Инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатдои истеҳсолии ҷомеа – маҳаки асосии мақсади тарбия

Ҳамеша рӯ ба беҳбудиҳо овардан мақсади қонунии инсоният аст. Бидуни чунин қонуни иҷтимоӣ инкишофи ҷомеа ва фард ғайриимкон аст. Албатта, аз олоти оддии зиндагӣ ба мошинолот гузаштан ба кор сабукӣ меорад ва маҳсулотро хушсифату афзун мегардонад: аз ҷуфти гов дида бо трактор замин рондан, аз дос дида бо комбайн дарав кардани ҳосил, аз сӯзан дида бо мошинаи дарздӯз, аз автобус дида бо ҳавопаймо сафар кардан бартариҳо дорад. Ҳамаи ин мошинолот – техника қувваҳои истеҳсолот, ашхоси бо ин олоти механикӣ муносибаткунанда, яъне донанда ва идоракунандаи онҳо муносибатҳои истеҳсолӣ номида мешаванд, ки онҳо сарчашмаи мақсади тарбия ба шумор мераванд.

Аз ин рӯ, мақсад ва вазифаҳои тарбия на бо хоҳиши ягон кас ё синфи идоракунандаи давлат, балки дар ҳар давру замон тибқи талаботи инкишофи қувваҳои истеҳсолӣ ва муносибатҳои истеҳсолӣ cap мезанад. Баробари такомулот ва табдили қувваҳои истеҳсолӣ муносибати тарбия ҳам, албатта, тағйир меёбад. Барои аз қувваҳои истеҳсолӣ самарабахш истифода бурдан зарурати тайёр кардани ихтисосмандон ба миён меояд, ки инро мақсад гӯянд – мақсади тарбия.

Бахусус, максади тарбия ин натиҷаи пешакӣ муайян кардани ният ва муддаои фаъолияти ба ҳаёт тайёр кар­дани насли наврас, инкишоф ва ташаккул додани шахсияти онҳо тавассути раванди корҳои таълим ва тарбиявӣ мебошад. Ба мақсади тарбия: мазмун, ташкилкунӣ, шакл ва методҳои тарбия вобастагии ногусастанӣ дорад. Аз ин лиҳоз мақсади тарбия дар педагогика масъалаи муҳим ба шумор ме­равад. Мушаххас ва возеҳ муайян кардани мақсад ва вазифаҳои тарбия аҳамияти калони назарӣ ва амалӣ дорад. Оид ба ин масъала ду қоидаи муҳимро нишон медиҳем. Аввало, пурра донистани мақсади тарбия ба муаллим ва мураббӣ имконият медиҳад, ки вай бояд чӣ гуна инсонро ташаккул диҳад, донад ва табиист, ки андешамандона ӯро пешаи зарурие омӯзонад. Дигар ин, ки мақсад, ҳамчун қоида, амалиёт ва хусусияти инсонро му­айян мекунад. Аз ин нуқтаи назар мақсад ва вазифаҳои тарбия бевосита ба мазмун ва методикаи муайяни кори тарбиявӣ дахолат дорад, чунки методика бо он мақсадҳое, ки дар назди мак­таб гузошта шудаанд, зич алоқаманд аст.

Ҳамин тавр, байни мақсади тарбия ва мазмуни он ва методҳо ягонагии ногусастанӣ мавҷуд аст. Ин ягонагӣ ҳамчун қонунияти педагогика сурат мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Мақсади тарбия умумӣ ва фардӣ мешавад. Мақсади умумӣ аз талаботи пешрафту инкишофи ҷомеа ба таври умум зоҳир мегардад ва мақсади фардӣ бошад, ба майлу қобилият ва истеъдоди ашхоси алоҳида вобаста аст.

Дар педагогика мақсади умумии тарбия аз давраҳои пеш кор карда шудааст. Ҳамчунин дар тамоми давраҳои инкишофи сохти ҷамъият мақсади тарбия аз талаботи иҷтимоӣ – иқтисодии ҷамъияти ва сиёсии синфи ҳукмрон муайян карда мешуд. Вале мақсади тарбия майли ҷараёни хоси худро дорад, онро монопо­лия кардан ба сиёсат ва идеологияе пайвастан мумкин нест. Яке аз сабабҳои шикаст хурдани системаи тарбияи собиқ Иттиҳоди Шуравӣ ва мамолики Аврупои Шарқӣ монополия кардан, ба сиё­сат ва идеология пайвастани тарбия буд. Барои ҳамин ҳам вақтҳои охир дар педагогикаи ҷаҳонӣ ғояи ба сиёсат ва идеоло­гия новобаста будани тарбия, аз қонуни ҳаётии умумиинсонӣ мувофиқи талабот ва ҳуқуқ ба миён омадани мақсади тарбия ва ба озодӣ баровардани он устувор мегардад.

Мақсади тарбия дар як меъёр намемонанд, зеро вай ҳаракаткунанда, дигаршаванда аст, ки ин хусусиятҳои мушаххаси таърихи дорад.

Таърих панҷ форматсияи ҷамъияти – иқтисодиро дорад, ки ҳар яке аз онҳо навъҳои гуногуни муносибатҳои истеҳсолии бай­ни одамонро дошт: ибтидоӣ, ғуломдорӣ, феодалӣ, капиталистӣ, баъдикапиталистӣ.

Дар ҷамъияти ибтидоӣ мақсади тарбия – мусаллаҳ гардондани одамон бо таҷрибаҳои зиндамонӣ, яъне бо дониш ва маҳорати зарури сохти зиндагии ҳамарӯзаро таъмин кардан буд. Тарбия бошад, характери умумӣ, тақлидӣ ва амалӣ дошта, дар раванди меҳнат бо ҳамроҳии калонсолон амалӣ мегардад. Дар ин давр муассисаҳои махсуси тарбиявӣ набуд.

Дар сохти иҷтимоии ғуломдорӣ мақсади тарбия — ба ҳайси ҳукмрон тайёр кардани бачаҳои ғуломдорон буд. Онҳо дар муассисаҳои махсуси тарбиявӣ санъат ва илм меомӯхтанд. Бачаҳои ғулом фармонҳои хуҷаинҳоро иҷро мекарданд, машғулияти асосиашон меҳнат буд. Дар ҳамин форматсияи иҷтимоӣ тарбияи ақлӣ аз тарбияи ҷисмонӣ ҷудо шуд.

Дар ҷамъияти феодалӣ мақсади тарбия — тарбияи сипоҳӣ (ритсарӣ), барои деҳқонбачаҳо – меҳнат кардан иборат буд.

Дар сохти капиталистӣ мақсади тарбия – ин идора карда­ни қувваҳои истеҳсолот аст. Буржуазия барои фарзандони худ тарбияи имтиёзнок медод, то ки давлатро идора карда тавонанд. Барои фарзандони коргару деҳқон мактабҳои ибтидоӣ насиб буд.

Бо ивазшавии капитализми пештара сохти капитализми инкишофёфта – баъдикапиталистӣ (иқтисоди демократӣ ва ғайра) ба миён омад. Ин сохти иҷтимоӣ хусусияти сатҳи баланди инкишофи муносибатҳои истеҳсолӣ дорад. Мақсади тарбияро ба истеҳсолот мепайвандад.

Мақсади тарбия дар мактаби муосир – инкишофи мутаносиби ҳамаҷонибаи шахсият мебошад. Тасвияти онро мо дар осори файласуфон ва педагогҳои гуманисти давраи Таҷаддуд Ф. Рабле, М. Монтень; сутсиёлистони хаёлӣ Т. Мор, Т. Компанелла, Р. Оуэн, Сен – Симон, Ш. Фурте (вобастакунии тарбияро бо меҳнат); маърифатпарварони асри XVIII франсуз К. Гелветсий, Д. Дидро (такомулоти аҳлӣ ва ахлоқӣ); инқилобчиён-демократҳои рус А. И. Герцен, В.Г., Белинский ва Н. Г. Чернишевский (инкишофи ҳамаҷониба баъди инқилоб ҳалли худро меёбад) мегуфтанд.

Зиёда аз 70 сол мактаби кишвари мо таҳти ғояҳои файласуф – иқтисодчиёни намоён К. Маркс ва Ф. Энгельс инкишоф ёфт; ин давраро аз таърихи он хат задан мумкин нест. Мақсади тарбия ба ояндаи сохти ҷамъияти коммунистӣ вобаста аст, – гуфтанд онҳо аз қонунҳои иқтисодӣ натиҷа бароварда. Ба гуфти онҳо дар давраи коммунизм, вақте ки фарқияти синфӣ нест кар­да мешавад, вале дар тамоми соҳаҳои техника, истеҳсолоти ҷамъиятӣ имконият ба инкишофи баланд ноил мегардад. Вақте ки фарқи байни мехнати аҳлию ҷисмонӣ бархам хурд, мақсади инкишофи ҳамаҷониба ва мутаносиби одамонро гузоштан мум­кин аст.

Душворӣ ва хатоҳо барои амалӣ гардондани мақсади тар­бия — ташаккули ҳамаҷониба ва инкишофи мутаносиби шахсият қисман дар доираи танги мақсад, аз нав дида баромадан ва аниқ гардондани вазифаҳои мактаби таҳсилоти миёнаи умумӣ талаб карда мешуданд, вале ин ҳеҷ не, ки ба дигаргунии худи мақсад оварда расонад. Он мисли пештара идеал шуда монд. Ба комёбии он бо кӯшишҳои ба ҳисоб гирифтани хатоҳо мактаби ояндаи нав муваффақ хоҳад шуд.

Мавзӯи асосӣ >>Мақсад ва вазифаҳои тарбия<<


Максад ва вазифахои тарбия, Инкишофи куввахои истехсоли ва муносибатдои, истехсолии чомеа – махаки асосии максади тарбия

ҚаблӣМақсад ва вазифаҳои тарбия
БаъдӣПайдо шудани замина барои ташаккули ҳамаҷонибаи шахсият