Истифодаи захираҳои табиӣ-туристӣ ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Истифодаи захирахои табии-туристи ва дурнамои рушди сохаи туризм дар Чумхурии Точикистон


Туризм яке аз соҳаҳои сердаромадтарини иқтисодиёт дар ҷаҳони муосир ба ҳисоб меравад. Имрӯз дар содироти ҷаҳонии молу хизматҳо туризм баъд аз маҳсулоти нафт ва истеҳсолу фурӯши автомобил дар ҷои саввум қарор дорад. Ҳоло дар ин соҳа беш аз 150 млн. нафар кору фаъолият доранд.

Тоҷикистони офтобруяву куҳсори мо бо табиати биҳиштосои афсонавӣ, дашту саҳро, дараю водиҳо, куҳҳои осмонбӯс ва боғҳои дилрабо дар тамоми дунё машҳур гаштааст. Табиати зебои он диққати сайёҳҳони хориҷиро ба худ ҷалб менамояд. Баҳри ҳифзи сарватҳои табиат баланд бардоштани маърифати экологии аҳолӣ муҳим аст. Барои ноил шудан ба рушди устувори ин соҳа баланд бардоштани вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва экологӣ зарур мебошад. Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бои таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Руду дарёҳҳои Тоҷикистон
Руду дарёҳҳои Тоҷикистон

Вобаста ба ин масъала Президенти кишвар – муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадҳои худ иброз дошт, ки «Кишвари мо дорои имконияти васеъ аз ҷиҳати минтақаҳои сайёҳӣ буда, истифодаи самараноки он боиси болоравии сатҳи зиндагии аҳолии ҷумҳурӣ хоҳад шуд».

Чӣ тавре, ки маълум аст туризм дар Тоҷикистон ҳамчун соҳаи иқтисодиёт, афзалиятнок эътироф шудааст. Ба шарофати татбиқи мунтазами сиёсати дарҳои кушода ва ба амал баровардани ислоҳоти бозорӣ дар ҷумҳурӣ дар айни замон хизматрасонии бозори сайёҳӣ ба вуҷуд омад, ки имрӯзҳо ҳиссаи бахши хусусиро ба худ мегирад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Дар айни замон мавҷуд будани хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ ҳанӯз ба эхтиёҷоте, ки фаъолона соҳаи туризм вусъат меёбад, ҷавобгӯ нест. Бештар ба меъёрҳои ҷаҳонӣ бояд ҷавобгуй бошад ва талаботи экологиро ба инобат гирад.

Мақсади асосии инкишофи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаккулёбии экологӣ, иҷтимоӣ, самаранок ва рақобатнок будани комплекси туристӣ ба аҳолӣ ва инчунин ба буҷаи давлат фоида овардани он, ки ба зиёдшавии маблағи андоз ва бо ҷои кори иловагӣ таъмин намудани қисми зиёди шаҳрвандони ҷумҳурӣ мебошад.

Дар айни замон туризмро ҳамчун яке аз соҳаҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат баррасӣ намуда, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор тадбирҳо андешида истодааст, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ ташкил намудани дастрасии бештари ҷумҳурӣ барои омаду рафти туристони хориҷӣ, беҳтар намудани ҳолати инфрасохтори мавҷудаи туристӣ ва санаторию курортӣ ҷалби сармоягузориҳо, нигаронида шудаанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар байни мамлакатҳои Осиёи Марказӣ аз ҷиҳати захираҳои таҷдиди саломатӣ ва сайёҳӣ мақоми пешсафро дорост. Чунин ҳудудҳо дар Тоҷикистон -5%, Узбекистон-0,7%, дар Туркманистон-0,25% -ро ташкил медиҳад.

Таи даҳсолаи охир аз тарафи фондҳои умумибашарию экологӣ дар ин самт як қатор лоиҳаҳо амалӣ гашта бошад ҳам, вале таносуби сайёҳиву экологӣ вобаста ба шароити табиӣ-ҷуғрофӣ аз тарафи муҳаққиқон ба таври мушаххас мавриди омӯзиш қарор гирифтааст.

Дар консепсияи рушди туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин омадааст: «Мақсади асосии сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм ин таъмин намудани шароитҳои мусоиди ҳуқуқӣ барои ташкили самарабахши субъектҳои фаъолияти туристӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки имкониятро барои қонеъгардонии талаботи шаҳрвандони дохилӣ ва хориҷӣ ба хизматрасонии мухталиф ва сифатнокии соҳа таъмин намояд».

Ба роҳ мондани ин санадҳо дар фаъолияти туризм мақоми онро дар ҷомеаи муосир аз ҳар ҷиҳат баланд бардошта метавонад. Маблағгузории дохилӣ ба ин самт ҳанӯз нокифоя буда, паҳлуҳҳои иқтисодӣ ва иҷтимоиро дуруст таъмин карда натавониста, ташкил ва сохтори идоракунӣ ҳанӯз номукаммал аст. Фаъолияти ширкатҳои сайёҳӣ мураккаб гашта, иҷрои он танҳо ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вогузор набуда, балки ба дигар мақомоту идораҳо вобастагӣ дорад, ки омаду рафти сайёҳҳонро ба таъхир меандозад. Аз ин лиҳоз рушди туризми дохилӣ дар мамлакат ғайри муташаккил сурат мегирад, ки барои сайёҳҳон якчанд мушкилотро дар масъалаи бо ҷои хоб, хӯрок, хатсайрҳои туристӣ сайр карданро ба миён меоварад.

 Туризм самтҳои сершумор дошта, ҳар кадом мушкилот, хусусият ва тафовуту талаботҳои худро дорад:

– Туризми табобатӣ, санаторию истироҳатӣ;

– Кӯҳнавардӣ, туризми варзиши кӯҳӣ ва экологӣ;

– Туризми таърихию омӯзишӣ ва этнографӣ;

– Туризми касбӣ (геологӣ, ҷуғрофӣ, биологӣ);

– Қаиқронӣ дар дарёҳҳои куҳӣ (ратинг);

– Варзиши лижатозии куҳӣ;

– Туризм оид ба шикор, моҳигирӣ, ташкили экспедитсияҳо, сайёҳат ба мавзеъҳои дастнорас ва ғ.

Ҳоло дар ҷумҳурии Тоҷикистон зиёда аз 185 субъекти хоҷагидорӣ, чӣ ашхоси ҳуқуқӣ бо шуъбаҳо ва намояндагиҳояшон, чӣ ашхоси воқеӣ, ки ба фаъолияти соҳаи туризм алоқаманд аст, ба қайд гирифта шудааст. Дар байни онҳо 51 меҳмонхона, 125 муассисаи истироҳатию сайёҳӣ, 9 муассисаи санаторию истироҳатӣ, ҳамчунин муассисаҳои варзишию солимгардонӣ, корхонаҳои махсусгардонидашудаи савдо, боғҳою мамнӯнгоҳҳои табиӣ, корхонаҳои нақлиётӣ, тарабхонаҳо, агентию намояндагиҳои таблиғотӣ ва ғайра мавҷуданд.

Мувофиқи маълумотҳои оморӣ, пас аз соли 1998 сайру сайёҳат ва хизматрасонӣ дар ин соҳа нисбат ба саноати мошинсозӣ, саноати сабуку хӯрокворӣ ба сафи пеш баромад, ки боиси ҷалби сармояи сайёҳони хориҷӣ гардид. Ин вазъ бештар барои мамлакатҳои Аврупо, Амрико, Шарқи Наздику Миёна ва дигар давлатҳои қитъаи Осиё хусусияти хос ба худ касб намудааст.

Ба рӯйхати ширкатҳои сайёҳӣ, ки хизматрасонии сайёҳии бозори Тоҷикистонро намояндагӣ мекунанд, инҳо дохил мешаванд:

– Корхонаи воҳиди давлатӣ оид ба сайёҳат, «Сайёҳ»;

– Шурои ҷумҳуриявӣ оид ба сайёҳат ва экскурсия;

– Ширкати саҳҳомии кушодаи «Интуриста Тоҷикистон»;

– Корхонаи масъулияташ маҳдуд, «Тахмина»;

– «Pamir Travel» – Сайёҳии Осиёи Марказӣ;

– «Восток Трейдинг Тур»;

Калонтарини онҳо корхонаи воҳидии давлатии «Сайёҳ» мебошад. Маълумотҳои ширкатҳо аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки ба таври васеъ хизматрасонии қобили мулоҳиза ва назаррас пешниҳод менамояд. Хизматрасонии асосии сайёҳӣ, ки ширкатҳои мазкур ба ҷо меоваранд аз инҳо иборатанд:

  • боэҳтиётона нигоҳ доштани меҳмонхона ва нақлиёт;
  • ҷобаҷокунӣ ва истиқболу пешвозгирии сайёҳон;
  • хизматрасонӣ оид ба хуҷҷатӣ кардан ва ба қайд гирифтани шиносномаҳои хориҷӣ, визаҳои дохилу гуруҳ, асноди суғурта;
  • хизматрасонии роҳбалад ва тарҷумон;
  • ташкили сайёҳат ва сафарҳо;
  • пешниҳоди хизматрасонии нақлиёт ва сайёҳат бо ёрии захираҳои худӣ, ҳамчунин бо ёрии шарикони хориҷӣ;
  • пешниҳоди ҳар гуна хизматрасонӣ ва ғайра;

Ҳар кадом унсури инфрасохтори соҳаи туризми Тоҷикистон ба худ хусусиятҳои хос дорад. Масалан, нисбати мавқеъи xуғрофӣ дар

Тоҷикистон аз ҳама бештар нақлиёти автомобилӣ ва роҳи оҳан рушдёфта мебошад. Наклиёти обӣ бошад, хеле кам рушд ёфтааст.

Бештари сайёҳон, ки ба Тоҷикистон сафар мекунанд, аз хизмати нақлиёти ҳавоӣ истифода мебаранд.

Барои рушди сайёҳии ҷумҳурӣ таҷдиду таъмири роҳҳои автомобилгарди Душанбе – Қулма – Қароқурум, Душанбе – Қурғонтеппа-Данғара, ҳамчунин роҳи автомобилгарди Душанбе- Зигар- Қалъаи Хумб – Хоруғ – Мурғоб – ағбаи Қулма – Қароқурум, Душанбе – Айнӣ- Панҷакент, ки ба ҷойҳои таърихию меъморӣ ва таъриху фарҳангии диққатангези мамлакат мебаранд, аҳамияти муҳим доранд.

Аз рӯи маълумоти қисми таҳлили барномаи давлатии рушди соҳаи сайёҳӣ, барои сафари худ сайёҳон нақлиёти ҳавоиро истифода мекунанд. Ҳиссаи чунин сайёҳон дар ҳаҷми умумии ҳамлу нақли сайёҳон 85%, ҳиссаи ҳамлу нақли нақлиёти автомобилӣ 15 %-ро ташкил медиҳад.

70 %-и сайёҳон намояндагиҳо низ ба нақлиёти ҳавоӣ аҳамият медиҳанд. Бо автобусҳои байналхалқӣ 22%, бо нақлиёти роҳи оҳан 7%, бо дигар васоити хушкигард 1% сайёҳон сафар мекунанд.

Ҳоло дар Тоҷикистон зиёда аз 51 меҳмонхона барои сайёҳҳон пурра фаъолият мекунанд. Ба ҳисоби миёна ҳар сол ба Ҷумҳурии Тоҷикистон тақрибан 130 ҳазор турист ворид мешавад, ки қисми зиёди онҳо ба туризми куҳнавардӣ ва экологӣ дохил мешаванд.

Саноати озуқаворӣ дар Тоҷикистон, дар солҳои охир бо суръати тез рушд дорад, ки шумораи тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, барҳо, ошхонаҳо ва дигар корхонаҳои таъминоти хурокворӣ ва ғизоро дар бар мегирад. Маълумотҳои оморӣ нишон медиҳад, ки ҳаҷми хизматрасоние, ки тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар корхонаҳои таъминоти озуқаворӣ ва ғизоро пешнҳодкарда, дар давраи аз соли 2001 то соли 2011, бештар аз ҳазор нафар афзудааст. Ҳамин тартиб, дар соли 2011 ҳаҷми хизматрасонӣ, ки саноати озуқаворӣ анҷом додааст, 28172 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Дар муддати ҳаҷми хизматрасонии даҳ сол 104023, ҳазор сомониро ташкил кардааст. Ин аз он гувоҳӣ медиҳад, ки рушди саноати хурокворӣ ва хизматрасонӣ дар Тоҷикистон устувор аст.

Куҳсори Тоҷикистон
Куҳсори Тоҷикистон

Ҳаҷми хизматрасоние, ки тарабхонаҳо, қаҳвахонаҳо, ошхонаҳо ва дигар корхонаҳои таъмини хурок ва ғизои тайёрро пешниҳод кардаанд.

солҳо

 

ҳазор сомонӣ Ба хисоби фоиз %
Нисбат ба соли гузашта Нисбат ба соли 2001.
2001 3796 113,0 113,0
2002 6408 168,8 168,8
2003 8894 138,8 234,3
2004 11999 135,5 316,1
2005 13064 108,9 344,2
2006 14701 112,5. 387,3
2007 189,89 129,2 500,2
2008 26172 137,8 689,5
2009 26786 142,5 721,1
2010 27147 153,2 782,3
2011 28172 163,5 821,2

Манбаъ: Агентии омори назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Боғҳои истироҳатию фарҳангӣ, театрҳо, сирк, осорхонаҳо ва дигар васоити ҷолиби диққати соҳаи фароғати Тоҷикистон маҳсуб мешаванд. Ба ин ҷо мамнуъгоҳҳо, боғҳои ҳайвонот, боғҳои миллӣ, чарогоҳҳо, ҷангалзору бешазори Тоҷикистон хусусияти хоси ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ ва табиати бои Тоҷикистонро нишон медиҳад.

То охири соли 2010 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамагӣ 15 театр, 40 осорхона, 1413 китобхонаҳои оммавӣ, 1005 клубҳо фаъолият мекарданд.

Театрҳо дар вилоятҳо ва шаҳри Душанбе.

2001 2006 2007 2008 2009 2010 2011
Адади театрҳо ( дар охири сол )
Ҷумҳурии Тоҷикистон 15 15 15 15 15 15 15
ВМКБ 1 1 1 1 1 1 1
Вилояти Хатлон 2 2 2 2 2 2 2
Вилояти Суғд 6 6 6 6 6 6 6
шаҳри Душанбе 6 6 6 6 6 6 6

Адади тамошобинон, ҳаз.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 277 644 451 345 398 339 390
ВМКБ 2 4 7 3 2 2 2
Вилояти Хатлон 80 21 101 119 19 16 53
Вилояти Суғд 193 193 182 177 214 147 142
шаҳри Душанбе 32 426 161 46 163 174 193

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон

Театрҳои касбӣ дар ҷумҳурӣ мақоми шакли моликияти давлатиро доро мебошад. Шумоаи онҳо бештар дар шаҳри Душанбе 6 театри касбӣ ва дар вилояти Суғд 6 адад инкишоф ёфтаанд. Дар ҷумҳурӣ 15 театр, аз он ҷумла: 1 театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ, 10 театри драммавӣ, мазҳакавӣ ва мусиқӣ, 4 адад театрҳои кӯдакону наврасон фаъолият мекунанд. Шумораи тамошобинони онҳо дар 8 сол 3273 ҳазор нафарро ташкил мекунад. Аз ҳама бештар тамошобинону мухлисон ба театри Академӣ-драммавии ба номи Маяковский ва ба театри Опера ва балети ба номи С. Айнӣ таваҷҷуҳ зоҳир мекунанд.

 Осорхонаҳои ш. Душанбе, вилоятҳо ва ноҳияҳои тобеи Ҷумҳурӣ

2001 2006 2007 2008 2009 2010 2011
Адади музейҳо (дар охири сол ), воҳид
Ҷумҳурии Тоҷикистон 29 38 39 40  39 40 40
ВМКБ 1 1 1 1 1 1 1
Вилояти Хатлон 10 13 13 14 14 14 14
Вилояти Суғд 7 12 13 13 13 13 13
ш. Душанбе 7 8 8 8 8 8 8
НТҶ 4 4 4 4 3 4 4

Адади тамошобинон, ҳаз.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 284 428 542 637 370 238 330
ВМКБ 3 2 6 4 3 5 4
Вилояти Хатлон 74 88 116 72 122 84 150
Вилояти Суғд 44 218 113 103 93 71 83
ш . Душанбе 148 96 287 430 113 52 53
НТX 15 24 20 28 39 26 40

Манбаъ: Кумитаи давлатии омори Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Дар ҷумҳурӣ ҳоло 40 осорхона мавҷуд аст, ки миқдори бештари онҳо дар вилоятҳои Хатлон 14 осорхона ва Суғд 13 осорхона ҷойгир шудаанд.

Дар соли 2009 ба осорхонаҳо наздики 330 ҳазор нафар тамошобинон ташриф овардаанд. Бештари тамошобинон ба осорхонаи ш. Душанбе 53 ҳазор нафар, ба осорхонаи вилояти Хатлон 150 хазор нафар ва вилояти Суғд 83 хазор нафар ташриф овардаанд. Мутаассифона дар ВМКБ ва дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, ташрифоти тамошобинону мухлисон хеле кам буд: дар як сол дар ВМКБ 3 ҳазор нафар, дар ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, 40 ҳазор нафарро ташкил кардааст.

Қайд кардан зарур аст, ки дар айни замон ҳолати техникии осорхонаҳо, аз он гувоҳӣ медиҳад, ки беш аз сеяки онҳо ба таъмири асосӣ эҳтиёҷ доранд. Давлат бояд вазифаи ба танзим даровардани рушди соҳаи сайёҳиро, ки аз нуқтаи назари иқтисодӣ даромаднок ва самаронок аст, ба даст гирад. Зеро давлатҳое, ки табиати зебо ва таърихи қадима доранд, аз ин дастоварди худ васеъ истифода бурда, ба буxети давлати худ даромади зиёд меоваранд. Ин боиси пайдо шудани ҷои кори нав, кам намудани сатҳи бекорӣ, зиёд шудани даромади пулӣ ва гардиш ёфтани асъори миллӣ мегарданд. Туризми байналхалқӣ яке аз роҳҳои беҳтарини инкишофи тараққиёти фаъолияти берунии иқтисодиёти ҷаҳонӣ буда, мақоми асосиро дар иқтисодиёти ҷаҳон ишғол менамояд, ки нақши он доимо афзоиш ёфта истодааст.

Дар айни замон дар ҷумҳурӣ 185- объектҳои фаъолияти туристӣ, аз ҷумла 9- муассисаи санаторию курортӣ, 51- меҳмонхона ва 125- базаҳои туристӣ ( дар ноҳияи Варзоб -65, дар дараи Ромит -40, дар вилояти Суғд-13) мавҷуд мебошанд, ки вазъи имрӯзаи туризмро дар ҷумҳурӣ инъикос мекунанд.

 Истироҳатгоҳи «Хоҷа оби гарм » –дар минтақаи зебои дараи Варзоб дар масофаи 48 км. дуртар аз шаҳри Душанбе мавқеъ гирифта, дар баландии 1980 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир аст.

Истироҳатгоҳ тамоми сол амал карда, барои 500- ҷои хоб пешбини шудааст. Барои мизоҷон кино, видеотолорҳо, толорҳои варзишӣ, билярд пешниҳод шудааст. Имконияти қонеъ кардани ҳавасмандон ва талаботи дустдорони лижаронии куҳиро дорад.

 Санаторияи «Шoҳамбарӣ»-дар масофаи 26 км. дуртар аз ғарби Душанбе дар водии Ҳисор воқеъ буда, дар баландии 1150 м. аз сатҳи баҳр ҷойгир мебошад. Санатория тамоми сол амал карда, барои мизоҷон 260 – ҷой дар зимистон ва 418 – ҷо дар тобистон пешниҳод мекунад.

Хонаи истироҳати « Баҳри Қайроқум» –дар масофаи 12 км. дуртар аз шаҳри Хуҷанд ҷойгир шудааст. Дар фасли тобистон амал карда, барои 250- ҷои хоб пешбинӣ шудааст.

Маркази байналхалқии куҳии туристии «Артуч» – дар масофаи 76 км. дуртар аз шаҳри Панҷакент ҷойгир аст.

Марказ истироҳатро барои дустдорони туризми варзишию куҳӣ, алпинизм, баромадан ба куҳро фароҳам меоварад. Аз моҳи май то моҳи октябр амал карда, барои 150-ҷои хоб пешбинӣ шудааст. Ҳамаи шароитҳои истироҳатро доро мебошад.

Барои қабули туристони хориҷию дохили дар ҷумҳури меҳмонхонаҳои зерин мавҷуданд:

«Тоҷикистон» – дар маркази шаҳри Душанбе ҷойгир буда, барои қабули 250 –туристони дохилию хориҷи омодааст. Дорои тарабхона, ошхонаи миллӣ ва аврупоӣ, кабели телевизионӣ, шаклҳои нави алоқа ва барои шабона мебошад. Аз руи стандартҳои худ ба меҳмонхонаи 3-ситораги мувофиқ мебошад.

 «Хатлон» – дар шаҳри Кулоб ҷойгир мебошад. Имконияти қабули то 26- нафар шаҳрвандони хориҷиро дошта, дорои тарабхона ва ошхонаи миллӣ мебошад.

«Тавҳид» – дар шаҳри Хуҷанд xойгир мебошад. Имконияти қабули то 20- нафар меҳмонони хориҷиро дошта, дорои тарабхона ва ошхона мебошад. Ба меҳмонхонаи 3-ситорагӣ мувофиқат менамояд.

«Кайён» дар маркази шаҳри Душанбе дуртар аз фурудгоҳ ҷойгир мебошад. Барои қабули 12- нафар туристони хориҷӣ пешбинӣ шуда, ҳамаи шароитҳои зарурии зиндаги, хурок ва истироҳатро дорад. Ба меҳмонхонаи 4- ситораги мутобиқат менамояд.

Меҳмонхонаи фонди Оғохон «Серена» -дар масофаи 10 км. дуртар аз шаҳри Хоруғ (ВМКБ) ҷойгир мебошад. Ҳамаи имкониятҳои қабул ва хизматрасонии 18 – нафар туристони хориҷиро дорад. Ба меҳмонхонаи 4- ситора мутобиқат мекунад.

Таҳлили замонавии ҳолати дохилии туризм аз он шаҳодат медихад, ки туризм чӣ аз ҷиҳати таҳлили сифатӣ ва чӣ аз ҷиҳати таҳлили миқдорӣ дар сатҳи пасти рушд дар ҷумҳурӣ меистад.

Табиати куҳсори Тоҷикистон
Табиати куҳсори Тоҷикистон

Омилҳои асосие, ки ба тараққиёти туризми воридотӣ монеъ мешавад, инҳо ҳисобида мешаванд:

– қоидаи амалкунандаи додани виза (роҳхат) ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки на ҳама вақт ба зиёдшавии туризми воридотӣ мусоидат мекунад;

– тарақӣ накардани инфраструктураи туристӣ, фишурда шудани заминаи мавҷудаи маънавӣ ва ҷисмонӣ, миқдори ками лавозимоти замонавии меҳмонхонаҳо, шароити пасти зисту зиндагонӣ дар меҳмонхонаҳо;

– нарасидани таҷриба барои муҳайё намудани ҳамаи шароитҳои хуб барои сармоягузорон;

– набудани рекламаи ғайритиҷоратии давлатӣ дар хориҷа;

– паст будани сифати хизматирасонӣ дар ҳамаи соҳаҳои туризм, бо сабаби дар сатҳи паст тайёр намудани муттахассисон, набудани таҷрибаи корӣ дар шароити иқтисоди бозоргонӣ;

– мутобиқ набудани нарх ва сифати ҷойгиркунӣ дар меҳмонхонҳо.

Барои муътадилии тарақиёти туризми дохилb ва воридотӣ ташкили шароитҳои ҷамъиятӣ – ҳуқукӣ ва иқтисодӣ зарур аст:

– дар ташкил ва барқарори фаъолияти туроператорӣ бурдани назорат ва масъулият;

– самаранок ва сермаҳсул истифода бурдани моли давлат дар соҳаи туризм;

– барои инкишоф додани воситаҳои меҳмонхона;

– xо ба ҷо гузорӣ ва дигар инфраструктураи туристӣ;

-барои ташкилотҳои дохилӣ ва хоричӣ, ки барои инкишофи инфраструктураи туристӣ дар Ҷумхурии Тоҷикистон маблағ гузарониданӣ ҳастанд, фароҳам овардани шароитҳои зарурӣ;

– тартиб додан ва қабули ҳуҷҷатхои нави нормативӣ оид ба стандартизатсия ва сертификатсия, аз он ҷумла, масъалаҳои назоратӣ;

– нисбати туристоне, ки ба давлатҳои онхо муҳоҷират ягон хавфе намеоварад, такмил додани сиёсати визавӣ, баробари ин қатъӣ намудани назоратҳо аз болои он, то ки он ба муҳоҷирати давлатҳо халал нарасонад;

– кор карда баромадани механизм оиди масъулиятнокии ташкилотҳои туристӣ нисбати туристоне, ки ба давлат ворид мешаванд ва аз он берун мешаванд.

Мустаҳкамкунӣ ва инкишофи ояндаи координатсияи байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ бо мақсади баланд бардоштани самаранокӣ ва сермаҳсулии туризми миллӣ бояд бо чунин роҳҳо пеш равад:

-ташкили комиссияҳои маъмурӣ дар назди органҳои мақомоти давлатӣ дар соҳаи туризм бо мақсади такмил додани координатсияҳои байнисоҳавӣ ва байниминтақавӣ;

– ташкили комиссияҳои маъмурӣ оид ба дуруст ва ботартиб истифодабарии моли давлат дар соҳаи туризм;

– ташкили консепсияи минтақавии инкишофи туризм бо коркарди нақшаҳои иқтисодӣ, аз он ҷумла, дар сатҳи барномаҳои бомақсади минтақавӣ ҷиҳати иҷтимоӣ – иқтисодии тараққиёт.

Баланд бардоштани сифати хизматрасонӣ дар соҳаи туризм талаб мекунад:

-коркарди қоидаҳои нави стандартизатсия ва сертификативии ҷойгиркунии воситаҳои хизматрасонӣ;

– коркард ва ҷорӣ намудани таҷриба ва усулҳои пешқадами давлатҳои хориҷӣ оиди меҳмонхонаҳо;

– ташкили системаи нав ва замонавии тайёрӣ, азнавтайёркунӣ ва баланд бардоштани кадрҳо, кор карда баромадан ва такмили стандартҳои соҳавии маълумотдиҳӣ, ки ба талаботи коркунони соҳаи туризм ҷавобгӯй аст;

– ташкил ва такмили барномахои таълимӣ, ки ба соҳаҳои мухталиф барои омӯзиши корҳои амалии коркунон, инчунин гузаронидани дарсҳои амалӣ барои коркунони дохилии меҳмонхона ва дохили ширкат, бо назардошти буҷаи ҷудокардашуда барои омӯзиш ва таъмин;

– ба амал тадбиқ намудани барномаҳои такмили ихтисоси менеҷерҳо, инчунин ташкили такмили ихтисос дар хориҷа аз ҳисоби даромадҳои ғайрибуҷавӣ;

– дастгирии тадқиқотҳои ояндадор дар соҳаи туризм дар сатҳи он маблағе, ки бо ин мақсад органҳои роҳбарикунандаи давлатӣ дар соҳаи туризм ҷудо кардаанд.

Дар шароити дастгирии пешқадами рушди соҳаи туризм аз тарафи давлат бештар таъсири босамари истифадаи инсон, алоқа, масолеҳ ва дигар намудҳои захираҳо бо қайди бозори меҳнат ва масъалаҳои иҷтимоию иқтисодии рушди кишвар таъмин карда шудааст.

Самаранокии рушди туризм имконияти бештари ҷории туристон ва даромади асъориро дар иқтисодиёти кишвар имконият медиҳад. Инчунин аз тарафи дигар, таъмини нумуи ҷудо намудани андоз ба сатҳи гуногуни буҷа, аз тарафи дигар, ба қайд гирифтани таъсири босамари туризм ба ҳамаи тарафҳои зисту зиндагонии ҷамъият дар рушди соҳаҳои омехтаи иқтисодиёт ва банд будани аҳолӣ бо ҷойи кор мебошад.

Барои боз ҳам амиқ ва дуруст таҳлил намудани соҳа ва таҳлилу баррасии он дар ҷумҳурӣ ба хулоса омадем, ки ҷиҳатҳои мусбӣ, манфӣ ва имкониятҳои туризмро дар кишварамон SWOT- таҳлил намоем

Дар асоси таҳлил ва омӯзиши соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ аз нигоҳи мо соҳа чунин SWOT-анализ карда мешавад.

 Таҳлили тарафҳои пурқувватӣ, беқувватӣ, имкониятҳо ва хатарҳои соҳаи туризм дар ҶТ (SWOT-таҳлил)

Афзалиятҳо (тарафҳои пурқувватӣ) Камбудиҳо (тарафҳои беқувватӣ)
1.    Иқтидори хуби табиӣ-экологӣ, таърихӣ-фарҳангӣ ва рекреатсионӣ.

2.    Мавҷудияти шароитҳои хуб барои рушди намудҳои гуногуни туризм.

3.    Анъанаҳои бойи қадимаи меҳмоннавозӣ, таҷриба дар қабул ва хизматрасонии туристон.

4.    Мавҷудияти ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии аҳамияти ҷумҳуриявӣ дошта.

5.    Мавҷудияти ташкилотҳои ҷамъиятӣ ва тиҷоратие, ки ба рушди туризм дар ҷумҳурӣ метавонанд мусоидат намоянд.

6.    Гузаронидани чорабиниҳои оммавии корӣ ва нақшаҳои шавқовар барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ.

7.    Иқтидори илмӣ ва таълимӣ дар омода намудани мутахассисони кофӣ барои соҳаи туризм.

8.    Баланд бардоштани рақобатпазирии идустрияи туризми ҷумҳурӣ бо роҳи татбиқ намудани сиёсати давлатӣ дар соҳаи туризм.

1.    Рушди нокифояи инфрасохтори туристӣ дар ҷумҳурӣ.

2.    Мутобиқат накардани хизматрасониҳои туристӣ ба стандартҳои байналмилалӣ.

3.    Системаи заифи ҳаракати маҳсулоти туристии ҷумҳурӣ ба бозори дохилӣ ва берунӣ.

4.    Норасогии ҷойҳои эконом – класса дар меҳмонхонаҳо ва дигар объектҳои инфрасохторҳои туристӣ (фароғат ва истироҳат ).

5.    Набудани омори соҳавии таъминкунандаи иттилоотӣ ва идоракунандаи ҳимояи рушди туризм.

6.    Норасогии мутахассисони баландихтисос дар индустрияи туризм.

7.    Номутобиқии қиммат ва сифати хизматрасонӣ.

8.     Тарҳи камрушдёфтаи нақлиётӣ, ки ба кашондани туристон хизмат мерасонанд.

9.     Норасогии истифодаи методҳои муосири хизматрасониҳои туристӣ дар корхонаҳои туристӣ

10.  Набудани системаи босифати иттилоотонии туристон дар ҷумҳурӣ

Имкониятҳо Хатарҳо
1.    Мавқеи хуби ҷойгиршавии географӣ, ки ба ҷалби туристон мусоидат хоҳ ад кард.

2.    Вазъи муътадили сиёсӣ ва иҷтимоию иқтисодии ҷумҳурӣ, ки боис ба ҷалби туристон шуда метавонад.

3.    Имкониятҳои инкишофи бозори хизматрасониҳои туристӣ, ҳангоми самаранок истифода намудани захираҳои туристии мавҷуда ва инфрасохтори туристӣ.

4.    Ҷалби сармоягузорони хориҷӣ ва дохилӣ барои маблағгузории рушди инфрасохтори туристӣ дар ҷумҳурӣ.

5.    Имкониятҳои рушд ёфтани намудҳои гуногуни туризм дар ҷумҳурӣ.

6.    Инкишоф додани иқтидори иқтисодӣ аз ҳисоби рушди бозори хизматрасонӣ.

7.    Мавҷудияти алоқаҳои берунии ҷумҳурӣ бо дигар кишварҳо.

8.    Ҳавасмандии синусолии шаҳрвандон ба мероси таърихӣ-фарҳангӣ.

1.    Таназзули муҳити корӣ дар алоқамандӣ бо бад гардидани вазъияти сиёсӣ дар ҷаҳон.

2.    Норасогии миқдори маблағгузориҳои дарозмӯҳлат ба инфрасохтори туристӣ ва ободонии минтақаҳои туристӣ.

3.    Ноустувории талаботи бозори хизматрасониҳои туристӣ, ки хусусияти туристӣ доранд ва дигар омилҳо.

4.    Бо пешниҳод намудани сатҳи пасти хизматрасониҳо ва нархҳои баланд ба онҳо хатари кам намудани шумораи туристони воридотӣ.

5.    Мушкилии калон дар ҷалби мутахассисони боихтисос ва кормандон дар соҳаи туризм.

6.    Талаботи пасти аҳолӣ ба хизматҳои туризми воридотӣ ва дохилӣ дар ҷумҳурӣ.

Ҳангоми омӯзиш ва таҳлили тарафҳои пурқувватӣ, беқувватӣ, имкониятҳо ва хатарҳои соҳаи туризм дар ҷумҳурӣ мумкин аст хулоса баровард, ки барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ бояд як қатор чорабиниҳо амалӣ карда шаванд:

  • бояд пеш аз ҳама шароитҳои хуб барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ ташкил карда шавад;
  • меҳмонхонаҳои замонавӣ ва бароҳат сохта шавад;
  • шароитҳо барои ҳамкорӣ бо дигар кишварҳои ҷаҳон дар соҳаи туризм ташкил карда шаванд ;
  • барои рушди туризм дар ҷумҳурӣ маблағғҳои буҷетӣ бисёртар ҷудо карда шуда, ширкатҳои туристӣ дастгирии молиявӣ аз тарафи давлат карда шаванд;
  • ҳимояи рушди тарҳи инфрасохтори байниминтақавӣ (нақлиёт, алоқа, коммуникатсия ва ғайраҳо) амалӣ карда шавад;
  • Ҳавасманд намудани ташкилотҳои туристӣ, ки дар ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд бо пешниҳоди ҳар гуна имтиёзҳо ва кӯмакҳо аз ҷониби давлат ва ғайра.

Ҳамин тариқ, Тоҷикистон барои рушди тамоми намудҳои сайёҳӣ: сайёҳии экологӣ, куҳнавардӣ, таърихӣ, варзишӣ-куҳӣ ва ғайраҳо имконияти васеъ дорад. Хушбахтона Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2007 аъзои ташкилоти умумиҷаҳонии туристӣ гардид, ки ин барои рушди соҳаи туризм дар Тоҷикистон комёбии беназир аст.

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд будани мероси бойи таърихию фарҳангӣ ва захираҳои нотакрори табиию фароғатӣ барои эҳё ва рушди минбаъдаи туризм ҳамчун яке аз самтҳои афзалиятноки иқтисодиёти мамлакат шароити мусоид фароҳам меоварад.

Туризмро ҳамчун соҳаи муҳими иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба назар гирифта Ҳукумати кишвар як қатор чорабиниҳо барои барқароршавӣ ва рушди туризми байналхалқӣ дар малакат, барои ташкили дастрасии ҷумҳурӣ барои ташрифории туристони хориҷӣ, беҳтар намудани вазъи инфрасохторҳои туристӣ ва санаторию курортӣ, ҷалби сармояҳо ва ҳамин тавр табдил додани Тоҷикистон ба ҷои тамошои ҷаҳонии туристӣ қабул шудааст.

Дар давоми солҳои охир, бо дастгирии бевоситаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хати туризми байналмиллалӣ натиҷаҳои мусбат ба даст омад. Агар дар соли 1996 қариб 700 сайёҳи хориҷӣ ба Тоҷикистон ташриф оварда бошад, дар соли2010 шумораи онҳо 160 000 нафарро ташкил дод.

Вале бояд гуфт, ки то ҳанӯз дар соҳа мушкилоту праблемаҳое ба назар мерасанд, ки бидуни ҳаллу барасии инҳо рушди соҳаи туризмро дар кишвар таъмин намудан ғайри имкон аст. Ҳаллу мушкилоти мазкур ҳам аз фаъолияти мақомоти дахлдори давлатӣ ва ҳам аз фаъолияти бахши хусусӣ вобаста буда, танҳо дар ҳолати ба роҳмондани ҳамкории мустаҳками ин ду бахш имкон дорад, ҳалу фасл гардад. Мушкилоти ҷойдошта ба чанд омил вобаста буда, кушиш ва эҳтимоли ҷиддиро талаб менамояд ва бояд зина ба зина сурат гирад.

Барои рушди туризм дар Тоҷикистон бояд дастгирии ҳамаҷонибаи соҳибкорон ва ташкилотҳое, ки бо соҳаи сайёҳӣ сару кор доранд зарур мебошад.

Дар кори мазкур ба сифати объектҳои хосияти зиёддош та барои рушди туризм дар ҷумҳирӣ дидан зарур аст:

v  Асоси туристии «Артуч» дар ноҳияи Панҷакент.

v  Базаи алпенистии «Варзоб» дар ноҳияи Варзоб.

v  Алплагери «Варзоб» дар шаҳраки Лучоби н. Варзоб.

v  Минтақаи истироҳатии «Чашмаи ҷӯшон» дар ноҳияи Муъминобод.

v  Майдони яхии «Москвина» ва сохтори он дар ноҳияи Ҷиргатол.

v  Базаи туристии «Баҳри тоҷик» дар шаҳри Қайроқум.

v  Зерсохтори қабул дар шаршараи «Шар-шар» қишлоқи Пушти боғ дар ноҳияи Балҷувон. Инчунин минтақаҳои таърихию табиати тамошобоби Кулобро барои рушди туризм дасгирии ҳамаҷониба мебояд кард.

Муаллиф: АБДУРАҲМОН ҲАКИМЗОДА


Эзоҳ: Мавод аз назари мутахассисони соҳа дида шуда, дар асоси имлои нави забони тоҷикӣ навишта шудааст.

ҚаблӣИсмоили Сомони – асосгузори давлати точикон
БаъдӣИттиходи Аврупо ва сохторхои он (рисолаи дипломи)