Иттиходи Аврупо ва сохторхои он (рисолаи дипломи)

иттиҳоди аврупо Иттиходи Аврупо
Иттиҳоди Аврупо

Иттиҳоди Аврупо ва сохторҳои он (рисолаи дипломӣ, кори дипломӣ).


Н а қ ш а:

Сарсухан

Боби I. Аз таърихи ташкилёбии Иттиҳоди Аврупо

1.1.        Заминаҳои бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

1.2.        Марҳилаҳои ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо

Боби II. Сохтори идоракунӣ ва фаъолияти Иттиҳоди Аврупо

2.1.    Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо

2.2.    Фаъолияти Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011

2.3.    Ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Иттиҳоди Аврупо

Хулоса

Рӯйхати адабиёт

Боргирӣ намудани рисола (скачать)


Иттиҳоди Аврупо яке аз созмони бонуфузтарини ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар муносибатҳои байналхалқӣ мавқеи муҳим ва устувор дорад. Ин ташкилоти байналхалқӣ дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодии мамлакатҳои Аврупо нақши муассир мебозад.

Иттиҳоди Аврупо дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза аз ҷумла дар масъалаи таъмини сулҳ ва амният дар минтақаҳои ҷаҳон аҳамияти муҳим дорад. Ба Иттиҳоди Аврупо 27 мамлакатҳои пешқадами Аврупо шомил буда, ин давлатҳо дар доираи қонунҳои қабулкардаи созмон амал карда, тамоми фаъолияти худро дар асоси ин қонунгузориҳо дар амал татбиқ мекунанд.

Парлумони Аврупо яке аз бонуфузтарин мақомоти намояндагӣ ва қонунгузории ҷаҳон ба ҳисоб рафта, дар густариши робитаҳои байнипарлумонӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон кӯшиш ба харҷ медиҳад. Стратегияи Иттиҳоди Аврупо бо мамлактҳои Осиёи Марказӣ дар ибтидои асри XXI равиши нав пайдо намуд. Созишнома дар бораи шарикӣ ва ҳамкории байни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо ба ин мисоли амиқ шуда метавонад. Имрӯзҳо дар асоси ин созишнома дар густариши ҳамкориҳо дар ҳама гуна соҳаҳо муносибатҳои дуҷониба – тиҷоративу иқтисодӣ, сиёсиву амниятӣ, иҷтимоию гуманитарӣ ва байни парлумонӣ амалӣ шуда истодааст.

Дар ҳамкорӣ ин ташкилот масъалаҳои муҳими рӯзмарра, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, пешбурди равандҳои демократӣ ва ислоҳоти сиёсиву иҷтимоӣ, доираи васеи мавзӯъҳои иқтисодию тиҷоратӣ ва инвеститсионӣ муҳокима шуда истодааст. Барои ҳамин ҳам омӯзиши таърихи ташкилёбӣ, сохтори он, мавқеи имрӯзаи ҷаҳонии ин созмон аҳамияти муҳим дорад. Рисолаи мазкур ба ҷабҳаҳои муҳими фаъолияти Иттиҳоди Аврупо бахшида шуда, дар он ба чунин масъалаҳо оиди ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ нагаронида шудааст.

  1. Заминаҳои таърихии бавуҷудоии Созмони Иттиҳоди Аврупо баъди Ҷанги дуюми ҷаҳон
  2. Марҳилаҳои асосии ташаккулёбии Созмони Иттиҳоди Аврупо
  • Марҳилаи якум аз соли 1951 то соли 1959
  • Марҳилаи дуюм аз соли 1960 то1992
  • Марҳилаи сеюм аз соли 1992 то имрӯз
  1. Сохтори идоракунии сиёсӣ ва ҳуқуқии Иттиҳоди Аврупо, (Парлумони Аврупо, Суди Аврупо, Палатаи аудиторҳо, Бонки миллии Аврупо, Шӯрои идоракунӣ ва ғайра)
  2. Фаъолияти сохторҳои сиёсӣ ва қонунгузории Иттиҳоди Аврупо дар солҳои 1992-2011
  3. Ҳамкории иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва байнипарлумонии Ҷумурии Тоҷикистони соҳибистиқлол бо Иттиҳоди Аврупо дар солҳои истиқлолият (1992-2011)

Боргирӣ намудани рисола (скачать)

ҚаблӣИстифодаи захираҳои табиӣ-туристӣ ва дурнамои рушди соҳаи туризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон
БаъдӣЗаминахои бавучудоии Созмони Иттиходи Аврупо