Идат муборак, устод!

Идат муборак, устод,

Дилҳои мо аз ин шод.

Ҳақгӯю нуктасанҷӣ,

Монанди кони ганҷӣ.

табрикот ба рузи муаллимон

Давоми матн пас аз блоки реклама

Хирадманду накӯкор,

Раҳнамоӣ ба ҳар кор.

Ҳамнишини мардонӣ,

Марди фазлу эҳсонӣ.

Табиби ҷонбахш туӣ,

Устоди рӯҳбахш туӣ.

Табиати обу хок,

Хосили ангуру нок.

Меҳри гулу лола,

Чанори садсола,

Мурғакони сухангӯ,

Даррандаҳои ҷангҷӯ,

Донаҳои гуҳаррез,

Буттаҳои мушкбез –

Ҳама аз ту шунидам,

Дар кори ту бидидам.

Марди суханвар туӣ,

Тиллову гавҳар туӣ.


Табрикот барои рузи муаллимону устодон<<

Шеър дар васфи муаллимон<<

Гуфтаҳои бузургон дар васфи муаллим<<

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед