Инноватсияи педагогӣ

Инноватсияи педагогӣ

Нақша:

  1. Моҳият ва самти навгонӣ (инноватсия)
  2. Педагогикаи инноватсионӣ
  3. Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ
  4. Оптималикунонии (муътадилдгардонии) системаи педагогӣ

Ба ҳамагон маълум аст, ки забонҳо тавассути робитаи одамон бо мурури замон аз ҳисоби якдигар захираи луғавии худро ғанӣ мегардонанд. Бо ҳамин маънӣ мо дар бораи ба илми педагогика ворид гардидани истилоҳи «инноватсия» маълумот медиҳем.

Сарчашмаҳо ба он гувоҳӣ медиҳанд, ки дар мобайни солҳои 80-уми қарни 20-ум аввал рӯзноманигорон ва баъд соҳибкасбон ба луғати педагоги истилоҳи «инноватсия»-ро фаъолона дохил кардан гирифтанд. Ин корро барои нишон додани рафти аз навсозии системаи педагогикаи ватанӣ, ки оғоз ёфта истода буд, иҷро мекарданд.

Инноватсия (аз англ. Innovation-навгонӣ гирифта шуда маънояш дигаргунӣ, тағйирот) дар дохили система мебошад. Аз руи шарҳи педагогӣ ва ба маънои умумияш дар зери мафҳуми ин­новатсия навгонӣ дар системаи педагогӣ фаҳмида мешаванд, ки рафт ва натиҷаи ҷараёни таълиму тарбияро беҳтар менамоянд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Вале навгонӣ метавонад системаро халалдор ҳам намояд. Мумкин аст, сухан дар бораи азнавсозӣ, новатсияҳо (навгониҳо) дар он ҷойҳое равад, ки дар он чойҳо он вуҷуд надошта бошад ва зарурияти истифодаи истилоҳи хирадмандонаи хориҷӣ лозим шуда монад.

Бо вуҷуди ин, чун ҳамеша истилоҳеро қабул намудан мушкил аст, ки агар маънии аслии онро дарк накарда бошем. Сабаб аз он иборат аст, ки барои нишон додани навгонӣ ё иваз намудани ягон чизи нав истилоҳи англисии «novation» яъне нав, навигарӣ ба кор бурда мешавад. Инноватсия ҳамин гуна навгониеро дар назар до­рад, ки он дар дохили система аз ҳисоби захираҳои худ ба амал бароварда мешаванд. Пас, ҳамин тавр бошад, ҳар он чӣ ки аз доираи ҳамон система берун дохил карда мешавад, ин инноватсия нест. Ҳамин тавр шарҳ додани моҳияти педагогии инноватсия ниҳоят пурихтилоф аст. Дар «Педагогикаи касбӣ» (М., 1997, с. 497) доир ба инноватсия чунин шарҳ оварда шудааст. «Инноватсия-ташкили раванди комплексии паҳн намудан ва истифода бурдани воситаи нави амалӣ (навигарӣ, навгонӣ – навигарӣ дар соҳаи техника, технология, педагогика, тадқиқотҳои илмӣ) мебошад. Ба касе ин шарҳ маъқул мешавад   ё не, ба ҳар ҳол, равшан аст, ки дар ин 40 воситаи нави амалӣ нест -инноватсия нест. «Воситаҳои нави амалй»-ро дар педагогика бо ангуштони даст як ба як шуморидан мумкин аст. Инноватсия ин тавр оддӣ нест. Инноватсияро ба вуҷуд овардани восита табдил додан мумкин нест. Инноватсия — ин ҳам ғоя, ҳам раванд, ҳам восита ва ҳам натиҷа мебошад, ки дар ягонагӣ сифатан такмил додани системаи педагогиро дар назар дорад.

Дар мамлакат, дар ҳама 40 раванди инноватсионӣ рафта истодааст, аммо мо бошем, эҳтиёткорӣ мекунем, ба қафо мени- гарем, ба луғатбозӣ часпида мемонем ва ба хулосае меоем, ки дар мо дар боби ҳама чиз дар ҷояш аст. Ҳол он, ки проблемаи азнавсозии системаи педагогӣ ниҳоят муҳим ва актуалӣ буда, таҳлили ҷиддиро талаб мекунад. Дар даҳсолаҳои охир дар сис­темаи педагогикаи ватани бисёр таъгиротҳо ба вуҷуд омаданд. Қонуну консепсияҳои нав қабул карда шуданд, навгонӣ ва дигаргуниҳо ба вуҷуд омаданд, стандарти давлатӣ ва нақшаҳои таълимии алтернативӣ тасдиқ карда шуданд, мактабҳои типи нав ташкил карда шуданд, вале бо вуҷуди ҳамаи ин ҳатто Рос­сия дар байни мамалкатҳои ҷаҳон, мувофиқи индекси Юнеско дар соҳаи маълумот аз ҷои якум ба ҷои чорум фаромад. Пас дар атрофи ҳамаи ин бояд фикр кард.

  1. Моҳият ва самти навгонӣ (инноватсия)
  2. Педагогикаи инноватсионӣ
  3. Муассисаҳои таълимии инноватсионӣ
  4. Оптималикунонии (муътадилдгардонии) системаи педагогӣ

Хусусияти инкишофи синнусолӣ ва фардӣ


Инноватсияи педагоги, Мохият ва самти навгони (инноватсия), Педагогикаи инноватсиони, Муассисахои таълимии инноватсиони, Оптималикунонии (муътадилдгардонии) системаи педагоги, инноватсия чист?

ҚаблӣКиноя (дар шеър ва адабиёт)
БаъдӣМоҳият ва самтҳои навгониҳо (инноватсонӣ)