Харгиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад (шеъри пурра)

Харгиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад шеър. Харгиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Ҳаргизам нақши ту аз лавҳи, дилу ҷон наравад,
Ҳаргиз аз ёди ман он сарви хиромон наравад.

Ончунон меҳри туам дар дилу ҷон чой гирифт,
Ки гарам сар биравад, аз дилу аз ҷон наравад.

Аз димоғи мани саргашта хаёли руҳи дӯст
Ба ҷафои фалаку ғуссаи даврон наравад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳар чи чуз бори ғамат бар дили м искини, ман аст,
Биравад ин дили ман в-аз дили ман он наравад.

Дар азал баст дилам бо сари, зулфат пайванд,
Тo абад сар накашад в-аз сари паймон наравад.

Гар равад аз пайи хубон дили ман маъзур аст,
Дард дорад, чи кунад, к-аз пайи дармон наравад.

Ҳар кӣ хоҳад, ки чу Ҳофиз нашавад саргардон,
Дил ба хубон надихад в-аз пайи эшон наравад!

Ҳофизи Шерозӣ

ҚаблӣЭМОМАЛӢ РАҲМОН (иншо, эссе) – Пешвои миллат
БаъдӣДар кадом ҳолат донишҷӯро аз донишгоҳ хориҷ мекунанд?