Ҳизбҳои сиёсии бухориён

Ҳизби ҷавонбухориёни сотсиал-инқилобчӣ. Баъд аз таҷовузи Колесов ҷавонбухороиён маҷбур шуданд,ки барои халосии ҷони худ ба дарунтари кишвари Туркистон хиҷрат намоянд. Аксарияти онҳо, бо ҳамроҳии Кумитаи марказии ҳизби худ, ба шаҳри Тошкент кӯчиданд. Вале ин ҳизби  ҷавонбухороиён ба гурӯҳҳо тақсим шуд.

Вазъи онвақтаи Тошкент низ чандон беҳтар набуд. Гуруснагӣ, бараҳнагӣ ҳукумфармо буд. Ҳизбҳои гуногун – болшевикон, меншевикон, эсерҳо ва ғайра, инчунин гурӯҳҳою ҷамъиятҳои гуногун амал мкарданд. Албатта ин ҳама ба фаъолияти ҷавонбухороиён бетаъсир намонд.

Ҷавонбухороиён дар шаҳри Тошкент бо фаъолияти ҳизбҳои гуногун шинос шуданд. Вале диққати онҳоро дар аввал бештар ҳизби эсерҳо ба худ ҷалб кард. Зеро, ин ҳизб, ки асосан ҳимояи манфиати деҳқононро мақсади худ қарор дода буд ва аксари мардуми аморати Бухоро ҳам деҳқонон буданд, бинобар ин, бо андешаи ҷавонбухороиён барномаи ҳизби эсерҳо ба шароити Бухоро бештар мувофиқат менамуд. Дар натиҷа, баҳори соли 1918 як гурӯҳи ҷавонбухороиён,бо сарварии Усмонхоҷа Пӯлодхоҷаев, Ато Хоҷаев ва Корӣ Ғулом аз ҳайати ҳизби ҷавонбухороиён баромада, дар асоси барномаи эсерони чап ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчиро бунёд намуданд. (Шарҳи номи «эсерҳо» ҳам «сотсиал-инқилобчӣ» мебошад).

7 июли соли 1918, баъди суиқасд ба ҷони сарвари Ҳокимияти Шӯравӣ В.И.Ленин, ҳизби эсерони чап аз тарафи Давлати Шӯравӣ маҳв карда шуд. Ин воқеа ба тарафдорони туркистонӣ ва бухороии ин ҳизб низ бетаъсир намонд. Аниқтараш фаъолияти онҳо низ манъ карда шуд. Дар натиҷа дар ҳайати ҳизби навбунёди ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ боз ҷудоӣ ба амал омад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Ҳизби коммунистии Бухоро. 25 сентябри соли 1918 дар шаҳри Тошкент ҷамъомади 86 нафар собиқ аъзоёни ҳизби ҷавонбухороиёни сотсиал-инқилобчӣ барпо гардид. Дар он ҳозирон қарор карданд, ки онҳо аз ҳайати ҳизб ва аз мавқеи эсерҳои чап баромада, ба мавқеи ҳизби болшевикӣ мегузаранд ва ҳизби навро бо номи “Ҳизби ҷавонбухороиён – коммунистон-болшевикон” бунёд мекунанд. Дар ҳамон ҷамъомад кумитаи марказии ҳизби нав интихоб гардид, ки раисаш Азимҷон Ёқубов (Ёқубзода) ва ҷонишинаш Муҳаммад Қулмуҳаммадов ба ҳисоб мерафтанд. Ҳизб дар шаҳрҳои Самарканд, Бухорои Нав, Бухорои Кӯҳна, Чорҷӯйи Нав, Каттақӯрғон, Каркӣ ва дигар ҷойҳо шӯъбаҳои худро дошт.

23 октябри соли 1918 дар маҷлиси навбатии кумитаи марказии ҳизби коммунистии Бухоро барномаи ҳизб қабул карда шуд. Мувофиқи он ҳизб бояд: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухоро ва бунёди ҷумҳурии халқӣ; мусодираи замини амиру бекҳо ва дар байни деҳқонон тақсим намудани онҳо; ба ҷои суди қозигӣ ҷорӣ намудани суди интихобӣ; баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо, занҳо ва мардҳо, озодии сухан, матбуот; таълиму табоботи бепул ва ғайраҳо мубориза мебурд. Ин барнома дар асоси барномаи ҳизби болшевикони Русия тартиб дода шуда буд. Минбаъд онро такмил доданд.

Коммунистони Бухоро минбаъд ба корҳои ташвиқотӣ диққати ҷиддӣ дода, аз 28 июни соли 1920 аввал дар Тошкент, баъд дар Бухорои Нав (Когон) ба нашри рӯзномаи худ “Кутулуш” (Озодӣ) сар карданд. Ин рӯзнома ҳамчун рӯзномаи ҷамъиятию сиёсӣ ва адабӣ, ҳафтае ду маротиба, ба забонҳои узбекӣ ва тоҷикии форсӣ, то 3 ҳазор нусха нашр гардида, бепул паҳн карда мешуд.

Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ва нуқтаҳои фарқкунандаи барномаи онҳо аз барномаи коммунистони Бухоро. Дар аввали соли 1920 вазъияти Ҳукумати Шӯравии Русия нисбатан беҳтар гирдид. Қувваҳои зиддишӯравӣ асосан шикаст хӯрданд. 2 феврали ҳамон сол  хони Хева ҳам аз тарафи аскарони сурх сарнагун карда шуд ва ба ҷои он Ҷумҳурии Халқии Шӯравии Хоразм ба вуҷуд омад. Баъд аз он аморати Бухоро дар Осиёи Миёна ҳамчун ягона такягоҳи қувваҳои зиддишӯравӣ  монд.

Вазъияти ба амаломада тамоми қувваҳои зиддиамириро, аз ҷумла қисми боқимондаи ҷавонбухороиёнро низ ба ҷунбиш даровард. Зеро, як қисми онҳо агарчанде ҲК Бухороро ташкил дода ба он дохил шуданд, қисми дигарашон худро ба канор гирифта, то ин лаҳза фаъолияти худро чандон нишон надодаанд. Аз ҷумла яке аз пешвоёни ин ҳаракат Ф.Хоҷаев ба Москва рафта, аз фаъолияти ҳизби ҷавонбухороиён то андозае канда шуда буд. Инак, январи ҳамон сол ӯ аз Москва ба Тошкент омад ва ҳизби ҷавонбухороиёнро аз нав ташкил дод. Ҳизби нави ҷавонбухороиён номи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчиро гирифт. Онҳо интихоби КМ-и ҳизбро то конфронси худ мавкуф гузоштанд.

Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ барномаи худро дошт, ки он аз тарафи худи Ф. Хоҷаев тартиб дода шуда буд ва конфронси ҳизбӣ 14 июни соли 1920 онро қабул намуд. Мувофиқи он ҳизб ҳамчун мақсад: барои сарнагун намудани тартиботи амирӣ ва барқарор кардани ҷумҳурии халқӣ; барои баробарҳуқуқии ҳамаи миллатҳо мубориза мебурдааст. Дар барномаи ҳизб оиди масъалаи дин таъкид мешуд, ки “дин ва шариат ифодакунандаи ҳақиқат ва ҳимоятгари камбағалон мебошад.” Бинобар ин ҳизб ният дошт дин ва шариатро ба муқобили ҳукуматдорони аморат ва капитализм истифода барад. Нисбати масъалаи замин ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ният дошт, замини дар ихтиёри амир, бекҳо ва дигар истисморгарон бударо мусодира намуда, онҳоро дар байни деҳқононе, ки дар ҳамон заминҳо кор мекарданд, тақсим намояд. Барои ба тарзи қатъӣ ҳал намудани масъалаи замин онҳо анҷумани деҳқононро даъват карданӣ буданд. Дар барнома, инчунин инкишофи саноат дар Бухоро, рӯзи кори 8-соата, инкишофи илму фарҳанг ва ғайра дар назар дошта шуда буд. Мувофиқи он таълим дар мактабҳои ибтидоӣ бояд ба забони ҳамон халқе ҷорӣ карда мешуд, ки он халқ дар он маҳал аксариятро ташкил менамояд. Вале дар донишкадаҳои олӣ таълим бояд танҳо ба “забони адабии туркӣ” ҷорӣ мегардид. Тоҷикон, дар барнома яке аз қабилаҳои туркӣ ҳисоб карда мешуданд. Мувофиқи оинномаи ҳизб, барои аъзоёни гунаҳкор,ҷазои аз хориҷ намудан аз ҳизб то ҷазои қатл муайян карда шуда буд.

Фарқияти ҷиддии барномаи ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ аз барномаи ҲК Бухоро дар он буд, ки барномаи коммунистон дар асоси барномаи ҲК(б) Русия тартиб ёфтааст ва аз ин рӯ худро қисми таркибии ин ҳизб ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро ҳамчун қисми таркибии ҷумҳурии Туркистон ҳисоб мекард. Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад худро ҳизби мустақил ва ҷумҳурии ояндаи Бухороро низ мустақил мешуморид. Такя ба дину шариат бошад, он ба ҷавонбухориёни инқилобчӣ имконият медод, ки минбаъд мардуми зиёди аморатро ба тарафи худ кашанд. Зеро, ин нуқта дар барномаи коммунистон ҷой надошт. Баръакс, ба ақидаи пешвоёни ҲК Бухоро, дар аморат бо такя ба коргарон ва камбағалони шаҳру деҳот инқилоби сотсиалистӣ имконпазир будааст. Бо ақидаи пешвоёни ҷавонбухороиёни инқилобчӣ бошад, инқилоби Бухоро, бояд инқилоби халқии демократӣ бошад, ва дар он бояд доираи васеи мардуми Бухоро, ҳатто буржуазияи миёна ва хурд иштирок намоянд.

Ба вуҷуд омадани ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ боиси норозигии сарварони ҲК Бухоро гардид. Турккомиссия ҳам аз ба вуҷуд омадани ҳизби нав қаноатманд набуд. Бинобар ин коммунистони бухороӣ ва Турккомиссия дар аввал бо ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ ҳамкориро намехостанд.

Ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ низ дар қатори Тошкент ва Москва, инчунин дар худи аморат: дар Бухорои Кӯҳна, Бухорои Нав (Когон), Чорҷӯйи Нав, Каркӣ, Шаҳрисабз ва дигар нуқтаҳо шӯъбаҳои худро дошт. Онҳо аз 15 апрели соли 1920  дар Тошкент ба нашри рӯзномаи худ – “Учкун” (“Шарора”) сар карданд, ки он моҳе ду маротиба, ба миқдори 5 ҳазор нусха, ба забони узбекӣ нашр мешуд.

Ҳамин тавр, дар арафаи сарнагун намудани тартиботи амирии Бухоро ду ҳизби бухороиён вуҷуд дошт. Мувофиқи баъзе маълумотҳо, дар ҳамон лаҳза, ҳизби коммунистони Бухоро гӯё 5 ҳазор нафар аъзо ва 20 ҳазор нафар хайрхоҳон, ҳизби ҷавонбухороиёни инқилобчӣ-800 нафар аъзо ва 10 ҳазор нафар хайрхоҳон доштаанд. Аммо дар байни худи ин ду ҳизб минбаъд ҳам иттифоқи мустаҳкам вуҷуд надошт. Анҷумани IV ҲК Бухоро (16-18 августи соли 1920  дар Чорҷӯйи Нав шуда гузашт) баъди баҳсу мунозираҳои зиёд баҳри сарнагун намудани тартиботи амирӣ иттифоқу ҳамкории коммунистони Бухоро ва ҷавонбухороиёни инқилобчиро лозим шуморид.


Калидвожаҳо: Хизбхои сиёсии бухориён, Хизби чавонбухориёни сотсиал-инкилобчи, Хизби чавонбухороиёни инкилобчи ва нуктахои фарккунандаи барномаи онхо аз барномаи коммунистони Бухоро.

ҚаблӣТаҷовузи Колесов ва оқибатҳои он
БаъдӣСарнагун намудани тартиботи амирӣ дар Бухорои Марказӣ (Ғарбӣ)