Хосияти ҳаётии ҳуҷайра. Муҳити дохилии организм

Хосияти хаётии хучайра. Мухити дохилии организм


Мубодилаи моддаҳо хосияти асосии ҳаётии ҳуҷайра мебошад. Ба ҳуҷайра моддаҳои ғизоӣ ва оксиген мунтазам ворид гашта, маҳсулоти таҷзия ҷудо мешавад. Моддаҳои ғизоӣ ва оксиген дар раванди биокимиёвӣ иштирок намуда, ҳосилшавии сафедаҳо, чарбҳо, карбогидратҳо ва пайвастаҳои онҳоро, ки аз моддаҳои сода иборатанд, таъмин менамоянд. Моддаҳои ҳосилшуда ба ҳуҷайраҳои муайяни организм хоссанд. Мисол, дар мушакҳо сафедаҳо таҷзия шуда, кашишхӯрии онҳоро таъмин менамоянд. Дар баробари таҷзияи биологӣ дар ҳуҷайраҳо пайвастаҳои ғайриузвӣ ба пайвастаҳои узвӣ табдил ёфта, таркиби моддаҳои мураккаб сода мегардад.

Қариб ҳамаи реаксияи таҷзия бо иштироки гази оксиген, об ва хориҷшавии неру ба амал меояд. Неруи ҳосилшуда барои ҳуҷайра лозим аст. Барои ҳуҷайра сабзиш ва афзоиш хос мебошад. Дар натиҷаи тақсимшавӣ аз як ҳуҷайраи модарӣ ду ҳуҷайраи духтарӣ ҳосил мешавад. Онҳо инкишоф меёбанд ва чун ҳуҷайраи модарӣ калон мешаванд. Ҳуҷайраҳо аз якчанд соат то даҳҳо ва садҳо соат умр мебинанд. Ҳуҷайраҳои зинда омилҳои физикӣ ва кимиёвиро ҳис мекунанд. Онҳо қобилияти мутаассиршавӣ (ҳаяҷонпазирӣ) доранд. Ҳуҷайра дар зери таъсири омилҳои беруна ба ангезиш меояд. Дар ин суръати синтези биологӣ, таҷзияи моддаҳо, талабот ба оксиген ва ҳарорат тағйир меёбад. Ҳамин тавр ҳуҷайраҳо вазифаи муайяни худро иҷро мекунанд. Мисол, ҳуҷайраи ғадудҳо маҳсули гуногун ҷудо менамояд. Ҳуҷайраҳои мушак кашиш мехӯранд. Дар ҳуҷайраи асаб ахбори дохилшуда паҳн мешавад.

Мухити дохилии организм

Муҳити дохилии организм. Бисёр ҳуҷайраҳои бадан бо муҳити беруна алоқаманд нестанд. Фаъолияти ҳаётии онҳоро муҳити дохилӣ таъмин мекунад. Ин муҳит аз се моеъ: байниҳуҷайравӣ, хун ва моеи лимфа иборат аст. Ин моддаҳо агар аз як тараф ҳуҷайраро бо маводди барои ҳаёт зарур таъмин кунанд, аз тарафи дигар, маҳсули таҷзия аз ҳуҷайра хориҷ мегардад. Таркиб ва хосияти физикию кимиёвии ин моддаҳо дар ҳуҷайра нисбатан доимианд ва ин ҳолати муътадил кори ҳуҷайраро таъмин менамояд.


Дониши худро санҷед:

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
  1. Чиро мубодилаи моддахо мегуянд?
  2. Тачзияшави чи хел ба амал меояд?
  3. Ба мухити дохили кадом моддахо дохил мешаванд?
ҚаблӣҲуҷайра / Хучайра, сохт, вазифа ва таркиби он
БаъдӣБофтаҳо, аъзо ва танзими узвҳо