Истиқлолият ҳамчун назарияи сиёсӣ

Маълум аст, ки асри ХХ ба таърих чун асри пурфоҷиа ва зиддиятноктарин ворид гардидааст. Дар таърихи Тоҷикистон ин ба як тезутундии ба худ хос зоҳир гардида, ҷумҳуриро дар маркази дигаргуниҳои иҷтимоию сиёсӣ қарор дод. Дар чунин давраҳои мушкил дар маънавиёт, фарҳанг, сиёсат ва рӯҳияи омма ба вуҷуд омадани душвориҳо хос аст. Ҳамин гуна давраҳо дар таърихи ватани мо хеле зиёд буданд. Яке аз онҳо ба аввалҳои асри ХХ рост меояд, ки кишвари мо ба ҳайати Иттиҳоди Шӯравӣ дохил карда шуда буд. Дигараш замони пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ ва ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ қаламдод мешавад. Бояд гуфт, ки ҳар як давраи таърихӣ хусусиятҳои хосеро доро буда, нақши муайяни иҷтимоию сиёсии худро мерос мегузорад. Ин аст, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар суханронию баромадҳои хеш масъалаҳои худшиносию худогоҳии миллиро дар инкишофи истиқлолияти Тоҷикистон баръало нишон дода, нисбат ба истиқлолияти сиёсӣ андешаҳои ҷолиби диққат иброз намудаанд.[1]

Ба даст овардани истиқлолияти сиёсӣ ба мо имконият дод, ки оид ба рушду инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ аз назари нав андеша намуда, роҳҳои муносиби тараққиётро ҷустуҷӯ ва дарёфт намоем. Аз ин рӯ, мо бояд дар бунёди давлати соҳибистиқлол ба ифодаи иродаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон саҳмгузор бошем, то битавонем, ҷомеаро ба пояи баланди рушди «иқтисодию сиёсӣ, илмию техникӣ бардорем», бахусус, дар ин марҳилаи тақдирсозе, ки тарбияи худшиносии миллӣ бояд ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Ҳамин заруратро Президенти кишвар дар вохӯриҳо бо кормандони соҳаи маориф, дар мулоқотҳояш бо зиёиён, бо ҷавонон ва дар Паёми ҳамасолаашон ба Маҷлиси Олӣ борҳо таъкид намуда, зарурати пурзӯр намудани нақши маорифу илмро дар ҳаёти ҷамъиятӣ махсус таъкид менамоянд. Дар баробари ин боз таҳдиди нави буҳрони ҷаҳонӣ низ таъсири манфии худро ба ҳама соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ расонида истодааст.

Аз ин бармеояд, ки ба истиқлоли комил мушарраф гардидани мо хусусияти хосса дошта, ба системаи муайяни арзишҳо таъсири босазое гузоштааст. Бинобар ин, дарки пурраи истиқлолияти сиёсӣ ва шинохти давлати миллӣ барои ҳар як шаҳрванд ва сиёсатмадорони касбии Тоҷикистон хусусияти хоса гирифта, ба раванди истиқлолият тарҳи нав ҷорӣ намуд. Дар ин раванд нақши идеологияи сиёсӣ афзун гашт, чунки таҷрибаи сиёсӣ, фаъолияти институтҳои сиёсӣ ва мубориза барои механизми нави давлатӣ дар мадди аввал баромад. Воқеан, идеологҳо дар давраи инқилобу ислоҳотҳои амиқ ба як қувваи бузурге табдил ёфта, таҷрибаи муайяни нави сиёсиеро рӯйи кор меоваранд. Онҳо самти ҳаракати қувваҳои гуногуни иҷтимоиро муайян мекунанд. Ба ақидаи мо, идеологҳо метавонанд дар худшиносии миллию давлатдорӣ инқилоб намоянд ва аз ин ҷо метавонанд ҷанбаи сиёсии шахс, синф ва ҷамъиятро тағйир диҳанд. Онҳо ба иҷтимоигардонии сиёсии шахсият дар сиёсат ҳиссаи арзандае мегузоранд ва ба ин маънӣ низ ҳама гуна идеология ҷаҳонбинии сиёсию иҷтимоӣ мебошад.

Хулласи калом, масъала дар он аст, ки мо бояд бо кадом роҳу усул идеология, ё ин ки таъминоти истиқлолияти сиёсиро ба мардум биомӯзонем, то ки ин ҳунари эҷоди муносибатҳоро аз худ намоянд. Барои ҳалли ин гуна масъалаҳо аз нигоҳи назариявӣ бояд ба хотираи таърихии миллат такя намуда, тамоми дастоварду арзишҳои миллиро ба истиқлолияту озодӣ вобаста донем. Аз тарафи дигар, усул ё идеологияи муносибатҳоеро ба миён овардан лозим меояд, ки ба ваҳдати миллӣ такя намуда, барои ояндаи давлату миллат хизмат карда тавонад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Истиқлолият назарияи сиёсиест, ки бо роҳбарияти олӣ ё ҳокимияти сиёсӣ пайваст аст. Мафҳуми «истиқлолият» (шакли ғарбии истифодаи он «суверенитет» мебошад, ки аз забонҳои лотинӣ ва франсавӣ гирифта шудааст) маънои «ҳокимияти олӣ»-ро дорад. Маълум аст, ки мафҳуми «истиқлол» дар забони мо аз калимаи арабӣ омада, маънояш –мухтору мустақил будан, озод будан дар иҷрои коре, мустақилӣ ва сохибихтиёрӣ аст. Аз ин рӯ, замоне ки мо ин вожаро мавриди истифода қарор медиҳем,  пеши назарамон мафҳумҳои гуногуни дигаре, ки ба вожаи «миллат» вобастагӣ доранд, пеши рӯ меоянд. Ба монанди «худшиносии миллӣ»,«ҳувияти миллӣ», «миллатгароӣ», «огоҳии миллӣ», «амнияти миллӣ» ва монанди инҳо. Зеро ин ду мафҳум бо ҳамдигар алоқамандии зич дошта, дар рушду инкишофи давлату миллатҳо нақши муҳим мебозанд. Дар аксарияти кишварҳо мафҳуми истиқлолият раванди қабули қарори сиёсиро ифода менамояд, ки он дар дохили давлат ва барои идораи корҳои давлатӣ ба кор бурда мешавад.

Истиқлолият навъҳои гуногунро дорад. Аммо истиқлолияти сиёсӣ, истиқлолияти давлатӣ ва истиқлолияти иқтисодӣ бештар муҳиманд. Баъзан истиқлолияти сиёсӣ ва давлатиро як мешуморанд, ки ин хатост. Мафҳуми «истиқлолияти сиёсӣ» нисбат ба мафҳуми «истиқлолияти давлатӣ» васеътар буда, ҳодисаҳои гуногуни ҳаёти сиёсии ҷомеаро фаро мегирад. Аз ҷумла, он истиқлолияти давлатиро низ дар бар мегирад. Яъне, истиқлолияти давлатӣ яке аз шаклҳои асосии зуҳури истиқлолияти сиёсӣ ба ҳисоб меравад. Истиқлолияти сиёсӣ муносибатҳои байни давлат ва шаҳрвандро таҳлил менамояд. Шарти тартиботро ошкор месозад. Асоси истиқлолияти сиёсиро масъалаи кӣ қудрати қабули қонунҳо, муайян намудани тартибот ё тағйири онҳоро дорад, ташкил менамояд.

Истиқлолияти давлатӣ ду вижагии хос дорад: а) дохилӣ; б) берунӣ.

Истиқлолияти дохилии давлат ҳолатест, ки ҳокимияти олӣ ва бемаҳдуди давлат нисбати ҳамаи субъектҳо эътироф карда мешавад. Дар сурати низоми мавҷудаи корҳои давлатиро риоя накардан ё амалҳои мухолифи манфиатҳои давлат ва ҷомеаро ихтиёр намудани ҳар гуна субъектҳои сиёсат, мақомоти давлатӣ ҳуқуқи комил доранд, ки тамоми воситаҳои таъсиррасонӣ ва ҳатто фишороварию зӯроварии қонуниро истифода намуда, риояи низоми сиёсию ҳуқуқиро таъмин намоянд.

Хосияти берунии истиқлолият маънои ҳокимияти олии давлатро эътироф ва эҳтиром намудани давлатҳои дигар, пеш аз ҳама, давлатҳои бузург ва ҳамсоякишварҳоро дорад.

Истиқлолияти сиёсӣ дар ҳаёти ҷомеа ва кишварҳо тағйироти куллиро ба миён меоварад. Он заминаи асосии ҳалли вазифаҳои ҳаёти умумимиллӣ ва мубориза дар роҳи пешрафти иҷтимоии кишвар ба шумор меравад. Барои барҳам додани қафомонии иҷтимоию иқтисодӣ ва аз байн бурдани ҳар гуна зулму истибдод, оқилона истифода бурдани захираҳои инсонӣ ва сарватҳои табиат, мутаносибан, аз рӯйи манфиатҳои кишвар ҷойгиркунонии қувваҳои истеҳсолкунанда ва дигар раванду падидаҳои ҷомеаи инсонӣ замина муҳайё менамояд. Истиқлолияти сиёсӣ имконият медиҳад, ки дар арсаи байналхалқӣ талаботу манфиатҳои кишвар беҳтар ҳимоя карда шаванд. Кишвари соҳибистиқлол дар ҳалли масъалаҳои гуногуни байналхалқӣ бештар ҳисса гузошта метавонад.

Соҳибистиқлол гаштани кишварҳо дар замон ва макони дигар мазмун ва тобиши нав пайдо менамояд. Таърих гувоҳӣ медиҳад, ки истиқлолият ба даст овардани халқҳо ва кишварҳо масъалаи хеле мураккаб буда, муборизаи пуршиддати сиёсиро дар бар мегирад. Ин муборизаи сиёсӣ дар шаклҳои гуногун ба амал меояд. Аксар вақт истиқлолият дар натиҷаи муборизаи ғайриосоиштаи халқҳо ба даст оварда мешавад. Ин ҷиҳатро таърихи муборизаи мамлакатҳои бо ном «ҷаҳони сеюм» баҳри истиқлолият борҳо тасдиқ намудааст. Дар аксарияти ин мамлакатҳо муборизаи дурударози оммаи мардумро неруҳои сиёсии ватанпарвар сарварӣ намудаанд. Дар ин айём неруҳои сарвари мубориза, асосан аз рӯйи манфиатҳои худ амал менамуданд. Яке аз ин гуна қувваҳо буржуазияи навташкил буд, ки кӯшиши аз зери таъсири метрополия баровардани кишварро дошт. Мақсади асосии онро таҳкими ҳукмронии капитали дохилӣ, капитали миллӣ ва дар охир пурра ҳукмрони ҷомеа гардидан ташкил медод. Пеш аз ҳама, барои истиқлолияти бадастомада мо бояд паҳлуҳои асосии манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баррасӣ намоем, то ин ки онҳо аз мадди назари шаҳрвандон дар канор намонанд. Инҳо идеология, сиёсат, психологияи шахс ва ҷомеа, масъалаҳои ҳокимияти давлатӣ, таҳкими демократия, ба даст овардану ҳимоя кардани ваҳдати ҷомеа, ривоҷи фаъолияти бунёдкорона, эҳёи маънавӣ ва таъмини ҳуқуқҳои баробари ҳамаи шаҳрвандони дар ҳудуди Тоҷикистон маскунбуда мебошанд.


[1] Ниг.:  Раҳмонов Э.Ш. Истиқлолияти Тоҷикистон ва эҳёи миллат. –Душанбе,  2002.


Калидвожаҳо: реферат бо забони точики, реферати точики, кори курси, маводхои омузишии точики, сомонаи донишчу тч, донишҷӯ тҷ, donishju tj, сайтхои точики, сайти омузиши, сомонаи омузиши, истиклолият, истиклолияти сиёси, истиқлоляити сиёсӣ, сиёсатшиносӣ, сиёсатшиноси, Истиклолият хамчун назарияи сиёси

ҚаблӣИСТИҚЛОЛИЯТИ СИЁСӢ
БаъдӣБаъзе омилҳои таърихию сиёсии истиқлолияти Тоҷикистон