Инкишофи илму адаб (дар давраи Темуриён)

Инкишофи илму адаб (дар давраи Темуриён) аз сомонаи www.DONISHJU.net барои шумо >>

Дар давраи хукмронии Темур ва ворисони ӯ илму фарҳанги Хуросону Мовароуннаҳр инкишоф ёфт.

Дар Ҳироти онвақта адабиёти бадеӣ ва санъати тасвирӣ хеле равнақ пайдо карда буд. Писари Шоҳрух шоҳзода Бойсунқар китобхонаи бузурге сохт ва бисёр хаттотони номӣ, котибҳо, саҳҳофон. мусаввирон, мутахассисони зиёди соҳаи адабиётро дар Ҳирот ҷамъ оварда буд. Ӯ дар баробари китобати матнҳои қадима ва нодири китобҳо корҳои матншиносиро низ ба роҳ монда буд. Иқдоми муҳими Бойсунқар ин таҳияи матни «Шохнома»-и Фирдавсӣ буд. Бар замми ин, ба матни «Шохнома»-и безаволи Фирдавсӣ мукдддимаи мукаммале низ навишта шуда буд. Ин нусхаи «Шохнома» то замони мо омада расидааст ва дар китобхонаи Теҳрон махфӯз аст. Яке аз мута­факкирони барҷастаи ин давра Улуғбек буд. Ӯ  ба илмҳои дунявӣ рағбати зиёде дошт.

Саргарми илмҳои дунявӣ гардидани Улуғбек зиддияти байни ӯ ва аҳли таассубро боз ҳам тезу тунд намуд. Аввалин мураббии Улуғбек дар овони кӯдакиаш қиссагӯ, шоир ва до- нишманди маъруф шайх Орифи Озарӣ буд. Баъдтар Улуғбек устодоии дигар низ пайдо кард, ки аз байни онҳо, махсусан Қозизодаи Румӣ ва Ғиёсиддин шуҳрати зиёде доштанд. Қозизодаи Румиро «Афлотуни замони худ» меномиданд. Улуғбек аз адабиёт пурра воқиф буд ва забонҳои туркию тоҷикию арабиро ба хубӣ медонист ва худ ба туркиву тоҷикӣ шеър ҳам менавишт. Ӯ илми мусиқиро омухта, дар ин соҳа панд рисола таълиф намудааст. Улуғбек дар баҳсу мунозираҳои илмӣ иштирок намуда, ҳозиронро бо зеҳни фавқулодда ва дониши амиқи худ дар ҳайрат мегузошт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Бо вуҷуди он, ки ӯ қариб дар ҳамаи соҳаҳои илму фан маълумоти мукаммалеро соҳиб гардида буд, лекин аз ҳама бештар риёзиёт ва алалхусус илми нуҷумро дӯст медошт ва ак­сари вақти худро дар ин рох сарф менамуд. Улуғбек тавонист, ки дар андак муддат маъруфтарин мунаҷҷимон ва риёзидонони он замонро дар Самарқанд ҷамъ намояд ва расадхонаи бо асбобҳои мукаммал тадхизонидашударо ба вуҷуд оварад. Самараи асосии кори ин расадхона, ки худи Улуғбек бевосита ширкат варзида буд ин ихтироъи ҷадвали нави нуҷумӣ мебошад ва он муқаддимаи муфассали назариявист, ки барои ин ҷадвал навишта шудааст.

Бо фармони Улуғбек дар Самарқанд, Бухоро, Кашрӯд ва Ғиждувон бисёр биноҳои бузургу мӯҳташам сохта шудаанд, ки мадрасаи машхури Регистони Самарқанд аз ҷумлаи ҳамин биноҳост.

Дар тазкираҳои он замон, аз ҷумла дар ёддоштҳои Зайниддин Восифӣ бисёр шоирони аз байни косибон, бозургонон ва амалдорони хурд баромада зикр ёфтаанд. Албатта, як қисмати хеле ками онҳо шоири касбӣ буданд. Аксарашон нисбат ба ада­биёт ва шеъру шоирӣ дилбастагӣ дошта, ваҷтҳои фароғатии худро ба шеърхонӣ ва шеъргуӣ мебахшиданд. Акнун шоирон, навозандагон ва базлагӯён на фақат дар боргоҳи аъёну ашроф ҷамъ меомаданд, балки дар дӯконҳои китобфурушӣ, дар коргоҳи косибон ва дар майдону бозорҳо низ баҳсу мунозираҳои адабӣ, маҷлиси шеърхонӣ ва ҳунари меоростанд. Ин гуна маҳфилҳои адабӣ ва ҳунарӣ дар шаҳрҳои Ҳирот, Самарқанд ва бисёр шаҳрҳои дигар сурат мегирифтанд.

Ақида ва мафкураи табақаҳои миёнаи шаҳрнишинон дар адабиёти бадеии он замон инъикос ефтааст. Ҳатто махсус «назми доираи ҳунармандон» ба вучуд омада буд, ки мундариҷаи асосии онро зисту зиндагии косибон ташкил мекард.

Дар давраи Темур ва темуриён илму адаб, бахусус таърихнигорӣ ва адабиёти бадеӣ ривоҷу равнақ ёфта буд.

Яке аз олимони маъруфи замони Темур, ки борҳо дар мубоҳисаҳои илмии дарборӣ ширкат намудааст Саъдуддин Масъуд ибни Умари Тафтозонӣ (солҳои 1332-1389) мебошад. Саъдуддин Тафтозонӣ то охири умри худ дар Ғиждувон, Ҷом, Хоразм, Туркистон, Самарқанд, Ҳирот  Сарахс ба дарсгӯӣ машғул шуда, доир ба сарфу наҳв, фиқҳ ва илми баён рисолаҳои зиёде таълиф намудааст, ки ҳануз аз вақти дар қайди ҳаёт будани ӯ ба қатори китобҳои дарсӣ дохил гардидаанд. Таърихнигорӣ низ инкишоф ёфта буд.

Муаррихи барчастаи он давр Аҳмад ибни Муҳаммад ибни Арабшоҳ (солҳои 1392-1450) дар Димишқ таваллуд ёфта, аз синни хаштсолагӣ дар Самарқанд иқомат намудааст. Асари асосии ӯ «Аҷоиб-ул-макдур фи навоиби Темур» ном китобест, ки дар он хусусиятҳои манфии Темур ниҳоятдараҷа сахт ва нисбат ба он замон хеле ҷасурона мазаммат карда мешавад.

Дигар аз муаррихони маъруф Низомиддини Шомӣ соли 1404 бо унвони «Зафарномаи Темурӣ» китобе навишт. Шарофиддин Алии Яздӣ (ваф.соли 1454) дар соли 1425 бо номи «Зафарнома» асари машҳури худро таълиф намуд, ки он ҳам ба аҳди Темур бахшида шудааст.

Дар асри XIV адабиёти бадеӣ низ инкишоф ёфта, адибони барҷастае ба вучуд омаданд, ки дар байни онҳо классикони машҳури назми форсу тоҷик Шамсиддин Муҳаммад Ҳофизи Шерозӣ (ваф.соли 1389) ва Камоли Хуҷандӣ (ваф.соли 1400) мавқеи бузургеро ишғол мекунанд. Дар асарҳои онҳо бештар ғояҳои тараққихоҳона инъикос ёфтааст.


Ҳофизи Шерозӣ

Ҳофиз дар айёми кудакӣ хеле барвақт аз падар ятим монд. Модараш, ки имконияти хонондани фарзандашро надошт, ӯро ба тарбияти шахсе гузошт. Пекин Ҳофиз ба зудӣ хонаводаи ин шахсро тарк намуда, ба нонвое шогирд шуд. Чанд гоҳ дар Мадраса ҳам таҳсил карда, як қадар маълумот ба даст овард. Баъдҳо вай зиндагии дарвешона ба cap бурда, муттасил ба азхуд намудани дониш машғул гардид ва дере нагузашта, ҳамчун шоир шуҳрат пайдо кард.

Шеърҳои Хофиз ҳанӯз дар айёми дар қайди ҳаёт буданаш дар байни оммаи халқ хеле паҳн шуда, тадриҷан як қисмати онҳо ба фолклор низ дохил гардидаанд. Дар тамоми олам Хофизи Шерозӣ аз маҳбубтарин шоирон ба шумор меравад ва мардум ашъори дилнавози ӯро бо шавқу завқи бепоён мехонанд. Нақши Хофиз дар таърихи адабиёти форсу тоҷик бағоят бузург аст. Вай шоирест, ки навъи лирика, яъне ғазалро ба дараҷаи олии такомул расонида, ба он мазмунҳои тоза ворид намудааст. Ба газалиёти Ҳофиз дар баробари мавзуҳои ишқӣ, зебоию зебопарастӣ, фикру андешаҳои ирфонӣ ҷиҳати эътироз нисбат ба беадолатиҳои иҷтимоӣ низ хос мебошад. Хофиз дар шароити асри миёна барои шаъну шараф ва қадру қимати инсон суботкорона мубориза мебурд. Вобаста ба замона ӯ аксар вақт ҳамаи он чизеро, ки дар тафаккури ӯ пайдо мешуд изҳор карда наметавонист. Шоир, ки бо шароит ва муҳити тираи давр муросо намекард, ғолибан ба худ ниқоби риндӣ кашиданро афзалтар медонист. Бо вуҷуди ин, мазмуни асосии назми Ҳофизро ҳисси норозигӣ нисбат ба беинсофиҳои иҷтимоии замона ташкил мекард.

Шеърҳои ошиқонаи Ҳофиз эҳсоси баланд ва шавқу рағбати бепоёни одамиро иброз намуда, дурӯғу риёро мазаммат ва писандидатарин хислатҳои инсониро талқин мекунанд. Ба тарики намуна ин ғазали Ҳофизро, ки пур аз маънию кинояҳои ҳадафзан мебошад меоварем:

Maн на oн риндам, ки тарки шоҳиду соғар кунам,
Муҳтасиб донад, ки ман ин корҳо камтар кунам..
Maн, ки имрӯзам биҳишти нақд ҳосил мешавад,
Ваъдаи фардои зоҳидро чаро бовар кунам?!
Шеваи риндӣ на лоиқ буд васфамро, вале
Чун дарафтодам, чаро андешаи дигар кунам?!

Муосирони Ҳофиз мазмуни тасаввуфии ашъорашро ба на­зар гирифта, ӯро ҳанӯз дар вақти зиндагиаш «Лисон-ул-ғайб» номида буданд.

Мутафаккири бузурги немис Гёте заковатманд ба Ҳофиз баҳои баланд дода буд. Ӯ дар «Девони ғарбию шарқӣ»-и худ китоби махсуси шеърҳояшро бо унвони «Ҳофизнома» ба шоири бузурги форсу тоҷик бахшид. Маҷозу кинояҳо дар ашъори Ҳофиз барои ифодаи ғояҳои инсондӯстии ин шоири бузургу нотакрор хизмат менамояд.


Камоли Хуҷандӣ

Камоли Хуҷандӣ айёми кудакии худро дар Хуҷанд гузаронидааст. Ӯ дар Самарқанд таҳсил намуда, сипас ба Табрез меравад ва дар дарборӣ ҳокими он ҷо қарор мегирад. Вакте ки хони Олтин Ӯрда Тӯхтамишхон Табрезро забт намуд Камол ба асирӣ афтода, ба Сарой (пойтахти Олтин Ӯрда) бурда шуд. Ӯ пас аз чанд соли маҳбусӣ ба Табрез баргашта, тахминан дар соли 1400 дар он ҷо вафот кард.

камоли хучанди

Камоли Хуҷандӣ низ яке аз барҷастатарин устодони назм маҳсуб мешавад. Ғазалҳои ӯ хеле равон ва хушоҳанг буда, баъзе аз онҳо бо мавзӯъ ва мазмуни худ ғазалҳои Хофизро (Камол бо вай робитаи дустӣ доштааст) ба хотир меоранд. Ғазали зерин ғаму ҳасрати шоирро дар ёди ватан хеле хуб ифода намуда, бо як силсила ғазалҳои халқии тоҷик, ки ҳамчун шеърҳои «ғарибӣ» маъруфанд пайваст мешавад:

Дил муқими кӯи ҷонон асту ман ин ҷо ғариб,
Чун кунад бечораи мискинтан танҳо ғариб,
Орзуманди диёри хешаму ёрони хеш,
Дар ҷаҳон то чанд гардам бесару бепо ғариб?!
Чун ту дар ғурбат наафтодӣ, чӣ донӣ ҳоли мо?
Меҳнати ғурбат надонад ҳеҷ кас илло ғариб.

   Дигар аз шоирони тоҷикӣ он замон Носири Бухороист (ваф.соли 1378), ки аз ҷиҳати услуб ва мазмуни эҷодиёти худ ба Ҳофиз ва Камол наздикӣ дорад.

Дар ашъори бузургтарин шоирони асри XIV кайфияти эътирозомези халқ ба таври равшан ифода ёфтааст.

Аз ин рӯ, ин ғазалҳо дар байни халқӣ тоҷик хеле шуҳрат пайдо карда буданд.

Илму адаб махсусан дар аҳди салтанати Улуғбек ривоҷу равнақи тоза пайдо карда буд. Ӯ тавонист, ки барҷастатарин намояндагони афкори илму адаб ва ҳандасаи замонро дар Самарқанд чамъ намояд. Дар соли 1428 Улуғбек сохтмони бинои расадхонаи бузургеро ба итмом расонид ва онро бо асбобу олоти мукаммал таъмин намуд. Ин расадхона дар инкишофи илми нуҷуми он давра ва оянда нақши бағоят муҳиме бозид. Дар ин расадхона нахустин бор вазъи як қатор-ситораҳо муқаррар карда шуда, тавассути он дар соли 1437 ҷадвалҳои нуҷумие, ки минбаъд ахамияти умумиҷаҳонӣ касб намудаанд тapтиб дода шудаанд. Ин ҷадвалҳо ба забони тоҷикӣ тартиб дода шуда, баъдтар ба забони арабӣ тарҷума гардидаанд. Дар онҳо вазъи беш аз ҳазор ситораи ба чашм аён ва мавқеи тақрибан ҳамаи шаҳрҳои Шарқи исломӣ нишон дода шуда буд.

Ҷадвалҳои нуҷумии Улуғбек чӣ дар Шарқ ва чӣ дар Ғарб дар зарфи чандин асрҳо ҳамчун китоби дарсӣ хидмат намуда­аст. Аҳамияти ин ҷадвалҳо боз дар он аст, ки онҳо барои омухтани вазъи илми нуҷум дар миёнаҳои асри XV манбаи пурқимате мебошанд. Улуғбек на фақат ба инкишофи илму фан, балки дар айни замон ба пешрафти адабиёт ва санъат низ ахамияти махсус медод.

Дар давраи хукмронии ӯ Самарқанду Ҳирот марказҳои бу­зурги маданияти Шарқ гардида буданд. Ҳирот, ки ханӯз аз

за­мони Шоҳрух ба пешравӣ оғоз карда буд, дар нимаи дуюми ас­ри XV дар айёми хукмронии Султон Ҳусайн Бойқаро (солҳои 1469-1506) ба калонтарин маркази илму фарҳанг табдил ёфта буд. Аз тамоми гушаву канорҳои Мовароуннаҳр ва Эрон ходимони илму санъат ба Ҳирот ҷамъ омадан гирифтанд. Аз ин ру, дар Ҳирот илми тиб, хукуқ ахлоқ адабиёт ва санъат хеле ин­кишоф ёфта буд.


Абдураҳмони Ҷомӣ

Бузургтарин намояндаи адабиёти ин давра шоир ва донишманди маъруфи тоҷик Нуриддин Абдураҳмони Ҷомӣ (солҳои 1414-1492) буд. Чомӣ дар деҳаи (ом наздикии Нишопур таваллуд ёфта, таҳсили худро дар Ҳирот ба анҷом расонидааст ва фаъолияти илмию адабиашро асосан дар ҳамин ҷо идома бахшидааст. Ҷомӣ шеър ва қофия, сарфу наҳв, мантиқ ҳикмати Шарқу Юнон, табииёт, риёзиёт ва илми ҳайъатро омухта, баландтарин дараҷаи дониши замонаро азхуд карда будааст. «Бахористон» ном асари ӯ, ки дар равияӣ «Гулистон»-и Саъдӣ таълиф ёфтааст аз беҳтарин намунаҳои насри асри XV-и тоҷик маҳсуб мешавад. Ҷомӣ дар асарҳои худ тамоми навъҳои адабиро моҳирона такмил дод ва бо ҳамин ба ташаккули минбаъдаи адабиёти тоҷик таъсири хосае расонид.

Абдураҳмони Ҷомӣ дар тамоми таърихи адабиёти асри миёнаи тоҷик аз сермаҳсултарин шоирон маҳсуб мешавад. Муаллифи тазкираи «Миръот-ул-хаёл» Шерхони Лӯдӣ дар бораи ин бузургвор чунин навиштааст: «Ҷомӣ наваду нуҳ китоб тасниф намуд, ки ҳамаи онҳо дар Эрон, Турон ва Ҳиндустон назди аҳди дониш мақбул афтод ва ҳеҷ кас ангушти эътироз бар ину он натавонист ниход».

Аз асоситарин асарҳои манзуми Ҷомӣ «Ҳафт авранг» ме­бошад, ки аз ҳафт достони бузурги мисли достонҳои «Хамса»-и машҳури Низомӣ фароҳам омадааст. Дар бештарини асарҳои ӯ ғояҳои инсонпарварӣ тараннум гардида, истибдоди ашрофи ҳукмрон танқид ва мазаммат карда мешавад.

Ҷомӣ дар «Хирадномаи Искандарӣ» ном достонаш кишвари хаёлисро тасвир намудааст, ки сокинони он ҳама баробар зиндагӣ карда, дар байни онҳо аз дорову нодор ва аз золиму мазлум асаре дида намешавад.


Мир Алишери Навоӣ

Дар давраи салтанати темуриён дар зери таъсири адабиёти тоҷик адабиёти бадеии ӯзбекзабонон пайдо шуда, ташаккул ёфт. Фаъолияти сардафтари адабиёти ӯзбек Мир Алишери Навоӣ (солҳои 1441-1501) маҳз ба ҳамин давра тааллуқ дорад.

Мир Алишери Навоӣ соли 1441 дар хонадони шахси бомаърифате ба дунё омадааст. Ӯ аз хурдсолӣ нисбат ба шеър майлу рағбат пайдо карда, аз синни понздаҳсолагӣ ҳамчун шо­ир шуҳрат пайдо мекунад.

Пас аз ба тахти Ҳирот нишастаии Султон Хусайни Бойқаро (соли 1469) Навоӣ мақоми ходими давлатиро соҳиб гардид. Ӯ қариб тамоми умри худро дар Ҳирот гузаронидааст.

Дар ташаккули ҷаҳонбинии Навоӣ муносибати дӯстона ва алоқаи эҷодӣ бо устоди бузургвораш Абдураҳмони Ҷомӣ нақши бузург бозидааст. Навоӣ худро шогирди вафодори Ҷомӣ меҳисобад. Дар солҳои 1483 -1485 Алишер Навоӣ ба забони узбекӣ «Хамса»-и худро эҷод намуд, ки мисли «Ҳафт авранг»-и Ҷомӣ дорои мақоми хоса аст.

Вақте, ки соли 1492 Абдураҳмони Ҷомӣ вафот кард Навоӣ ва дӯстонаш як сол азодорӣ карданд. Навоӣ барои абадӣ гapдонидани хотираи дӯст ва устоди бузургвораш «Хамсат-ул-мутаҳайирин» ном асаре навишта, яке аз таълифотҳои Ҷомиро ба ӯзбекии қадим тарҷума намуд.

Дӯстии Алишер Навоӣ ва Абдураҳмони Ҷомӣ нимсоли дурахшони дӯстии ду халқӣ бародар – ӯзбекон ва тоҷикон аст.

Алишери Навоӣ яке аз бузургтарин шоирони асримиёнагии Шарқ олим ва мутафаккири забардаст, мусиқидон на наққоши моҳир, инчунин арбоби намоёни давлатӣ маҳсуб мешавад. Истеъдоди гуногунҷанбааш ӯро ба ёдгори робитаҳои ҷаҳон мегузорад. Офаридаҳои ӯ кайҳост, ки дастраси тамоми инсоният гардидаанд. Нақши онҳо махсусан дар инкишофи адабиёти туркзабон бағоят калон аст.

Дар он давра оид ба қофия, вазн, мувашшаҳ муаммо ва ғайра асарҳои зиёде эҷод карда шуда буданд. Масалан, Абдураҳмони Ҷомӣ бо унвони «Муаммои сагир» ва «Муаммои кабир», «Рисолаи қофия», Камолиддин Ҳусайнӣ бо номи «Рисола филмуаммо», Сайфӣ бо номи «Арӯз» асарҳо таълиф наму­даанд.

Дар соли 1486 яке аз мутафаккирони барҷастаи дарборӣ Султон Ҳусайн Бойқаро Давлатшоҳи Самарқандӣ, ки аксар вақт аз сӯҳбатҳои Ҷомӣ ва Навоӣ баҳраманд мегардид, асари машҳури худ «Тазкират-уш-шуаро»-ро навишт. Ин асар дар бораи беш аз сад нафар шоирони он давра маълумот медиҳад:

Дар миёнаҳои асри XV санъати мусиқӣ ва рақс хеле ривоҷ ёфта буд. Дар ин давра на фақат мусиқичиён, балки бастакорони хубе ба камол расида буданд.

Пешрафти санъати мусиқӣ то дараҷае расида буд, ки дар ин соҳа асарҳои зиёди назариявӣ ба вуҷуд омада буданд. Яке аз ин қабил асарҳо «Рисолаи мусиқӣ»-и Абдураҳмони Ҷомӣ аст, ки барои омӯзиши санъати мусиқии асри XV аз муҳимтарин сарчашмаҳо маҳсуб мешавад.

Дар ин давра инчунин оид ба илми ахлоқ бисёр асарҳо таълиф шудааид. Ҷалолиддини Давонӣ (солҳои 1426-1502) соли 1467 бо номи «Ахлоқи Ҷалолӣ» китобе навишт. Дар соли 1494 Ҳусайн Воизи Кошифӣ дар масъалаи ахлоқ ва тарбия «Ахлоқи Муҳсинӣ»-ро офарид, ки аз чил боб иборат буда, ба шоҳзода Муҳсин бахшида шудааст. Ғайр аз ин, ӯ китоби машҳури «Ка­лила ва Димна»-ро бо номи «Анвори Сухайлӣ» аз нав таҳрир намуд.

Комёбиҳои соҳаи таърихнигорӣ низ дар ин давра кам набуданд. Яке аз асарҳои муҳими таърихи «Зубдат-ут-таворих»-и Ҳофиз Абру (ваф. с.1430) мебошад, ки нақли вокеаҳои таърихиро то соли 1427 оварда расонидааст. Абдураззоқи Самарқандӣ, ки давомдиҳандаи корҳои вай буд бо унвони «Матлаъ-ус-саъдайн ва маҷмаъ-ул-баҳрайн» китобе таълиф на­муда буд, ки воқеаҳои муҳимтарини таърихии байни солҳои 1304 ва 1469-ро дар бар мегирад.

Муинниддин Муҳаммади Исфизорӣ дар соли 1491 бо номи «Равзат-ул-ҷаннот фи авсофи мадинат-ул Ҳирот» асаре навишт, ки дар он таърихи шаҳри Ҳирот ва таърихи тамоми вилоятҳои давлати Султон Ҳусайнро баён намудааст.

Муҳимтарин асари таърихии давраи темуриён китоби «Равзат-ус-сафо» мебошад. Муаллифи ин китоб Муҳаммад ибни Ховандиюх (ваф.соли 1498) мебошад, ки дар таърих бо номи Мирхонд шуҳрат пайдо кардааст. Ӯ аслан аз вилояти Балх бу­да, давраи минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти худро дар Ҳирот гузаронидааст. Мирхонд яке аз иштироккунандагони фаъоли ҳаёти мадании Ҳирот ва аз ҳамкорони наздики Ҷомӣ ва Навоӣ ба шумор мерафт. «Равзат-ус-сафо» иборат аз ҳафт ҷилд буда, таърихи мамлакатҳои исломӣ, аз ҷумла Эрон, Осиёи Миёна, хусусан давраи темуриёнро то охирҳои салтанати Султон Ҳусайн Бойқаро дар бар мегирад. Охири ин китоб яъне ҷилди ҳафтуми он, ки нотамом монда буд аз тарафи бародарзодаи муаллиф Хондамир ба итмом расонида шудааст. Ҳамин тавр, дар асрҳои XIV-XV илму адаби тоҷик густариш меёфт.

Таърихи сиёсӣ (дар давраи Темуриён)

ҚаблӣСанъати наккоши ва минётури (дар давраи Темуриён)
БаъдӣХофизи Шерози