Хусусиятҳои сохти дарсҳои дигар

Хусусиятхои сохти дарсхои дигар.


Дарсҳои баёни маводи нав. Одатан, ин намуди дарсҳо мазмунан маводи васеи таълимиро фаро мегиранд ва бо методи нақли эзоҳӣ дар пайвастагии сӯҳбат ва намоишдиҳии воситаҳои аёнӣ мегузаранд. Ин навъи дарсҳо лаҳзаҳои зеринро доранд: а) омода намудани хонандагон ба машғулият; б) пурсиши мухтасари масъалаҳои муҳими мавзӯи гузашта ба матлаби барқароркунии алоқамандии мавзӯи нав бо гузашта; в) гузориши мавзӯъ ва муайян кардани мақсади асосии он, инчунин баррасӣ намудани нақшаи маводи нав; г) баёни мавзӯи нав; д) мустаҳкамкунии маводи нав; е) супориши вазифаи хонагӣ. Мавриди гузаронидани ин гуна дарсҳо вақти асосӣ ба мавзӯи нав ва мустаҳкамкунии он сарф карда мешавад. Барои он ки талабагон ба дарс шавқу рағбат пайдо карда, фаъол иштирок намоянд муаллим мисолу далелҳои ҳаётӣ меорад, таҷрибаҳои амалӣ мегузаронад ва воситаҳои техникӣ намоиш медиҳад.

Дарсҳои мустаҳкамкунӣ

Ин намуди дарсҳо ба мақсади тақвият додани донишҳои ҳосилкардаи хонандагон дар тамоми синфҳо истифода бурда мешавад. Муаллим баъди хотима ёфтани системаи силсилаи дарсҳои қисми барномаи таълимӣ барои ҷамъбаст кардани дарсҳои гузаштаи пароканда дарси такрорӣ ташкил мекунад, ки он чунин лаҳзаҳо дорад: а) лаҳзаи ташкилии дарс; б) гузориши вазифаҳо; в) санҷиши вазифаи хонагӣ ва мустаҳкам кардани маводи омӯхташуда дар намуди машқҳо, машғулиятҳои амалӣ, лабораторӣ, корҳои мустақилона; г) ҷамъбасти дарс ва вазифаи хонагӣ.

Воситаи асосии мустаҳкамкунии донишҳо дар синфҳои ибтидоӣ машқҳо, корҳои амалӣ мебошад. Аз фанҳои дахлдор кори контролӣ, диктант, нақли хаттӣ ва ғайра низ гузаронида мешавад.

Дарсҳои такрорӣ

Ин хели дарсҳо, одатан, дар охири мавзӯъҳои силсилавии калон, охири чорякҳо, соли таҳсил гузаронида мешаванд. Сохтори дарсҳои такрорӣ: а) лаҳзаи ташкилии дарс; б) гузориши вазифаҳо; в) такрори маводи гузаштаи таълимӣ; г) ҷамъбасти такрорӣ, санҷиши натиҷаи корҳои таълимӣ, вазифаи хонагӣ. Хусусияти ин гуна дарсҳо дар он аст, ки муаллим барои такрори маводҳои барномаи таълимӣ баҳри ба танзим овардани маводҳои гузашта ва ҷамъбаст кардани донишҳои талабагон ҷиҳатҳои асосиро ба назар мегирад.

Дар ин дарсҳо аз методҳои сӯҳбат, ташкили машқҳо, пурсиши шифоҳӣ бештар истифода бурда мешавад.

Дарсҳои санҷиши дониши талабагон

Ин дарсҳо асосан баъди омӯхтани мавзӯъҳои калон ё қисмати барномаи таълимӣ сурат мегиранд. Чунончи, дар синфи сеюм аз забони модарӣ баъди шаст соат гузаштани «хониш ва инкишофи нутқ, исм), аз «Табиатшиносӣ» – и синфи чорум баъди мавзӯъҳои «Узвҳои бадани одам ва ҳифзи саломатӣ», ки ҳашт соат дода шудааст, барои санҷиши дониш, маҳорату малакаҳо чунин дарсҳо гузаронида мешавад.

Сохтори дарсҳои санҷиш: а) лаҳзаи ташкилии дарс (дар ин лаҳза вазъияти осудаҳолӣ ба миён оварда мешавад), то ки талабагон аз кори контролӣ ба ваҳму ҳаяҷон наоянд. Муаллим омодагии кӯдакон ба дарс (дафтар, ручка ва ғайраро месанҷад); б) гузориши вазифаҳо ба дарс (муаллим ба кадом масъалаҳо эътибор додани талабагонро таъкид мекунад); в) нақл кардани мазмуни кори контролӣ: мисолҳо, диктант, нақли хаттӣ, ҷавоб ба саволҳо ва ғайра; г) ҷамъбасти дарс. Баъди тафтиши корҳои хаттӣ, одатан, дарси махсуси таҳлил гузаронида мешавад, ки дар он саҳву ғалатҳои талабагон ошкор ва ислоҳ мегардад.


Мавзӯи 31. Хел ва шаклҳои таълим (омӯзиш)

ҚаблӣНавъ ва сохтори дарсҳо (педагогика)
БаъдӣШаклҳои дигари таълим