HTML – забони нишонагузории гиперматнӣ

World Wide Web – қисми калонтарин ва тезташаккулёбандаи Интернет мебошад. Ҳар рӯз даҳҳо ҳазор Web-сомонаҳои нав пайдо мешаванд. Ширкатҳо ва ташкилотҳои хурду миёна, муассисаҳои ҳарбию динӣ барои амалӣ сохтани масъалаҳои муҳими худ аз имкониятҳои сомонаҳо истифода мебаранд. Барои осонии ҷустуҷӯи иттилооти матнӣ, барои сарфаи вақт, барои мубодидалаи иттилоот ва инчунин барои инъикоси якхелаи ҳуҷҷатҳои электронӣ дар шабака соли 1989 аз тарафи корманди лабораторияи аврупоии CERN (Швейтсария, Женева) Тим Бернерс-Ли забони нишонагузории HTML сохта шуд. Ин забон имкон медод, ки ба воситаи гипермуроҷиатҳо миқдори зиёди ҳуҷҷатҳои матнӣ бо ҳам мантиқан алоқаманд карда шаванд.

HTML чист?

HTML (Hyper Tekt Markup Language) – забони нишонагузории гиперматнии компютериест, ки барои тартиб додани Web-саҳифаҳо сохта шудааст.

HyperText ин услубест, ки ба воситаи он дар Интернет саёҳат кардан мумкин аст.

Ҳангоми пахш намудани тугмачаи “муш” дар матнҳои махсус, ки гиперишора (hyperlink) номида мешаванд, гузариш аз як саҳифа ба саҳифаи дигар ба амал меояд. Аслан “Hyper” маънои “ғайрихаттӣ”-ро дорад. “Murkup” ин амале, ки тегҳои (tags) HTML аз болои матнӣ байнашон воқеъбуда иҷро мекунанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Маълумот дар бораи Интернет

HTML – ин забонест, ки соҳиби қоидаҳо ва калимаҳои махсуси худ аст. Ин забон аз ҷиҳати имконият пурқувват буда барои омӯзиш нисбатан содда аст. Калимаҳо ё рамзҳои махсуси онро тег номидаанд. Тегҳо дар файли оддии матнӣ дар қатори калимаҳое, ки онҳоро муаллифи сайт дар сайт инъикос кардан мехоҳад, навишта мешаванд. Сипас ин файли матнӣ ҳамчун html-файл сабт карда мешавад. Html-файл ин файли дорои қисми изофагии (extension) htm ё html мебошад. Барои сохтани HTML саҳифаҳо таҳриргари матнии оддии «Блокнот» аз дастаи барномаҳои стандартии Windows ва таҳриргарони махсуси HomeSite, Hot Dog (http://www.sausage.com/hotdog), Arachnophilia, EditPad (http://www.ping.be/jp) ва HTMLPad (http://www.intermania.com/htmlpad)-po истифода бурдан мумкин аст. Инчуни дастаи дигари таҳриргарони HTML низ дар амалия истифода мешаванд, ки онҳоро таҳриргарони визуалӣ ва ё WYSIWYG (What You See Is What you Get, «ҳар чӣ мебинӣ, онро пайдо мекунӣ») меноманд. Ба ин гурӯҳи таҳриргарон Adobe PageMill, MS FrontPage, Corel Web Designer, Nestcape Composer, Macromedia Dreamweaver ва ғайра шомил ҳастанд. Ҳатто дар таҳриргари матнии MS Word саҳифа сохта дар формата HTML сабт намудан мумкин аст. Аммо ба навомӯзони забони нишонагузории HTML барои омухтани “тегҳо” -и HTML истифодабарии таҳриргарони оддии HTML тавсия карда мешавад. Чунки аз истифодаи таҳриргари визуалии HTML навомузон дар баробари таҳриркунии матни HTML тағйирёбии саҳифаи HTML-po мушоҳида карда наметавонанд. Бинобар ин дар аввал то пурра омухтани ин забони нишонагузорӣ истифодабаранда бояд, ки корро аз таҳриргарони оддии «Блокнот» ё HomeSait оғоз намояд.


Маълумот дар бораи HTML забони нишонагузории гиперматни, реферат, кори курси, семинар, абарматн, бо забони точики, на таджикском языке, тоҷикӣ.

ҚаблӣСохтани Web-саҳифаҳо (сомонаҳоро чӣ гуна месозанд?)
БаъдӣЭлементҳои асосии HTML

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед