Иншо дар бораи ТАБИАТ

Иншо дар бораи Табиат, табиат иншо, Хифзи табиат иншо, Хифзи мухити зист иншо, Табиат – ин хусни замин

табиат, иншо, иншои озод

Имрӯз замоне фаро расидааст, ки муносибати инсон бо табиат фақат маънои истеъмолӣ дорад. Ҳифзи муҳити зисти одамон кори тамоми инсоният аст. Ҳифзи табиат ва истифодаи оқилонаи он масъалаи дастаҷамъӣ мебошад. Ҳалли ин масъала амалӣ сохтани чорбиниҳои давлатиро, ки ба муҳофизати экосистема равона карда шудаанд, дар бар мегирад.

Ман истироҳатро дар табиат дӯст медорам. Бисёртар қадамзаниро дар ҷангал ё ин ки дар дарёҳо шино карданро. Аммо вақтҳои охир мо мушоҳида мекунем, ки баҳрҳо ва дарёҳо, ҷангалҳо ва буттазорҳо хело ифлос шудаанд, хусусан барои наслҳои оянда. Баҳсҳои зиёд ҳаст, дар бораи ҳифзи табиат. Дар мактаб мавзӯи “Ҳифзи муҳити зист” гузаронида шуд. Ин дарсҳо баррасии вазъ дар ҷаҳон, дар бораи чӣ тавр ба осонӣ барқарор кардани табиат буд, аммо он хеле душвор аст. Ба одамон лозим аст, ки барои ҳифз, ҳимоя ва барқарорсозии табиат кӯшиш намоянд, чунки онҳо бо табиат зиндагӣ доранд.

Мардум барои ба даст овардани пул ва беэътибории худ, намудҳои зиёди ҳайвонҳоро нест кардаанд, ки аллакай барқароршавии онҳо имконнопазир аст. “Ҳайвонҳои дарранда агар ҳайвонро дигарро шикор кунанд, онҳо нест намешаванд, вале агар одам ҳайвонҳоро шикор кунад нест мешаванд!” – мегӯянд олимони табиатшинос.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ман боварӣ дорам, ки агар ҳар як шахс хоҳад кӯчаи худро тоза бинад, ё ин ки бо ин гуна рафтор дар атрофи қароргоҳи ҷангал ба ифлосӣ роҳ надиҳад, табатро иваз хоҳад кард! Мардум бояд дарк кунанд, ки бе табиат зиндагӣ карда наметавонанд ва дарк намоянд, ки сайёраи мо танҳо барои истифода нест.

Табиат то чӣ андоза муҳим аст?

Дар айни замон мо тасаввур менамоем, ки муошират байни табиат ва одамон дар хатар аст. Ҳатто баъзан вақт хусусияти таҳдид аст, ки рӯзе ҳамаи ин рӯ ба нестӣ меоранд. Албатта, ҳамаи аз зарари хеле хурдакак сар мешавад.

Табиат ин ҳусни замин аст

Он ба мо ғизо, оксиген, ва аз ҷангал – ҳезуму дигар чизҳои лозима барои ҳаёти инсон муҳимро медиҳад. Табиат набояд нобуд карда шавад, бояд ҳифз карда шавад.

Аслан, одамон миллионҳо дарахтонро мебуранд, нест мекунанд вале намедонанд, ки барои рӯйидани як дарахт садҳо сол лозим меояд.

Мо бисёр вақт сӯхторро дар ҷангалҳо мушоҳида менамоем. Албатта ин сӯхторҳо дар ҷойҳои гарм ки тобистонашон муддати дароз давом мекунад зуд-зуд сурат мегиранд. Миллионҳо растаниҳо сӯхта нест мешаванд.

Партовҳои корхонаҳо ва хоҷагиҳои коммуналӣ бо роҳҳои физикӣ ва химиявию биологӣ тоза карда мешаванд. Бо роҳи биологӣ тоза кардани об тавассути микроорганизмҳо сурат мегирад. Бисёр корхонаҳо ба истеҳсолоти сарбаста мегузаронанд, ки дар натиҷа об тоза шуда, аз нав ба истеҳсолот бармегардад.

Қаламрави ҳифзшаванда метавонад аҳамияти амалӣ дошта бошад ва ҳамчун эталони табиат дар миқёси тамоми Замин, ки онро мамнӯъгоҳи биосферӣ мегӯянд, хизмат кунад. Онҳо дар асоси созиши байналмилалӣ тасдиқ карда мешавад. Ҳоло дар ҷаҳон 300 мамнӯъгоҳи биосферӣ вуҷуд дорад…

ҚаблӣНидо чист? Маълумот дар бораи НИДО
БаъдӣКалам гуфто ки ман шохи чахонам (шеъри пурра)