Хосияти худкории (автомати) дил

Дил дар ҳолати нисбатан ором дар як шабонарӯз тахминан 100000 маротиба кашиш мехӯрад (метапад). Дар айни ҳол, он қариб 10 тонна хунро ба ҳаракат медарорад. Кашишхӯрии дилро мушакҳои дил ба ҷо меоранд. Он ба мушаки кӯндаланграхи скелетӣ монанд аст.

Мушакҳои дил аз нахҳои махсус иборат буда, дар онҳо ангезиш ба амал меояд ва ин ангезиш аз даҳлези рости дил сар шуда, баъд ба даҳлези чап ва меъдачаҳои росту чап паҳн мешавад ва бо навбат (ритмикӣ) кашишхӯрии даҳлезҳо ва меъдачаҳоро таъмин менамояд.

Дар дил системаи махсус мавҷуд аст, ки импулсҳоро аз як қисми дил ба дигараш паҳн намуда, барои берун аз организм кашишхӯрии дил имконият фароҳам меоварад. Чунин тарзи худ аз худ кашишхӯрии дилро “автоматияи дил” меноманд.


Мавзӯи асосӣ (пурра) >>

Кори дил

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣДини Маздакия – маълумот бо забони тоҷикӣ
БаъдӣФаъолияти дил