Солҳои ҳаёти Ҳеродот (Херодот, Геродот) дақиқан маълум нест. Барои наслҳои оянда боқӣ мондани хотираҳо дар бораи ғалабаҳои юнониҳо бар Эрони пуриқтидор Ҳеродот, олим, муаррихи Юнони қадим, таърихи ҷангҳои Юнону Эронро навиштааст. Ӯ китоби худро бо ибораҳои «Ҳеродот маълумотро ҷамъ кард ва навишт, ки корнамоиҳои бузург ва ибратбахши эллинҳо ва халқҳои дигар номаълум намонанд» хатм намудааст.
Ҳеродот барои гирд овардани маводи китобаш «Таърих» ба мамлакатҳои зиёде сафар кардааст. Тавассути китоби «Таърих»-и Ҳеродот муаррихони замони мо доир ба Юнони қадим, Осиёи Ғарбӣ, Миср ва мамлакатҳои дигари дунёи қадим маълумоти арзишманд ба даст овардаанд. Ҳеродотро дар Ғарб «Падари таърих» меноманд.
Пурра » Илми Юнони қадим