Иди Рамазон муборак! (Иди Фитр – табрикот)

Дар ин мақола якчанд табрикот ва табрикнома ба муносибати иди Рамазон / иди саиди Фитр оварда мешавад. Иди сайиди Фитр муборак якчанд табрикот, метавонед истифода баред. Иди Рамазон муборак табрикот 2023 >>

Иди сайиди Фитр муборак, дӯстон!

Тамоми ҳамватанонамонро бо Иди сайиди Фитр муборакбод гуфта бароятон қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободӣ хоҳонем.

Иди Рамазон имрӯз бар мову шумо табрик,
Ин сабру шикебоӣ, в-ин аҳду вафо табрик.
З-Аллоҳ мадад ҷӯем дар роҳи муроди хеш,
Бӯе ба машом омад, аз боди сабо табрик.


Рӯзи иди Рамазон муборак!
Бароятон хушбахтӣ, тансиҳатӣ, рӯзгори босаодату ризқу рӯзии фаровон таманно дорем

Давоми матн пас аз блоки реклама

Иди Рамазон омаду моxи Рамазон рафт,
Сад шукр, ки ин омаду сад xайф,ки он рафт.


Ширкати …. Шуморо ба муносибати фарорасии Иди Рамазон самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, рӯзгори обод ва хушиву саодатро таманно дорад!

Бигзор иди нав дар хонаи шумо баракату нусратро зиёд гардонад.
Иди саиди Фитр муборак!


(Номи ширкат) тамоми ҳамватанонро бо Иди сайиди Фитр муборакбод гуфта, бароятон қабули тоату бандагӣ ва тандурустиву хонаободиро таманно мекунад.

Дар ин рӯзи иди саид хушбахтӣ, баракат, рӯзгори босаодату ризқу рӯзии фаровон ёру ҳамроҳатон бод!
Иди Рамазон муборак!


Ҳамкорон, шарикон ва дӯстони азиз,
Моҳи шарифи Рамазон – моҳи раҳмату мағфират, хайру саховат, моҳи покизагӣ, бахшидани гуноҳҳо ва зиёд намудани амали хайр ба охир расида истодааст ва мо дар арафаи Иди Саиди Фитр қарор дорем.

Ба ин муносибат мо бо ин рӯзи Саид ҳамаи Шуморо табрику муборакбод намуда, аз даргоҳи Худованд бароятон хонаободӣ, сиҳативу саломатӣ, умри дароз, хушиҳои зиндагӣ, тинҷиву осоиштагӣ, ваҳдату таҳаммулпазирӣ, барору пешравӣ, комёбиҳо дар кору зиндагӣ, ризқу рӯзии фаровон ва дастурхони пурфайзу пурбаракатро орзу менамояд.

Иди Саиди Фитр муборак бошад!


“Номи ширкат” тамоми мардуми кишварро бо Иди Рамазон табрику таҳният гуфта, барояшон саломативу сарбаландӣ ва саодати зиндагиро таманно дорем!

Барои ҳамаи тоҷикистониён хонаи обод, ризқи фаровон, тандурустӣ ва саодати рӯзгорро орзу мекунем.

Бигзор дар Ватани маҳбубамон ҳамеша сулҳу субот, оромиву осоиш, файзу баракат ва фаровонии рӯзгор ҳукмфармо бошад.

Иди саиди Фитр муборак, ҳамдиёрони азиз! Доимо тансиҳату солим бошед! 


Ассалому алайкум ва раҳматуллоҳи ва барокатуҳу!

“Ном” мардуми Тоҷикистон ва тамоми мусулмонони ҷаҳонро бо иди саиди Фитр (Иди Рамазон) муборакбод мегӯяд. Аз Аллоҳи мутаъол дуо карда мепурсем, ки ибодатҳо, рӯзадорӣ ва амалҳои солеҳе, ки дар ин моҳи шариф баҷо овардаем ба даргоҳаш қабул бифармояд.

Ба душвориҳо ва изтиробҳое, ки ба сари ин Уммат омадааст нигоҳ накарда, мусулмонони тамоми ҷаҳон як бори дигар фармонбардорӣ ва фурӯтании худро ба Офарандааш нишон додаанд. Рӯзона рӯзадор буда, шабҳо дар тоат ва дуогӯӣ мегузаронданд.

Аз Аллоҳи Таъоло дуогӯён мепурсем, ки ба тамоми муслимини ҷаҳон офият ато намояд, инчунин Уммати Муҳаммад (с) ро аз бедодгарии ҳокимони золим ва аз зарари душманонаш наҷот диҳад ва дар паноҳи худ нигоҳ дошта он азизие, ки ин Уммат ба он лоиқ аст баргардонад.

Иди саиди Фитр муборак!


Ҳамватанони гиромӣ!

Шуморо бо фарорасии айёми муборак — Иди Саиди Фитр аз самими қалб табрику таҳният гуфта, талабгори он ҳастем, ки дар ин моҳи муборак ҳар кори шоистаи ба анчомрасонидаатонро Худованди муттаол ба даргоҳаш қабул намояд.

Бигзор иди шарифи Рамазон ба ҳар хонадони шумо оромиву осоиш, файзу баракат, иқболу хушбахтӣ ва имони комил ҳадя намояд. Иди Рамазон муборак!