Ҳамсадоҳои д, т, ҳ дар таркиби баъзе калимаҳо равшан ё тамоман талаффуз намешаванд. Масалан, дар калимаи “баландтар” ҳамсадои д ва дар калимаи “пасттар” ҳамсади т талаффуз намешаванд ва зӯр зада талаффуз кардани онҳо низ шарт нест.
Ҳамсадоҳои талаффузнашавандаро нависед.
1.Ба пирони забун кун дастгирӣ,
Ки дар пирӣ бидонӣ қадри пирӣ.
Носири Хусрав
2.Касе, к-ӯ боварии халқро арзанда мегардад,
Ба ҳар кас дӯстрӯ, ҳар хонаро зебанда мегардад.
Мирзо Турсунзода
3.Агар хоҳӣ накӯхоҳӣ, накӯ бош,
Ҳамеша росткору ростгӯ бош.
Хусрави Деҳлавӣ

















