Индонезия: руй ба суи истиклолият

Индонезия: рӯй ба сӯи истиқлолият.


Хифзи истиклолият

Ҳифзи истиқлолият. Шикасти империализми Ҷопон дар ҷанги дуюми ҷаҳонӣ барои ҳаракати озодихоҳии Индонезия шароити зарурӣ мухайё намуд. Ғосибони ҷопонӣ галаҷазираҳои Индонезияро бо осонӣ дар зери назорати худ нигоҳ дошта натавонистанд. Галандия бошад, алҳол фурсати аз ҷопон ба зери ҳокимияти худ баргардонидани Индонезияро надошт. Голандия баъди ҷанг дар навбати аввал ба ҳалли мушкилоти дохилии худ машғул шуд.

Дар ин шароит 17 августи соли 1945 истиқлолияти давлатии Индонезия эълон карда шуд. Кумита оид ба тайёрии итиқлолият Конститутсияи Индонезияро тасдиқ намуд. Мувофиқи он Индонезия ҷумҳурии яктаркиба эълон карда шуд. Сукарно президенти мамлакат эълон гардид. Замин, об, боигариҳои зеризаминӣ моликияти давлатӣ эълон карда шуданд, давлат ба соҳаҳои муҳимтарини саноат назорат эълон намуд.

Муборизаи халқии Индонезия аз тарафи ҷомеаи тараққихоҳи ҷаҳон дастгирӣ карда шуд. Таҷовузи ҳарбии Англю Голандия ба Индонезия дар СММ мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ин рӯ, Англия моҳи ноябри соли 1946 маҷбур шуд, ки артиши худро аз Индонезия барорад. Голандиҳо низ маҷбур шуданд, ки бо намояндагони Индонезия паси мизи музокирот нишинанд.

Дар маҳаллаи Лингаҷот байни Голандия ва Индонезия созишнома ба имзо расид. Мувофиқи шартҳои созишномаи байни Голандия ва Индонезия басташуда Голандия ҳокимияти Ҷумҳурии Индонезияро дар Ява, Суматра ва Мадура эътироф намуд. Индонезия маҷбур шуд, ки дахлнопазирии ҳуқуқ ва моликияти хориҷиёнро дар индонезия эътироф намояд. Созишномаи Лингаҷот шартҳои вазнин дошта бошад ҳам, ба Ҷумҳурии Индонезия фурсати дамгирӣ медод. Мустамликадорон созишномаи мазкурро ҳамчун роҳ ба сӯй поракунии Индонезия медонистанд.

Онҳо дар Индонезияи Шарқӣ, Каме-мантана, Суматра, ва Мадура давлатчаҳои хурд-хурд ташкил намуданд. Мустамликадорон дар Индонезия шумораи артиши худро афзоиш дода, ба 120 ҳазор нафар расониданд. Дар ихтиёри артиши Голандия ҳавопаймоҳо, танкҳо, ва силоҳи оташфишони мавҷуд буданд. Бо мақсади ташкили бархӯрдҳои нави ҳарбӣ голандиро барои нигоҳдории тартибот ба Индонезия дароранд. Ҳукумати Индонезия ин талаби голандиҳоро қатъиян рад кард. Вазъияти дохилии Индонезия дар натиҷаи мушкилиҳои иқтисодию иҷтимоӣ аз нав тезу тунд шуд. Аз ин ҳолат истифода бурда, артиши Голандия 18 декабри соли 1948 амалиётҳои ҳарбиро дар Индонезия аз нав оғоз намуда, ҳатто пойтахти он- шаҳри Царакатаро ишғол намуд. Ба ин нигоҳ накарда, голандиҳо ба мақсади сиёҳи худ нарасида, ба намояндагони Индонезия аз нав ба сари мизи музокирот нишастанд.

Моҳи августи соли 1949 дар шаҳри Гаага бо иштироки намояндагони Голандия, Ҷумҳурии Индонезия ва давлатҳои лухтакмонанди дар Индонезия ташкилкардаи Голандия Конфронси «Мизи мудаввар» кушода шуд. 2 ноябри ҳамон сол созишномаҳое ба имзо расиданд, ки тавлиди Иёлоти Мутаҳидаи Индонезияро анҷом доданд.соҳибистиқлолии Иёлоти Мутаҳидаи Индонезия қариб ба сифр баробар буд, зеро ба ин давлат шахси голандӣ сарварӣ мекард.

Дар сар то сари мамлакат мубориза бар зидди голандиҳо баҳри истиқлолияти воқеи Индонезия пурзур шуд. Ба ин ҳаракат кули нерӯҳои ҷамъиятию сиёсии миллӣ ҳамроҳ шуданд. Дар натиҷа 17 августи соли 1950 ин мамлакат Ҷумҳурии Индонезия эълон карда шуд.

Баҳри густариши истиқлолият ва рушди демократӣ. Ба ҳукумат авали Ҷумҳурии Индонезия раиси Ҳизби Мамуми Натсир роҳбарӣ кард. Кабинети Натсир сиёсати кабинети Хаттаро давом дод. Он асосан ба ёрии Ғарб ва зиёд кардани андозу афзоиши додани сикказании пули коғазӣ умед мебаст. Ин сиёсат сатҳи зиндагии халқро паст кард ва ҳаракати коргариро рӯ ба боло бурд, махсусан дар Ява ва Суматра.

Ҳама аз сиёсати хориҷии ҳукумати Натсир низ норозӣ буд. Бо ёрии Амрико Голандия баррасии масъалаи ба Индонезия баргардонидани Ирианаи Ғарбиро рад намуд. Ин буд,ки моҳи марти соли 1951 Ҳукумати Натсир ба истисмор рафт.

Ҳукумати Натсирро ҳукумати намояндаи Ҳизби Машума Сукимоно иваз намуд. Ҳукумати мазкур бо ИМА созишнома «Дар бораи таъмини бехатарии ҳамдигарӣ»-ро баст, ки онро парлумон дастгирӣ накард. Бо ҳамин сабаб Ҳукумати Сукимоно моҳи феврали соли 1952 ба истеъфо рафт.

Ҳукумати нав, ки ба он намояндаи ҳизби Миллӣ-Вилоно роҳбарӣ кард, хост, ки юа индонезияи дигаргуниҳои демократӣ ворид созад. Ин ҳукумат қонуни интихоботӣ таҳия кард, фаъолияти намояндагони ҳарбии Голандияро дар Индонезия манъ намуд. Бонки Яваро миллӣ кунонид, назорати давлатиро ба конҳои қурғошим, ки ба Голандия талуқ доштанд, ҷорӣ кард.

Кабинети ҷадид дар масъалаи замин мавқеи мухолифи манфиатҳои кишоварзонро ишғол намуд. Ин мавқеъ дар деҳот ба низоъ тезу тунд сабаб шуд. Аз тобистони соли 1953 сар карда ба ҳукумат намояндаи Ҳизби Миллӣ- Алӣ Састроамиҷой роҳбарӣ кард. Ин ҳукуматмуносибатҳои иттифоқиро бо Голандия барҳам дод. Аз дохилшавии Индонезия ба СЕАТО даст кашид. Бо мамлакатҳои зиёди сотсиалистӣ, аз он ҷумла, бо ИҶШС алоқа барқарор кард. Индонезия яке аз ташаббускорони даъвати Конфронси якуми мамлакатҳои Осиё ва Африкои моҳи апрели соли 1955 дар Бандунг баргузорида мебошад. Сиёсати хориҷии мустақилона обрӯю эътибори Ҷумҳурии Индонезияро дар арсаи байналхалқи зиёд кард.

Даромадҳои иртиҷоии Индонезия, ки ба хориҷа робита доштанд, ба сиёсати мустақилонаи хориҷии Састроамиҷойо сахт муқобилият мекарданд. Низоъ дар ба истеъфои ин кабинет сабаб шуд. Ҳукумати Бурҳониддин Ха-рахапа аз Ҳизби Машума ба сари қудрат омад.

Интихоботи аввалини парлумонӣ Маҷлиси Муассисони Индонезия моҳи сентябри соли 1955 доир гардид. Дар он ҳамон ҳизбҳое ба овозҳои зиёдтари интихобкунандагон соҳиб шуданд, ки тарафдори дигар-гунисозихои демократӣ дар Индонезия буданд.

Демократияи танзимшавандаи сукарно

Демократияи танзимшавандаи сукарно. Дар ин вазъияти ниҳоят мушкили ҷамъиятию сиёси Сукарно консепсияи «Демократияи танзимшаванда»-ро пешниҳод намуд. Моҳияти ин демократия аз он иборат буд, ки ваколатҳои ҳокимияти иҷроия (ҳукумат) ва сардори давлат то ҳадди нихоӣ васеъ карда шаванд. Бо назардошти он, ки консепсияи мазкур бар зидди иртиҷопешагон равона карда шуда буд ва таъсиси ҳукумати ягонагии халқро ба иштироки ҳамаи гурӯҳҳои ватанпарвар дар бар мегирифт, аз ҷониби нерӯҳои чапгарои ҷомеаи Индонезия дастгири ёфт.

Бо мақсади татбиқи консепсияи «Демократияи танзимшаванда» моҳи марти соли 1957 дар мамлакат вазъи фавқулодда эълон карда, баъд ҳукумати беруназпарлумонӣ таъсис дода шуд, ки он бевосита дар назди президент маъсул буд.

Мубориза бар зидди иртиҷо фаъолияти оммаро афзун мекард. Ҳукумат аз дастгирии халқ руҳбаланд шуда, бар зидди исёнгарон бомуввафақият мубориза мебурд. Моҳи май соли 1958 нерӯҳои асосии исёнгарон торумор карда шуданд.

ПРЕЗИДЕНТ Сукарно соли 1959 татбиқи андешаи худро идома дод. Моҳи июл Маҷлиси Муассисонро пароканда кард, чунки он ҳатто як масъала сохти сиёсии Индонезияро барои оянда ҳал карда натавонист. Ӯ ба ивази Кониститутсия амалкунанда Конститутсияи соли 1945-ро аз нав ҷорӣ кард, ки он марказонидани бештари идораи давлат, новобастагии ҳокимияти иҷроия аз ҳокимияти қонунгузорро дар назар дошт. Ба ҳукумати нави Сукарно намояндагони ба ин андеша норозӣ дохил нашуданд. Сукарно 17 августи соли 1959 нутқ эрод кард, ки он «Эъломияи сиёсӣ» ном гирифта, барномаи Ҳукуматро инъикос мекард. Дар Эъломия некуаҳволии халқ, таъмини бехатарирро давлат ва мубориза бар зидди империализм дар ҳамаи самтҳо аз ҷумла вазифаҳои аввалиндараҷаи ҳукумат арзёби шуда буд. Соли 1960 Сукарно ҳайати нави парлумонро таъин кард. Ба ҳизби комунистӣ 30 ҷой ва ба ҳизби хақӣ 44 ҷой дод.        Гуруҳҳои ҳарбию ҷамъиятӣ-артиши иттифоқҳои касаба, созмонҳои кишоварзӣ, занон, ҷавонон ва ғайра низ дар парлумон таъйинӣ ҷой гирифтанд. Ҳизби Машума ва Ҳизби сотсиалистии Ростгаро ба парлумон ваколатнома нагирифтанд. Онҳо дере нагузашта боа мри президент пароканда карда шуданд, зеро гуё ки бо империалистон ва исёнгарон робита доштаанд. Ғайр аз ин, бо роҳбарии президент ҷабҳаи Миллӣ ташкил карда шуд. «Эъломияи сиёси» бо ҳамроҳии 5 принсип барномаи ин ҷабҳа гардид:

Конститутсияи соли 1945, сотсиализми Индонезия, демократияи танзимшаванда ва махсусияти Индонезия.

«Ҳаракати 30 сентябр» соли 1965 дар индонезия овоза паҳн шуд, ки «Шурои генералҳо» ном гурӯҳ нияти сӯиқасд зидди президент, Сукарноро дорад, ва тайёр аст, ки табодулоти давлатӣ ба амал барорад. Ҷавобан ба ин овоза гурӯҳи афсарони ҷавон ки аз ҳайати посбонони президент иборат буданд якчанд генералро ба ин иқдом муттаҳам дониста, дастгир намуданд ва баъди чанде онҳоро парронданд. Ин баромад «Ҳаракати 30 сентябр» ном гирифтааст. Афсарони мазкур эълон доштанд, ки ҳукумат пароканда карда шуда, тамоми ҳокимият ба дасти «Шурои инқилобӣ» Комунистӣ дастгирӣ намуданд.

Артиши зери фармондеҳи гкнерал Сукарто қӯшунҳои камшумори дар ихтиёри «Шурои инқилобӣ»-бударо торумор кард. Бо сабаби он, ки дар ин сӯиқасд роҳбарони Ҳизби комунистӣ ва қисми аз аъзоёни ин ҳизб даст доштанд, дар тӯли якчанд моҳ даҳҳо ҳазор аъзои ҲКИ парронда шуданд. Ҳизби комунистии индонезия расман пароканда карда шуд. Конгресси Халқии Маслиҳатӣ дар мамлакат паҳн шудани идеологияи марксистию лениниро манъ кард.

Дар пахши «Шурои инқилобӣ» ва комунистон генерал Сукарто нақши калон дошт. Аз ин рӯ, нуфкзи сукарто дар мамлакат ниҳоят баланд шуд. Бинобар ҳамин сабаб. Сукарто маҷбур шуд, ки ваколатҳои худро дар ҳокимияти ӣчроия ба генерал Сукарто бидиҳад. Соли 1967 Конгресси индонезия Сукарторо аз вазифаи сардори давлат сабукдӯш кард. Генерал Сукарто иҷрокунандаи вазифаи президентиро ба ӯҳда гирифт. Баъди як сол ӯ ба муҳлати 5 сол президенти Ҷумҳурии Индонезия интихоб шуд.

Конгресси Индонезия дар қонуну қарорҳои худ сиёсати хориҷии Индонезияро ҳамчун кишвари «Соҳибистиқлол ва фаъолона бар зидди империализм ва мустамликадорӣ дар ҳамаи шаклу зуҳуроташон, ки иштирок дар муқарар намудани тартиботро дар назар доштанд ва ба истиқлолият, сулҳ ва адолат асосёфта» қаламдод кардааст.

Вале тағйироти сиёсии дохили, ки дар индонезия соли 1965 ва баъди он ба амал омаданд, бегуфтугӯ ба вобастагии иқтисодиаш ба мамлакатҳои бузурги Ғарб ва интихоби роҳи сиёсати хориҷии Индонезия таъсир расонидаанд.

Аз нав барқарор кардани узвияти Ҷумҳурии Индонезия дар Созмони Милали Мутаҳид (узвияти Индонезия дар СММ дар рафти аз нав тобеи Голандия шудани он канда шуда буд) ва муътадил гардонидани муносибатҳои Индонезия бо Малайзия ва Сингапур (Сингапур аз ҳайати Малайзия ҷудо шуда буд) аз муваффақиятҳои ҳукумати Сукарно мебошанд. Ҳамкорӣ бо ин давлатҳо ба Индонезия имконият, дод, ки аз мамлакатҳои Ғарб ёрии иқтисодӣ бигирад. Гап дар бораи он меравад, ки моҳи августи соли 1963 собиқ мустамликаҳои Британияи Кабир –Малай, Сингапур, Сабах, Саврвак ва Бруней, ки бо Индонезия ҳамҳудуд буданд, дар федератсияи Малайзия мутаҳид шуданд.

Ин федератсия дар зери таъсири Британияи Кабир буда, нисбати Индонезия сиёсати душманона мебурд.

Аз ин ру, он вақт ҳукумати Сукарно торумор кардани Федератсияи Малайзияро ба миён гузошт. Бо сабаби он, ки Малайзия узви ғайридоимии Шӯрои Амнияти СММ интихоб гардид.


  • Индонезия: Исторический очерк II Индонезия –справочник. М:Мысл 1982.
  • История стран Азии и Африки в новы время Ц.Б учебники, -м., Изд-во МГУ, 1991
ҚаблӣМуборизаи мардуми Индонезия барои озоди истиқлолият дар асрҳои XX
БаъдӣИнфлятсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (реферат, кори курси)