Иқтисодиёт дар замони Сомониён

Ҳаёти осоишта, истиқлолият, аз байн рафтани таҳдиди бодиянишинони турк идоракунии бонизоми давлат сабаби ин­кишофи мамлакат гардид. Барои обёрӣ аз дарёҳои Омӯ, Сир, Зарафшон, Мурғоб, Руди Пур, Қашқадарё, Вахш, Кофарниҳон, Сурхоб, Сафедоб, Хингоб истифода мешуд. Ин гуна иншоотҳо дар ҳудуди Самарқанд шаҳр ва дарготҳои бузурги Ғубор, Бузмаҷон, Синавоб, Иштихон, Фай дар ҳудуди Бухоро Шоҳрӯд, Кармина, Шопурком, Харканрӯд, Хитфар, Самҷен ва ғайра заминҳои зархези водии Зарафшонро шодоб мекарданд. Аз рӯду чашмаҳои кӯҳӣ. обанбору корезҳои сунъӣ низ васеъ истифода бурда мешуд.

Кишоварзон гандум, ҷав, биринҷ, арзан, лубиё, маҳсар, зағир, пахта ва дигар зироатҳоро парвариш мекарданд. Кирмакпарварӣ ҳам тараққи карда буд. Дар боғҳо зардолӯ, шафтолӯ, себ, нок биҳӣ, олӯча, гелос, анор, андир, чормағз, бодом, ангурҳои гуногун ва шаҳдин парвариш мешуданд. Навъҳои гуногуни харбуза, тарбуз ва меваи хушк аз неъматҳои беҳтарини деҳқонон буданд. Шуғли писандидаи тоҷикон чорвопарварӣ ҳам буд. Дар нақлиёт ва рӯзгор аз асп, хар, хачир, уштур ва қутосу барзаговҳо истифода мешуд. Рамаҳои зиёди бузу гусфанд, пода ва галлаҳои сершумор дар чарогоҳҳо нигоҳубин карда мешуданд.

Истифодаи маъданҳои кӯҳӣ ба монанди сангҳои киматбаҳои лаъл, дур, лоҷвард, булур, нуқра, фирӯза, марворид, тилло, гаҷ, оҳан, мис, калъагӣ, биринҷӣ, нашатир, мум, симоб, ангиштсанг, нафт, намак курғошим, мармар, зоқ замч, акиқ нилум ва кварц ба роҳ монда шуда буданд.

Корхонаҳои фулузӣ дар Фарғона, Хуҷанд ва Истаравшан (яроқ олоти кишоварзӣ, зарфҳо), Нишонур (сӯзан, корд), Ҳирот (шамшери пулодин), Тирмиз ва дигар ҷойҳо мавҷуд бу­данд. Техникаи коркарди фулузот ҳам пеш рафта буд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Кулолгарони сеҳрофарини Самарқанд, Марв, Нисо, Балх, Тирмиз, Ҳулбук, Мунк, Дарвоз, Рашт, Хуҷанд, Пайканд, Варахша ва дигар шаҳрҳо зарфҳои зебову нозук меофариданд. Зарфҳои рӯзгор ва ороишӣ хеле маъмул буд. Ҳунари волои шишасозӣ ва аз шиша сохтани чизҳои зарурии рӯзгор дар Тир­миз, Марв, Ҳулбук, Афросиёб, Варахша, Хуҷанд, Мунк, Ҳаловерд (Қурғонтеппа) рушду нумуъ ёфта буд.

Пешрафти кишоварзию саноат ва ҳунармандӣ савдои дохилӣ ва беруниро ривоҷ бахшид. Хусусан савдо бо бодиянишинони чорводор пеш рафта буд. Бозорҳо, дукону растаҳои тоҷирони маҳаллию хориҷӣ хеле афзуда буданд. Бозор ва тиҷорат дар Бухоро, Самарқанд, Банокат, Хуҷанд, Тирмиз, Балх, Ҳирот, Марв, Нишопур ривоҷ ёфта, ин шаҳрҳоро ба маркази мубодилаи моли кишварҳои Шарқу Ғapб табдил ёфта бу­данд.

Осиёи Миёна маркази ярмаркаҳои тиҷоратӣ ҳам буд, Корвонҳои тоҷирони Осиёи Миёна ба сӯи Аврупо, Муғулистон, Чин, Эрон, Қафқоз, Бағдод, Бобулистон рафтуомад доштанд. Барои таъмини бехатарии корвонҳо дар сари роҳҳо бандҳо (заставаҳо) сохта шуда буданд. Боҷгирӣ ба хазина даромади калон меовард. Дар муомилоти молӣ-пулӣ тангаҳои тиллоӣ, нуқрагӣ ва мисӣ (дирамҳои исмоилӣ) истифода мешу­данд. Ин тангаҳо асосан дар савдои байналхалқӣ дар муомилот буданд.

Марказҳои сикказанӣ Бухорою Самарқанд, Балху Нишонур, Хатлону Уструшан буданд. Савдогарон тангаҳоро бо кумаки саррофон ба чекҳо иваз карда метавонистанд.

Гул-гулшукуфии фарҳанги халқи тоҷик дар давраи Сомониён (асрҳои IX-X)


Гул-гулшукуфии фарханги халки точик дар давраи Сомониён (асрхои IX-X 9-10), Иктисодиёт дар замони Сомониён

ҚаблӣИнкишофи шаҳрҳо дар замони Сомониён
БаъдӣФарҳанги халқи тоҷик дар XI-XIII