Илму адаб дар асрҳои XI-XIII

Ба сари ҳокимият омадани сулолаҳои кучманчии туркӣ сабаби таназзули илму фарҳанги халқи тоҷик гардид. Дар ин давра илму фарҳанги Осиёи Миёна маркази ягона надошт. Ба ҷои маркази ягона – Бухоро марказҳои дигар Ғазна, Баласогун, Марв, Нишопур, Урганҷ, Бомиён, Фирӯзкуҳ Шервон пайдо шуданд. Ҳукмронии туркон ба пешрафти забони дарӣ таъсири манфӣ расонида бошад ҳам, вале дар доираи давлатҳои навбунёди туркӣ забони тоҷикӣ ба забони дарборӣ табдил ёфта, аҳли илму адаб бо ин забон асарҳо меофариданд.

Шоҳони турк бо вуҷуди ҷоҳилиашон бо маслиҳат ва тавсияи уламои дарборӣ, ки аслан тоҷикон буданд аҳли илму адабро ба дарбор ҷамъ намуда, аз заковати онҳо баҳра мебардоштанд. Масалан, Маҳмуди Ғазнавӣ мехост Ғазнаро ба Бухорои дуввум табдил диҳад. Бо ин мақсад ӯ беҳтарин олимон, муҳандисон, мунаҷҷимон, мусаввирон, шоиронро ба дарбор гирд оварда буд. Ӯ Абурайҳони Беруниро ба дарбораш кашид. Вале Фирдавсию Абуалӣ ибни Сино ба ӯ хизмат кардан нахостанд.

Абурайҳон Муҳаммад ибни Аҳмади Берунӣ (солҳои 973-1050) ба мамлакатҳои хориҷӣ сафарҳои зиёде карда, соли 1010 ба Хоразм бармегардад ва сарварии олимонро ба ӯҳда ме­гирад. Ӯ аз худ асарҳои пурқиммате монанди «Хотираҳои аҷдодони гузашта», «Тасвири Ҳиндустон» боқӣ гузоштааст.

Берунӣ 500 сол пеш аз Коперник дар гирди меҳвари худ ҳаракат намудани заминро баён карда буд. Берунӣ заминро куррашакл тасвир кардааст. Ӯ дар тасвири маъданҳо, муайян кардани вазни хоси онҳо аз дигар мутафаккирон пештар андешаронӣ намудааст. Берунӣ файласуфи бузург ҳам буд. Ӯ боварии комил дошт, ки материя чизҳоро мустақилона ба вуҷуд оварда, шакли онҳоро тағйир медиҳад. Берунӣ материяи офаранда ва қобилиятҳои руҳӣ (ҷон, тафаккур ва ғайра)-ро хосияти ҷисмҳо медонист. Берунӣ табиатро ченаки ҳақиқат дониста, бо қатъият талаб мекард, ки дин бояд ба корҳои илм дахолат накунад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бештар оиди Абурайҳони Берунӣ –>>

Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Абӯрайҳон Берунӣ

Файласуфи намоёнтарини асри ХI-и тоҷик Носири Хисрав (солҳои 1003-1088)-и Қубодиёнӣ буд. Ӯ руҳро аввалин ва доимӣ медонист. Худоро офарандаи ақли кулл дониста, боварӣ дошт, кн акли умумӣ нафси куллро меофарад. Рӯҳи умумӣ бошад материяи нахустинро, ки асоси ҳама мавҷудот мебошад ба вуҷуд овардааст. Ии асос замин, об, ҳаво ва оташ мебошанд.

Носири Хисрав ҷонро сабаб ва оғози ҷисми зинда меҳисобид. Ба ақидаи ӯ ҷон дар чор шакл: маъданӣ, рустанӣ, хайвонӣ ва одамӣ пайдо мешавад. Рӯҳи одамӣ шакли олии руҳҳост, ки инсонро аз ҷаҳонӣ ҳайвоноту рустаниҳо ҷудо месозад ва бар болои рӯҳҳои дигар ҳукмрон аст. Ба ақидаи ӯ олам донисташаванда мебошад. Ӯ воқеаҳои мухталифи ҷаҳони моддиро ба ду қисм, яъне зоҳирӣ ва ботинӣ тақсим намуда, боварӣ дошт, ки чизҳои зоҳирӣ бо ёрии узвҳои ҳис, вале дохилӣ тавассути ақл дониста мешаванд. Ба гуфти ӯ дониш объективӣ буда, раванди дониш беохир acт. Донисташавандагии олам хадяи Худованд ба одам аст. Аз Носири Хисрав асарҳои фалсафии «Зод-ул-мусофирин», «Ваҷҳи дин», «Ҷомеъ-ул-хикматайн» мерос мондаанд. Баробари файласуфи бузург будан Носири Хисрав шоир ва адиби забардасти халқи тоҷик низ мебошад. Вай зодаи ноҳияи Қубодиёни имрӯза буда, аз одамони сермулк буд. Ӯ ба шаҳру мулкҳои Нишонур, Табрез, Макка, Коҳира ва дигар мулкҳои Арабу Хинд ва Турк сафарҳо карда, муддате чанд вазир ва мутасаррифи Салчуқиён низ буд. Охири умрашро дар деҳаи Юмғони Кӯҳистоии Бадахшон гузаронидааст. Носири Хисрав соли 1052 аз сафари Миср ба ватан баргашт ва тартиботи таълимоти мазҳаби исмоилиро оғоз намуд.

Асарҳои Носири Хисрав «Девони назм», «Рӯшноинома», «Саодатнома», «Сафарнома» ба фонди тиллоии адабиёти классикии тоҷик дохил шуда, онро ғанӣ гардонидаанд. Ин шоиру мутафаккири забардаст оид ба масоили мазҳабӣ, фалсафӣ, иҷтимоӣ асарҳо офарида, ҳеч гоҳ шоириро воситаи бойшавӣ ва шуҳрат надонистааст. Ҳамзамони Носири Хисрав шоир, файласуф ва олими бузург Ғиёсиддин Абдулфатҳ, Умар ибни Иброҳими Хайём (солҳои 1040-1123) буд. Ӯ олими аллома бу­да, риёзиёт, алҷабр, илми ҳайат, тиб, фалсафа ва ғайраро хуб медонист. Хайём дар ҳамкорӣ бо дигар олимон асарҳои «Тақвими Ҷалолӣ»-ро навишт ва тақвиму ҷадвали солшумориро низ тартиб дода буд. Ӯ дар фалсафа пайравӣ Сино буд. Дар асарҳояш доир ба илми нуҷум, назарияи математика, мусиқӣ, ба даст овардани решаҳои бутуни мусбати ададҳо, кашфи бузургии ивазшаванда ва ҳатто ҳандасаи ғайри уқлидусӣ кашфиётҳо карда, худро ҳамчун олими бузурги математика машҳури ҷаҳониён гардонид.

Хайём ҳамчун шоири нотакрор дар рубоиҳои худ фикрҳои ҷолиб оид ба фалсафа, охират, ҳаёт, хушбахтӣ, зебоӣ андеша рондааст.

Рубоиёти Умари Хайём ->>

Рубоиёти Умари Хайём (рубоиет Хайем)

Яке аз мутафаккири дигари тоҷику форс Унсурулмаолии Кайковус (солҳои 1020-1099) мебошад. Кайковус дар асари худ «Насиҳатнома» тарзи зиндагии одамопро тасвир намуда, усули идораи давлат ва сарварони ҷомеа буданро ба сифати дастуруламал пешниҳод намудааст.

Ӯ сиёсатмадору давлатдорро ба Офтоб монанд менамояд. «Подшоҳ чу офтоб аст. Нашояд, ки ба яке тобаду бар яке натобад». Адлу адолагро чун пояи давлатдорӣ меҳисобад. Мисолҳои зиёдеро дар бораи нопокию бадахлоқии тоифае аз ашрофон оварда, онҳоро маҳкум менамояд. Ба шоҳон тавсияҳои муҳим дар боби ба айшу ишрат дода нашудан ва ба корҳои давлатдорӣ машғул шуданро медиҳад. Ба ақидаи ӯ шоҳ бояд ҳамеша ақлу хирадро машваратчии худ қарор диҳад. Ба эҳсосот дода нашавад. Ба ақидаи Кайковус тафаккур бояд дар қабули қарор ҷойи асосиро ишғол намояд. Кайковус яке аз арҳони давлатдориро дар равонию амикии фармону супоришоти шоҳ мебинад. Муносибат ба лашкар ва раият дар таълимоти ӯ ҷои муҳимро ишғол менамояд. Фақат ба воситаи адлу инсоф хазинаи давлатро пур кардан мумкин аст — таъқид менамояд Кайковус:

Подшоҳ бояд доимо бо лашкар ва халқ бошад ва ба мардум ҳеч гоҳ нафрат надошта бошад то, ки ба нафрати онҳо дучор нагардад. Унсурулмаолии Кайковус ба масъалаи хоста гирифтани одамон ба корҳоӣ давлатдорӣ низ диққати махсус медиҳад. Аз нуқтаи назари ӯ шоҳ бояд аз фаъолияти вазирону вакилон ҳамеша хабардор бошад. Набояд хешу табори вазир амалдор бошапд, зеро ин ба талаву тороҷи халқу давлат оварда мерасонад,

Муҳимтарин хислати шоҳ авф карда тавонистани зердастон аст. Мустақилӣ ва пуртоқатӣ ба ин амал далолат менамоянд. Ҳар хабаре, ки меояд дақиқ санҷида шавад ва баъд ҳукм бароварда шавад. Унсурулмаолии Кайковус рехтани хуни ноҳакро маҳкум намуда, зидди ба азобу шиканҷа кашидани мардум баромад менамояд. Ҷазоро воситаи ягонаи танзими муносибатҳои ҷомеа ва масъалаҳои давлатдорӣ намеҳисобад. Шоҳро ба раҳмдилӣ даъват намуда, дар навбати худ хотиррасон менамояд, ки душманро дар амонтгузоштан нашояд.

Андешаҳои иҷтимоию сиёсии Низомулмулк ва Унсурулмаолии Кайковус

Дар таърихи афкори сиёсии форсу тоҷик Абуалӣ Ҳасан ибни Алии Тусӣ (солҳои 1018-1092) (Низомулмулк) бо асари машҳураш «Сиёсатнома» нақши ниҳоят бузург бозидааст. Маликшоҳи салҷуқӣ ба Низомулмулк мефармояд, ки дар бораи тартиб, тарз, қоида ва қонунҳои асосии давлатдорӣ рисолае нависад, ки ои ба сифати дасгуруламал истифода бурда шавад. Низомулмулк соли 1092 дар ҳаҷми 39 фасл асаре менависад, ки ба ои «Сиёсатнома» ном медиҳад, баъдан ба он 11 ё 15 боби ди­гар илова менамояд.

Фаслҳои аввалини «Сиёсатнома» масъалаҳои умумии давлатдориро фаро гирифта, аз ҳаёти шоҳони гузашта, аз қабили Наср ибни Аҳмади Сомонӣ, Султон Маҳмуд, Нушервон, Баҳроми Гур ҳикояҳои судбахш меоварад. Онҳо ҳамчун ибрати давлатдорӣ ва шоҳигарӣ нишон дода мешаванд.

Низомулмулк ба пайдоиши давлат диқдат дода, ин масъаларо махсус қайд мекунад. Ӯ бунёди давлатро аз мавқеи дин маънидод менамояд. Худованд офарандаи давлат дониста ме­шавад. Низомулмулк ба подшоҳ низ диққати зарурӣ медиҳад. Онро ба сифати памояндаи Худованд дар замин ва идоракунавдаи давлат меписандад. Низомулмулк халқро асоси давлат дониста, пойдории мулкро дар зиндагии осудаи раъият медонад: «Чун дуои халқ ба некуӣ пайвасга гардад, он мулк пойдор бувад» – таъкид мекунад мутафаккир.

Паҳлӯи дигари давлатдориро мутафаккир дар шунидани арзи мардум ва аз рӯи адолат ҳукм баровардани шоҳон меби­над. «Чора набошад подшоҳеро аз он, ки дар ҳафтае ду рӯз ба мазолим биншинад ва дод аз бедодгар биситонаду инсоф бидиҳад ва сухани раият битнавад бевосита».

Низомулмулк саҳми вазирро низ дар кори давлатдорӣ кам намедонад ва фасодии подшоҳу мамлакатро ба вазир вобасга медонад. Барои он, ки хиёнату ришвахурӣ дар идоракунии дав­лат доман паҳн накунад Низомулмулк мефармояд: «… ба ҳар ноҳия ва шаҳр ноибе бифиристад, кутоҳдасту муътамад бошад, то эшон амволро мухофизат мекунанд. Ва ҳар чӣ равад аз андаку бисёр ба илми эшон бошад ва на чунон, ки ба сабаби мушохара (моҳона) афтад ба тозагӣ ранҷ ҳосил шавад. Ва он чӣ ба кор бояд, аз байтулмол бидиҳанд, то эшонро ба хиёнату ришват ҳоҷат набошад ва ин фоида, ки аз ростӣ кардан ҳосил ша­вад».

Дар хусуси қонун ва қонунбарорӣ Низомулмулк мефар­мояд, ки то зарурате пеш наояд, фармон (қонун) набояд навишт: «Номаҳо аз дастгохҳо бисёр нависанд ва ҳар чӣ бисёр гардад, ҳурматаш набувад. Бояд, ки то муҳиме набувад, аз маҷлиси олӣ чизе нанависанд. Бояд, ки ҳурматаш он чунон бувад, ки касро заҳраи он набошад, ки аз даст бидиҳанд, то фарри молро набарад ва агар маълум гардад, ки касе дар он фармон ба чашми ҳақорат нигаристаасту андар пеш шудан ба самъи тоат коҳилӣ кардааст, он касро молиши балиғ диҳанд».

Низомулмулк дар ду амал, яъне ду вазифа адои хизмат намудани як фардро раво намебинад. Ба вазифаҳои масъул мардони покдилу шоистаро раво медонад. Мутафаккир дар ко­ри давлатдорӣ иштироки занро намеписандад: «Хоса занон, ки аҳли ситранд (хона)… ва ғараз аз эшон гавҳари насл аст… Ва ҳар гоҳ занони подшоҳ фармондеҳ шаванд, ҳама он фармоянд, ки соҳибғаразон эшонро биёмузанд ва бишунавонанд ва ба раъюлайн чунон, ки мардон аҳволи берун пайваста мебинанд, эшон натавонанд, ки дид…»

Низомулмулк инчунин ба таркиби иҷтимоии ҷомеа диққати зарурӣ додааст. Ҷомеаро аз табақаҳои болоӣ ва поёнӣ иборат медонад. Ба табақаҳои болоӣ подшоҳ вазирон, дабирон; қозию хатибон, надимону муқаррибон ва заминдоронро дохил менамояд. Ба табақаҳои поёнӣ дарбонону посбонон, деҳқонону ғуломон ва зердастонро мансуб медонад. Табақаҳои поёниро асоси ҷомеа ва бавудуҷоварандагони неъматҳои моддӣ медонад.

Низомулмулк ба муносибатҳои байниҳамдигарии давлатҳо низ диққаги зарурӣ медиҳад. Дар ин ҷода нақши расулро (сафир)-ро қадр менамояд. Бояд расулон хуб пазируфта шаванд, чунки онҳо шахсоне мебошанд, ки тартиби муносибатҳои байни давлатҳо аз фаъолияти онҳо вобастаанд.

Мутафаккир ба гуногунии (этникӣ, ҳудудӣ ва ғ.) лашкар диққати асосӣ медиҳад. Ин аз ҳар ҷиҳат қобили таваҷҷуҳ аст. Гуногунии лашкар имконияти ҳар гуна исёну ошубҳоро бар зидди сарони давлат ба бор оварданаш мумкин аст.

Аз нигоҳи Низомулмулк давлат бояд ду хазина дошта бошад: якум, хазинаи аслӣ, ки фақат дар айёми зарурӣ аз ҷумла, дар вақти ҷанг истифода бурда шавад ва дуюм, хазинаи хард, ки барои пешрафти давлат ва рӯзгори мардум истифода мешавад. Ободӣ ва роҳати мардум аз ободӣ ва пурарзишии хазина вобаста аст.

Низомулмулк динро бо сиёсат пайваста, онро дар хизмати сиёсат гузоштаасг: «Ойинро ба дунё мафурушанд ва ҳамаи корҳо ба қоидаи хеш бозтаранд. Ҳар касро ба андозаи вай бидоранд, то корҳои ойиниву дунявӣ бар низом бошанд ва ҳар чӣ бар ҳияофи ин бувад, подшоҳ рухсат надиҳад ва камобеши корҳо ба тарозуи ақл ва шамшеру сиёсат рост кунад».

Бештар оиди Низомулмулк ->>

Низомулмулк (1017-1092)

Абуҳомид Муҳаммад Ғазолӣ (солҳои 1058-1111). Муҳаммад Ғазолӣ дар ташаккуди илму фарҳанги халқи тоҷик нақши хеле бузург бозидааст. Назари фалсафӣ, иҷтимоӣ ва сиёсии ӯ дар китоби машҳураш «Насиҳат – ул-мулук» гирд оварда шудааст. Ӯ сиёсатро яке аз қисматҳои илми фалсафа медонист.

Ғазолӣ Худоро сабабгори ҳамаи ҳодисаҳо медонад. Аз нигохи ӯ давлатро низ Худо офаридааст. Сарвари давлат, подшоҳ «… сояи ҳайбати худост бар рӯи замин, яъне ки бузург ва баргумоштаи худояст бар халқи хеш». Ӯ бузургтарин хислати подшоҳиро дар одилӣ мебинад. Адл пояи устувории давлат буда, меъёри он танҳо ғамхорӣ нисбат ба раият мебошад.

Ғояҳои инсондӯстии Ғазолӣ баҳри таъмини амният ва осудаҳолии раият хизмати босазоест. Ғазолӣ низ масъалаҳои давлатдориро тобиши ахлоқӣ медиҳад. Сиёсатро воситаи такомули давлагдорӣ, адлу инсоф ва ҳимояи раият меҳисобад.

Саҳми Ғазолӣ дар тамаддуни исломӣ хеле бузург аст. Ӯ исломро аз ҳар гуна омилҳо ва тамоюлҳои хурофотпарастию радикалӣ ва ғайридинӣ ҳифз намудааст. Дар сиёсатфаҳмию кишвардорӣ низ фақат аз нигоҳи ислом назар намудааст. Худо­ро сабабгори ҳамаи ходисаҳо донистааст. Ин нуқта аз ибтидо то интиҳо ҳифз карда шудааст.

Имом Ғазолӣ усули эътикодро тавре баён намудааст, ки аҳамияти барҷастаи методологи дорад ва дар дарки ҷаҳонбинии мугафаккир мақоми муҳим дорад. Чунончӣ, мутафаккир таъкид менамояд, ки : «Бидон эй малик ки ту офаридаӣ ва туро офаридгорест, ки офаридгори ҳама олам аст ва ҳар чӣ дар олам асг ва яке аст, ки уро ҳамбоз (яъне шарик) нест ва ягона аст, ки ӯро ҳамто нест ва ҳамеша буд, ки ҳастии ӯро аввал нест ва ҳамеша бошад, ки будани ӯро охир нест ва ҳастии вай ба худ аст, ки вайро ба ҳеҷ сабаб ниёз (яъне ҳочат) нест ва ҳеҷ чиз аз ӯ бениёз нест, балки буди вай ба худ аст ва буди ҳама чизҳо ба вай аст».

Аз нигохи ӯ подшоҳ мақоми фавқулодда дорад. Одамон ба подшоҳ ки «сояи ҳайбати худост бар рӯи замин» бояд дар итоати бечунучаро бошавд. Шаккокӣ ба подшоҳ ва норозитӣ аз ӯ гомумкин аст. Ба подшоҳон чунин хосиятхоеро мансуб ме­донад, ки онҳоро аз сифатҳои заминӣ ҷудо месозанд.

Яке аз вазифаҳои подшоҳ ҳимояи дин, тартибу ташвиқ ва хизмат ба ислом аст. Подшоҳ нагузорад, ки дар қаламрави вай ба дин касе беҳурматӣ зоҳир намояд ва бар хилофи фармудаҳои ислом амал намояд. Подшоҳро зарур аст, ки ин гуна шаккокон ва ғайриисломиёнро ба ҳузури хеш хонад ва маҷбур созад, ки тавба кунанд ва аз амали зиддидинии худ дасг бикашанд. Подшоҳ ин гуна одамонро ҷазо дода, қодир аст онҳоро аз мулк биронад, покизагии дин ва кишварро ҳимоя намояд.

Подшоҳ вазифадор аст, ки ба ҳамаи ҳодисаҳо ва амалхое, ки дар мулкаш ба вуқуъ меояд назорат намояд. Нагузорад, ки одамонро озор диҳанд, рӯзи бад оранд. Зеро мардум ҳама амалро ба подшоҳ вобаста медонад.

Бештар

Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна. Муҳамад Ғазолӣ

Ғазолӣ дар раванди идораи давлат ба мақоми вазир диққати махсус медиҳад. Вазир сиёсати подшоҳро воқеӣ мегардонад. Вазир бояд хислатҳои донишмандию хирадмандӣ, ростгуӣ, накукориро дошта бошад. Бо маслиҳатҳои худ тавонад подшоҳро аз қабули  қарорҳои нодуруст гардонад. Вазир бояд шахси пир ва варзида бошад. Чуноне, ки мебинем бо вуҷуди бисёр монеъаҳо дар асрҳои XI-XII олимон, шоирон, мутафаккирони забардсти тоҷику форс Муҳаммад Ғазолӣ, Абунасри Утбӣ, Абусайиди Ғардезӣ, Абулфазли Байҳақӣ, Муҳаммад ибни Адан, Саъдӣ Салмон, Собири Тирмизӣ, Унсурӣ, Фаррухӣ, Манучеҳрӣ, Лабибӣ, Маншурӣ, Самарқандӣ, Баҳромӣ, Асъадӣ, Олим Наҷҷор, Амъақи Бухороӣ, Низомул­мулк, Муҳаммад Муизӣ, Низомии Ганҷавӣ, Фахриддин Асъади Гургонӣ, Асади Тусӣ, Авхаддидини Анварӣ, Умари Розӣ, Исмоили Ҷурҷонӣ ва дигарон зиндагӣ ва эҷод намудаанд.

Дар ҳамин давра қасидасароӣ маъмул гашта, эпоси қадимаи халқ, суруда мешуданд. Жанрҳои ғазал, рубоӣ ва достонҳои лирикӣ васеъ паҳн гашта буданд. Адабиёт дар доираи дарбор ва равияӣ озоди адабӣ густариш меёфт.

Умуман, бо вуҷуди пастравии сатҳи зиндагӣ фарҳанги халқи тоҷик анъанаҳои қадимаи хешро идома дода меомад. Туркон на тавонистанд, ки забони тоҷикиро тангу маҳдуд созанд, баръакс забони тоҷикӣ барои онҳо ҳамчун забони давлатӣ хизмат намуда, онҳоро ба суи инсондустӣ ҳидоят менамуд. Маданияти шаҳрсозиву шаҳрнишинии тоҷикон кучиёнро ба роҳи ҳаёти муқимнишинӣ оварда расонид.

Туркони кӯчӣ аз тоҷикон илму адаб, ҳунармандӣ, санъати меъморӣ ва бинокориро низ омухтанд.

Илму фарҳанги тоҷик дар асрҳои XI – XII


Илму адаб дар асрхои XI-XIII/11-13, Абурайхон Мухаммад ибни Ахмади Беруни, Носири Хисрави Кубодиёни, Абуали Хасан ибни Алии Туси, Абухомид Мухаммад Газоли, маълумот, реферат.

ҚаблӣҚарматия
БаъдӣТарзи навиштани Дархост (Заявка)

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед