Мавзӯи 31. Хел ва шаклҳои таълим (омӯзиш)

Хел ва шаклхои таълим (омузиш).


Зермавзӯҳо:

  1. Хелҳои омӯзиш
  2. Шаклҳои ташкили таълим (омӯзиш)
  3. Талабот ба дарси муосир
  4. Навъ ва сохтори дарсҳо
  5. Хусусиятҳои сохти дарсҳои дигар
  6. Шаклҳои дигари таълим
  7. Тайёрии муаллим ба дарс

1.Хелҳои омӯзиш

Системаҳои дидактикӣ бо гузашта ҳеҷ гоҳ бедарак намешаванд. Онҳо ғизои ғоявӣ гирифта, бештар тағйир ёфта, ба талаботи даври прогрессивии ва система ҳамоҳанг мегарданд, ки дар решаи онҳо аломатҳо боз нигоҳ дошта мешаванд. Масалан, «Системаи педагогии илмӣ» – и Гербарт, ки дар натиҷа анъанавӣ гашт, ба худ унсурҳои пешинаи дидактикии Коменский, ҳамчунин бештар системаи гузаштаи догматикӣ ва схолостикиро ҷаббида буд. Дидатикаи «прогрессивистика» – и Дьюи ҳам бе такяи дидактикии анъанавӣ, ҳамчунин барномакардашуда ё омӯзиши ҳозираи компютерӣ, беасоси гузоштаи анъанавӣ, прогрессивистикӣ ва дигар системаҳо ҷой гирифта наметавонистанд. Пайдарпаии системаҳои дидактикӣ ин қонунияти умумии инкишофи назария ва амалияи омӯзишанд.

Мавзӯро пурра хонед >>


2.Шаклҳои ташкили таълим (омӯзиш)

Шаклҳои ташкили таълим – ин ифодаи зоҳирии фаъолияти якҷоя мутобиқкардашудаи муаллим ва толибилмон нисбати иҷрокунии тарзи муайяни омӯзиш дар мактаб мебошад. Шаклҳои омӯзиш вобастагии иҷтимоӣ доранд, ба воситаи инкишофёбии системаҳои дидактикӣ пайдо шуда, такомулот меёбанд. Шаклҳои ташкилкунии омӯзиш ба меёри гуногун таснифот карда мешаванд: миқдори талабаҳо; ҷои таълим, давомнокии машғулияти таълимӣ ва ғайра дар гурӯҳи аввали меъёри шаклҳои омӯзиши оммавӣ, коллективӣ, гурӯҳӣ, микрогурӯҳӣ ва инфиродӣ дохил мешаванд. Нисбати ҷои омӯзиш шаклҳои мактабӣ ва беруназмактабӣ шомил мегарданд. Ба аввалин машғулиятҳои мактабӣ (дарсҳо), кор дар устохона, дар қитъаи таҷрибавии наздимактабӣ, дар лаборатория ва ғайра, вале ба дуюм – корҳои мустақилонаи хонагӣ, саёҳат, машғулият дар муассисаҳо ва ғайра.

Мавзӯро пурра хонед >>


3.Талабот ба дарси муосир

Дар раванди таълими ибтидоӣ барои баланд бардоштани сифати таҳсил, тарбия ва инкишофи шахсияти мактабиёни хурдсол бағоят аҳамияти калон дорад. Чунки тарбия ва таълим дар хурдӣ нақшест бар санг. Дарс дар ташаккули сифатҳои муфиди кӯдакон нерӯи таконовари беҳамтост. ҳангоми ҳар дарс вазифаҳои маълумотдиҳӣ, тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ ба дараҷаи муайян иҷро карда машеванд.

Бинобар ин ҳар дарс бояд тибқи дархости принсипҳои илмӣ, системанокӣ, дастрасӣ, шууронагӣ ва фаъолонагӣ, баҳри устувор азхуд кардани донишҳо бо назардошти ба инобатгирии хусусиятҳои инфиродии талабагон тақдим карда шавад. Дарс дар омӯзиши маводи барномаи таълимӣ мавқеи муайян дорад. Бояд ҳангоми азхуд кардани ҳар мавзӯъ системаи дарсҳо ва тамоми мазмуни фанни таълимиро донист.

Мавзӯро пурра хонед >>


4.Навъ ва сохтори дарсҳо

Дарс ба системаи дарси – синфӣ тааллуқ дошта, як шакли асосии дастаҷамъии (коллективонаи) ташкили таълим аст ва он таҳти раҳнамои муаллим дар як муддати муайян (барои синфҳои I – II 35 ва барои синфҳои дигар 45 дақиқа) мувофиқи ҷадвали муқарраршуда бо синф бурда мешавад.

Азхудкунии донишҳо, ташаккули маҳорат ва малакаҳо зимни дарсҳо ҳосил мегардад. Вазифаҳои гуногун, роҳҳои тарзу шаклҳои омӯзиши маводи таълимӣ, гуногунии навъҳои дарсро талаб мекунад. Гуногунии хелҳои дарс дар шароити мушаххаси таълим ба мақсад мувофиқ интихоб намудани навъи дарс ёрӣ мерасонад. Ҳар навъи дарс сохт ва хусусиятҳои муайяни худро дорад, ки ба муаллим барои дуруст фаҳмондан, мустаҳкам кардан, такрор намудани маводи таълимӣ ва ҳазмкунии онҳоро зери назорат гирифтан мадад мерасонад. Аммо дар илми педагогика таснифоти ягонае, ки ҳамаи варианти имкониятҳо ва хели дарсҳоро фаро гирифта бошад, вуҷуд надорад.

Мавзӯро пурра хонед >>


5.Хусусиятҳои сохти дарсҳои дигар

Дарсҳои баёни маводи нав. Одатан, ин намуди дарсҳо мазмунан маводи васеи таълимиро фаро мегиранд ва бо методи нақли эзоҳӣ дар пайвастагии сӯҳбат ва намоишдиҳии воситаҳои аёнӣ мегузаранд. Ин навъи дарсҳо лаҳзаҳои зеринро доранд: а) омода намудани хонандагон ба машғулият; б) пурсиши мухтасари масъалаҳои муҳими мавзӯи гузашта ба матлаби барқароркунии алоқамандии мавзӯи нав бо гузашта; в) гузориши мавзӯъ ва муайян кардани мақсади асосии он, инчунин баррасӣ намудани нақшаи маводи нав; г) баёни мавзӯи нав; д) мустаҳкамкунии маводи нав; е) супориши вазифаи хонагӣ. Мавриди гузаронидани ин гуна дарсҳо вақти асосӣ ба мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии он сарф карда мешавад. Барои он ки талабагон ба дарс шавқу рағбат пайдо карда, фаъол иштирок намоянд муаллим мисолу далелҳои ҳаётӣ меорад, таҷрибаҳои амалӣ мегузаронад ва воситаҳои техникӣ намоиш медиҳад.

Мавзӯро пурра хонед >>


6.Шаклҳои дигари таълим

Дар мактаб ба ғайр аз дарс дигар шаклҳои ташкили таълимӣ низ истифода бурда мешавад: практикум, машғулиятҳои факултативӣ, машғулиятҳои иловагӣ, машварат, маҳфил, саёҳат, корҳои таълимии хонагӣ. Ин шаклҳои ташкили таълимӣ дар системаи таҳсилоти миёнаи умумӣ, омӯзишгоҳҳои миёнаи касбӣ – техникӣ, техникумҳо, мактабҳои миёнаи махсус, ҳатто дар мактабҳои олӣ қобили қабуланд.

Мо дар зер ба шаклҳои ташкили таълимие маълумот медиҳем, ки дар мактаби маълумоти миёнаи умумӣ истифода бурда мешаванд.

Мавзӯро пурра хонед >>


7.Тайёрии муаллим ба дарс

Тайёрии муаллим ба дарс ба фаъолияти эҷодкории ӯ зич вобаста аст. Ташкили дарс аз бисёр ҷиҳат ба захираи дониш, таҷриба ва бахусус ба тайёрии муаллим тааллуқ дорад. Ҳар як дарс аз муаллим, хоҳ навкор аст, хоҳ кордидаи таҷрибакор тайёрии ҷиддиро талаб мекунад. Зеро ҳар дарс дар шакли ифодаи дохилии худ ба сони ниҳоли пурсамари боғи ояндаи дастпарварон пиндошта мешавад ва зимни ҳар як ҳарфи он чунин асрори рамзӣ мехобад:

Д – Доно ба раҳи илм барад доим ранҷ, а – Аз азму талоши худ ба каф орад ганҷ. р – Роҳ бас ки бувад пурхатару пурасрор, с – Сад раҳ ту варо ба ақлу дониш месанҷ.

Мавзӯро пурра хонед >>


Санҷиши контролӣ

  1. Моҳияти омӯзиши эзоҳию тасвирӣ дар чист?
  2. Омӯзиши проблемавӣ чӣ гуна хусусият дорад?
  3. Омӯзиши барномашуда ва компютерӣ чӣ тавр гузаронида мешавад?
  4. Шаклҳои ташкили таълим чист?
  5. Дар инкишофи таърихи мактаб чӣ гуна шаклҳои ташкили таълим ба миён омад?
  6. Шакли ташкилии таълими дарси синфӣ чӣ гуна хусусиятҳои худро дорад?
  7. Ба дарси муосир чӣ гуна талаботи умумӣ гузошта мешавад?
  8. Моҳияти талаботи дидактикӣ ба дарс аз чӣ борат?
  9. Дар дарс талаботи тарбиявӣ ва инкишофдиҳӣ чӣ гуна гузошта мешавад?
  10. Хелҳои дарс ва сохтори онҳо номбар кунед.
  11. Дарси омехта чӣ гуна бартарӣ ва камбудиҳо дорад?
  12. Дигар шаклҳои ташкили таълимро шарҳ диҳед?
  13. Ба экскурсияи таълимӣ чӣ гуна талабот гузошта мешавад?
  14. Кори маҳфилҳо ва машғулиятҳои факултативӣ чӣ гуна хусусият доранд?
  15. Ба кори мустақӣлонаи хонагии талабаҳо чӣ гуна талабот гузошта мешавад?

Адабиёт барои худомӯзӣ

  • Вильямс Р., Маклин К. Компъютеры в школе. – М., 1988.
  • Крылова Г. Д. Теория и практика урока в условиях развивающего обучения. – М., 1980.
  • Луфтуллоев М. Дарс. – Душанбе, 1995.
  • Лутфуллоев М. Дидактикаи муосир. – Душанбе, 2001.
  • Подласый И. П. Педагогика. – М., 2000.
  • Раҳимов Х. Педагогика. – Душанбе, 1997.
  • Раҳимов Х., Нуров А. Педагогика. – Душанбе, 2000.
  • Юнусов Й. Педагогика: Душанбе, 2005.
ҚаблӣМетодҳои проблемавӣ – ҷустуҷӯии таълим
БаъдӣХелҳои омӯзиш