Иди Навруз дар Тоҷикистон

Иди Навруз дар Точикистон. Баъди зимистон дар талу теппаҳо гули аввалини баҳор – наргис (бойчечак) аз таги барф сар берун мекунад. Чӣ айёми хуше барои кӯдакон! Онҳо гул мечинанд, баъд ба ҳавлиҳои мардум бурда, ҳадя мекунанд. Соҳибони хона гулро гирифта, ба бачаҳо шириниҳо медиҳанд ва шеър замзама мекунанд.

навруз дар Точикистон

Дар ҷануби кишварамон – дар Кӯлоб, рӯзҳои наврӯзӣ аз суманак кулчаҳои чанголӣ мепазанд. Гандум, нахӯд, донаи каду ва кунҷидро бирён мекунанд. “Агар дастархони наврӯзӣ пур аз гандум бошад, сол пурбаракат мешавад,”– мегӯянд. Боз як одати дигар. Баъзан баҳор хушк меояд, замин бе об мемонад, имкони кишти гандум ва сабзавот намешавад. Он гоҳ рӯзи Наврӯз хӯсае месозанд ва онро месӯзонанд. Мегӯянд, баъд аз сӯхтани хӯса ҳатман борон меборад. Ин маросим «Ашагулон» ном дорад.

Дар Бадахшон тайёрӣ ба Наврӯз чанд муддат пеш сар мешавад. Мардум хонаҳоро тоза ва ороста мекунанд. Баъд тоқиҳоро ордолуд карда, ба девори хонаҳо мезананд. Пайи орд ба офтоб ва гулҳои зебо монанд мешавад. Мегӯянд, ки ин намуд гулкорӣ ба хонадон некӣ, беҳбудӣ ва баракат меорад.

Хонаи бадахшониҳо одатан панҷ сутун дорад. Дар шифти хона – равзана*. Дар арафаи* Наврӯз дар шоҳсутун – сутуни асосии хона аз шохчаҳои арча чароғи калон сохта меовезанд. Дар сутунҳои дигар ва чор кунҷи хона чароғҳои хурдтар мегузоранд. Ин чароғҳо ғайр аз равшанӣ бӯйи хуш медиҳанд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бачаҳо аз равзанаи бом халтача (кӯлвор) дароз карда чиз металабанд. Ба соҳиби хона «Шогун баҳор муборак! Боҷак (чормағз) биёр, кар-кар бикун! Равған биёр, шар-шар бикун!» мегӯянд. Инчунин шеъру суруд мехонанд. Соҳибхонаҳо «Барои шумо муборак!» – гуфта ҷавоб медиҳанд ва ҳар чизеро, ки кӯдакон талаб кардаанд, ба халтачаҳо меандозанд. Рӯзи Наврӯз бояд хоҳиши касе рад карда нашавад.

Ин маросимро дар Бадахшон «Куло ғуз-ғуз» меноманд.

Дар қадим хуҷандиён наврӯзро аз дигарон барвақттар –аввали моҳи март, пешвоз мегирифтанд. Рӯзҳои Наврӯз ҷавонон ва наврасон бо бозиҳои гуногун машғул мешаванд. Бодбаракҳо месозанд. Бодбараки кадоме аз дигарон рангинтар ва калонтар бошад, баланд парвоз кунад, ҳамон ғолиб дониста мешавад. Арғамчинбозӣ мекунанд. Дар ин бозӣ ҳамоне ғолиб мебарояд, ки арғамчинро ба тарафи худ кашида тавонад.

Дар маркази шаҳру вилоятҳо кӯдакон ҳамроҳи падару модарон ба хиёбону гулгаштҳо баромада, дар маҳфилу чорабиниҳои идона иштирок менамоянд.


чанголӣ – як навъ хӯроке, ки аз фатиру маска тайёр мешавад, фатирмаска

равзана – тиреза

Инчунин хонед:

Шеър дар бораи Навруз – Суманак

Табрикот ва шеър дар васфи Навруз


Навруз дар Точикистон, Навруз дар кулоб, навруз дар бадахшон, наврузи Бадахшон, навруз дар помир, реферат, иншо, дар бораи навруз.

ҚаблӣМасъалаҳои забоншиносии миллӣ дар таълимоти Пешвои миллат
БаъдӣШеърхо аз Шоира Рахимчон