ба асосҳои иҷтимоию иқтисодӣ ва сиёсии сохти дунявии кишвар таҳдид ба бор меорад, бетафовутӣ зоҳир намояд.

Мақсад аз чораҳои дар ин самт андешидашавандаи мо якто аст. Ин ҳам бошад, гирифтани пеши роҳи дар шуури шаҳрвандон ҷо кардани афкори номатлуби экстремизми динӣ ва зӯроварӣ, ки як оқибат дорад-даст задан ба ифротгароӣ ва амалҳои террористӣ.

Бо таъкиди содиқ мондани Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба риояи пурраи ӯҳдадориҳои байналмилалии худ дар соҳаи волоияти қонун ва ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷумҳурӣ ҳавасмандии худро ба ҳамкориҳои васеъ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ дар пешбурди зина ба зинаи равандҳои демократӣ дар кишвар нишон медиҳад.

  • [1] Чумхурият.10 июни соли 2011, № 82
  • [2] Тирози чахон. 8.12.2010
  • [3] Чумхурият.2011, 10 июн
  • [5] Чумхурият. 2011, 10 июн
  • [6] Дар хамон чо
  • http://www.delkaz.cec.eu.int (санаи мурочиат: 12 декабри соли 2010).
  • [7] Основы права Европейского союза./ Под ред.С.Ю.Кашкина. М.. 1997. 167 сах.
  • [8] http://www.osce.org (санаи мурочиат: 21 марти соли 2011).
  • [9] Чумхурият. 2011, 10 июн
  • [11] http://www.dvv-international.de (санаи мурочиат: 7 январи соли 2011).
ҚаблӣФаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
БаъдӣИштироки Чумхурии Точикистон дар системаи логистикии байналхалки (кори курси)