Идораи корхона, моҳият ва шаклҳои он

Ба ҳамагон маълум аст, ки дар ҷаҳон ҳодисаҳо – ҳодисаи табиӣ, биологӣ, химиявӣ, физикӣ, ҷомеавӣ, яъне ҳодисаҳои табиии зинда ё худ ғайризинда, худ аз худ эҳё, ташаккул ва инкишоф намеёбанд. Онҳо дар чорчӯбаи қонуну қонуниятҳои ба худ хос бунёд гашта, густариш ва таҳаввул меёбанд. Дар табиати зинда, асосан равандҳои айнии идора ва худидоракунӣ амал мекунанд.

 Идора ҳамчун низоми мураккабу бисёрҷанба – идораи биологӣ, ҷисмонӣ, химиявӣ, ҷомеавӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ғайра сурат гирифта, аз ҷониби илмҳои алоҳида (кибернетика, кибернетикаи иқтисодӣ, менеҷмент…) омӯхта мешаванд1.

Таҳти идораи иқтисод, ҷараёни таъсири бошууронаи инсон ба объект ва равандҳои иқтисодию иҷтимоӣ, иштироки одамон бо мақсади ташаккул ва идораи равандҳои иқтисодӣ ва ноил гаштан ба натиҷаҳои беҳтарини хоҷагидорӣ фаҳмида мешавад.

Идораи иқтисодӣ дар асоси ҳамбастагии субъектҳои иқтисодӣ – идоракунанда ва идорашаванда сурат мегирад. Ашхосоне, ки мустақиман барои идора кардан омода гардидаанд – субъекти идора ва шахсоне, ки тобеи субъектҳои идораанд ва тибқи дархости онҳо амал мекунанд – объекти идора меноманд.

Ба сифати субъектҳои идора роҳбарон (вазорат, давлат…), роҳбарони хоҷагикунанда (корхона, ширкат…), ташкилотчиён, ташкилотҳои гуногуни идоракунанда ва ба сифати объекти идора – корхонаҳо, коллективҳои меҳнатӣ, коргарон, омилҳои истеҳсолот дар шакли олот ва предметҳои меҳнат, захираҳои табиат, нерӯи илмию техникӣ ва иттилоотӣ ва ғайра қадр карда мешаванд. Ин алоқамандиро чунин тасвир кардан мумкин аст.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Нақшаи 42. Унсурҳои асосии идора

Аз нигоҳ ба нақша хулоса бармеояд, ки идора аз ҷониби субъектҳои идора бо воситаи сигналҳои муайян (супоришҳо, фармонҳо, қарордодҳо…) ба роҳ монда мешавад.

Таъсири идоракунӣ бо воситаи қонунҳо, қонунгузориҳо, фармоишҳо, нақша (план), барномаҳо, қарорҳо, нормативҳо, тавсия ва низомномаҳо, фишангҳои ҳавасмандгардонии моддӣ ва молиявӣ ва ғайра ташкил карда мешавад.

Алоқаи акс бо усулҳои гуногун – воситаи биниш (қувваи босира), сигналҳои электрикӣ, маърӯза, маълумот, ҳисобот, ҳисобу китоби оморӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад.

Дар адабиёти муосири Ғарб, асосан се дараҷаи низоми хо-ҷагидорӣ (хонадорӣ, бизнес, давлат) тафриқа карда мешавад. Аз ин нигоҳ дараҷаи идора ҳамчун идораи: иқтисоди фардӣ ва оила, иқтисоди корхона ва фаъолияти соҳибкорӣ ва иқтисоди давлат (мамлакат) фарқ карда мешавад. Вобаста ба ин се метод ва намуди идораи корхона истифода карда мешавад.

  1. Идораи ташкилию фармондиҳӣ, дар чорчӯбаи амру фармоиш, зӯрӣ, маҷбурӣ ва ғайра ба роҳ монда мешавад. Ин тарзи идора, бештар хислати низоми амрӣ (сотсиализм) мебошад. Идора дар асоси принсипи “фармони садорат – қонун барои зердастон”, идора аз боло то ба поён, иҷрои нақшаву директиваҳо ва ғайра ба роҳ монда мешавад.
  2. Методи идораи иқтисодӣ методе мебошад, ки дар чор-чӯбаи ҳавасмандӣ, шавқу ҳавас ва ангезаи шахсии одамон (объекти идора) оиди иҷрои нақшаҳои пешниҳод кардашавандаи субъектҳои идора асос меёбад.

Ҷавҳари марказии таҳрикдиҳандаи онро – ҳаққи меҳнат, фоида, даромад, мукофот, фоиз, имтиёз, таъминот бо чизҳои нодир ва ғайра ташкил медиҳад.

Дар шароити гузариш аз методи идораи ташкилию фар-мондиҳӣ ба методи идораи иқтисодӣ, яъне идора аз тариқи “амудӣ” ба идораи “уфуқӣ” нақш ва мақоми идора бо таври куллӣ тағйир меёбад. Ҳамбастагии объектҳои идора, на дар мояи қарору қарордодҳои директивӣ, балки муносибатҳои мутақо-билаи тавлидгарон, харидорону фурӯшандагон дар асоси созиш, маслиҳат, қарордоду шартномаҳо бештар қарор мегирад.

  1. Методи иҷтимоию рӯҳӣ (психологӣ). Ҳар як давраи рушди низоми иқтисодӣ ва вобаста ба он ташаккул ёфтани гуногуншаклии моликият, тарзу услуби хоҷагидорӣ, идораю тарҳрезии иқтисод, хоҳ нохоҳ, психология ва тафаккури муайяни иқтисодиро ба вуҷуд меоварад.

Инсон тӯли ҳаёти худ, бо воситаи узвҳои босира – биниш, шунавоӣ, фаҳмиш, хондан, телевизиону радио, китоб, маҷаллаю рӯзномаҳо ва ғайра ботадриҷ дар хусуси ин ё он мафҳумҳои иқтисодӣ (нарх, пул, арзиш, меҳнат, музди кор, фоида…) тасаввуроти муайян пайдо мекунад. Ин тасаввурот, албатта зери таъ-сири идеология, сиёсат, дину мазҳаб, тарз ва дараҷаи зиндагӣ, муҳити зист ба тафаккури иқтисодии инсон ҳархела таъсир мерасонад. Дар натиҷа дар ҳар як инсон психология, тафаккур, шавқу завқ, меҳру муҳаббат ба ин ё он шаклу намуди ҳодиса ва равандҳои иқтисодӣ ба вуқӯъ мепайвандад.

Психологияи идораи равандҳои иқтисодӣ ҳамчун натиҷаи маҳсули тарбия, ахлоқ ва барномаҳои ахлоқие, ки дар ҳар як миллат аз гузашта боқӣ мондааст, муайян карда мешавад.

Бояд тазаккур дод, ки дар амалияи хоҷагидорӣ ҳар яке аз ин методҳои номбар карда шуда, дар ягонагӣ ва ҳамбастагӣ баромад мекунанд. Охирон, дар мояи омилҳои гуногун: таҳлили иқтисодӣ, пешгӯӣ (прогноз), тарҳрезӣ, худнақшагирӣ, худтанзимкунӣ, тарҳрезии дохили фирмавӣ, таҳияи барномаҳои ҷорӣ, ояндабинӣ, мақсадноку комплексӣ ва танзиму идораи оперативӣ ба роҳ монда мешавад.


Идораи корхона, мохият ва шаклхои он, мохияти идораи корхона, шаклхои идораи корхона.


1 Кибернетика – илм дар бораи қонунҳои умумии табиати зиндаю ғайризинда, техника, иқтисод ва ғайра. Кибернетикаи иқтисодӣ – ҳамчун ҷузъи асосии кибернетика дар бораи равандҳои идораи ҳодисаҳои иқтисодӣ баҳс мекунад.

ҚаблӣНақшаи бизнес-план ва унсурҳои он
БаъдӣМенеҷмент, шакл ва хусусиятҳои он