Иди Курбон – 2020

Мундариҷа:

  1. Маълумоти мухтасар оиди иди Курбон
  2. Иди Курбон дар Чумхурии Точикистон (санаи таҷлил)
  3. Нияти намози иди Курбон
  4. Пайдоиши иди Курбон (Қиссаи ҳазрати Иброҳим)

Иди Қурбонро ба сабаби ҳодисаи таърихии қурбонӣ шудани Исмоил дар он айём ва ба хотири қурбоние, ки ҳоҷиён ҳама сола дар он рӯз дар Мино ва мардуми мусалмони тавонгар дар манзилҳояшон барои итъоми дармондагон ва икроми мардуми идгузор анҷом медиҳанд, ба ин ном номидаанд ва он ҳамон иди Азҳо дар забони араб бошад. Иди Қурбон маъмулан се рӯз – рӯзи даҳуми зулҳиҷҷа ва ду рӯзи пас аз он аст, ки ба онҳо айёми наҳр – забҳ ва қурбонӣ гӯянд, вале бар асоси таълимоти ислом дар бораи ҳаҷ, айёми иди Қурбон рӯзи пеш аз наҳр, ки рӯзи арафа аст ва рӯзи 13-уми он моҳро низ дар бар мегирад ва дар умум панҷ рӯзро ташкил медиҳад ва ба онҳо рӯзҳои иду арафа ва айёми ташриқ гуфта мешавад.

Давоми матн пас аз блоки реклама

иди курбон картинка скачать бесплатно

Ҳумоюну муборак бод иди рӯзадоронаш,

Чу иди рӯзадоронаш муборак бод қурбонаш!  (Амир Муиззӣ)

 


Иди Қурбон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Дар мамлакати мо соли 2020 мувофиқи тасдици Шӯрои уламо Иди саиди Қурбон рӯзи 31-юми июл таҷлил хоҳад шуд.

Таҷлил ва шукӯҳи мардумии иди Қурбон дар миёни миллатҳои мусалмон, бахусус мардуми мусалмони кишварамон, аз он азамат ва ҷашнҳои идонае, ки дар иди рамазон доир ва мушоҳида мегарданд, фарқе намекунад, балки ба сабаби зиёдтар будани айёми баргузории он тароват ва истишмоми накаҳоти раҳмату баракоти илоҳӣ дар чеҳраи мусалмонон бештар эҳсос мешавад.

Дар масҷидҳои ҷомеъ намози иди Қурбон барпо мешавад. Намози иди кубон соати чанд хонда мешавад? Соли гузашта (2019) намози ид дар тамоми масоҷиди ҷумҳурӣ соати 06.30 баргузор шуд. Имсол (2020) мувофиқи тасдиқи Шӯрои уламо ва вазъияти баамаломада намози ид дар масҷидҳо баргузор нахоҳад шуд.


Нияти намози иди Қурбон

Ният кардам, бигузорам, ду ракаат намози иди Қурбон, ба ҷумлаи такбироташ, ки воҷиби ҳамин вақт аст, рӯй овардам ба қибла, қиблаи ман ба ҷиҳати Каъба, иқтидо кардам ба имоми ҳозиристода, холисаллиллоҳи таоло Аллоҳу акбар.

иди курбон картинка скачать бесплатно



Қиссаи Ҳазрати Иброҳим (а) ва Исмоил (а) (пайдоиши иди Қурбон)

Маросими ҳаҷ ба рӯзҳои иди Қурбон рост меояд ва қидмати таърихии иди Қурбон ба айёми зиндагонии Иброҳими паёмбар (а) ва фарзандаш Исмоил (а) бармегардад. Иди Қурбон, қурбонӣ дар он ва умуман маросими ҳаҷ аз ойинҳои ибодатие ҳастанд, ки барои уммати ислом аз хонадони Иброҳим (а) ба ёдгор мондаанд.

Яке аз озмоишҳои Худованд аз Иброҳим (а) забҳ ва қурбонӣ кардани фар­зан­даш Исмоил дар роҳи Худо буд. Иброҳим пайи ҳам се бор дар хоб дид, ки фар­занди худ Исмомилро забҳ мекунад. ӯ яқин кард, ки Худованд ӯро ба забҳи фарзандаш амр кардааст ва моҷарои хобашро ба Исмоил дар миён гузошт. Ис­моил ба ӯ гуфт: «Эй падар, ба ҳарчи амр шудаӣ, анҷом бидеҳ, иншоаллоҳ маро аз собирон хоҳӣ ёфт!» .

Иброҳим (а) дасти фарзандашро гирифт ва аз Макка ба сӯи задҳгоҳ дар сар­замини Мино ҳаракат кард. Дар роҳ вақте ба доманаи кӯҳи Сабир расиданд, Шайтон ба роҳзанӣ ва васвасаи Исмоил пардохт, то ӯро аз ин азимат бозгардонад. Иброҳим (а) вақте талошҳои Шайтонро дар бероҳ намудани фарзандаш дид, ҳафт сангчаеро аз замин бардошт ва ба сӯи Шайтон партофт. Шайтон навмедона ба ақиб баргашт.

Иброҳим (а) ва Исмоил вақте ба забҳгоҳ расиданд, Иброҳим (а) барои ризои Худо фарзандашро бо дастони худ ба замин ба рӯй хобонд ва ҳарду таслими амри Ҳақ гаштанд. Ва ҳамин ки Иброҳим (а) корд бар гардани Исмоил ниҳод, аз осмон нидо расид, ки: «Эй Иброҳим, (аз забҳи Исмоил воист) ту хоби худро ба амал баровардӣ!»  ва гӯсфандеро барои қурбонӣ ба ҷои Исмоил ба назди вай фиристод ва фармуд: «Мо некӯкоронро ҳамин тавр подош медиҳем. Ин набуд, магар озмоиши ошкоре … ва ёди ӯро дар пасиниён зинда доштем».

Мусалмонони ҳаҷгузор рӯзи иди Қурбон ба ёди ин рӯйдоди азими таърихӣ ва эҳёи хотираи хонадони Иброҳим (ъ) дар сарзамини Мино, ки забҳгоҳ дар он воқеъ шудааст, чорвоеро забҳ менамоянд ва гӯшти онро ба одамони камбағал ва камбизоат тақсим мекунанд. Ба таври умум ҳар мусулмоне, ки имконияти молӣ дорад, дар ин рӯз дар хонааш ва аз ҷониби тамоми аҳли хонаводааш чорвое забҳ менамояд ва хотираи қурбонии Иброҳим (ъ) ва Исмоил (ъ)-ро дар худ зинда месозад.


Мавод бо истифода аз сарчашмаҳои интернетӣ, донишномаи озод (Википедиа) ва сомонаи shuroiulamo таҳия гардидааст.


иди қурбон

иди курбон 2020, иди курбон 2020 в таджикистане, иди курбон 2020 кай аст, иди курбон кай аст,  иди курбон 2020 дар, иди курбон точикистон, иди курбон дар точикистон, иди курбон 2020 дар точикистон, иди курбон муборак, намози иди курбон, картинки иди курбон, нияти иди курбон, иди курбон 2020 дар точикистон кайба, нияти намози иди курбон, иди курбон 2020 кай мешавад, иди қурбон, иди қурбон 2020, иди қурбон муборак, нияти намози иди қурбон.

Дигар маводҳо пас аз блоки реклама

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед