Ҷалолуддини Балхӣ

Шеъри Шамсуддини Табрезӣ гирифт
Мисру Шому Басраву Бағдодро.

Шамси Табрезӣ

Ҷалолуддин Муҳаммад ибни Баҳоуддин Муҳаммад ибни Ҳусайн Хатибии Балхӣ машҳур ба Мавлавӣ, Ҷалолуддин Муҳаммади Балхӣ, ё Муллои Рум яке аз бузургтарин шоирон ва мутафаккирони халқҳои форс-тоҷик ба шумор меравад, ки соли 1207 дар Балх таваллуд шудааст. Падараш Баҳоуддини Валад аз фақеҳони машҳури замон буд. Ҷалолуддини Балхӣ дар ҷавонӣ ба омӯзиши илмҳои маъмули давр машғул шуд. Баъди вафоти падар муддате дар хидмати Саййид Бурҳонуддини Тирмизӣ, ки аз шогирдони падараш буд, шогирдӣ кард.

Дар Қуния бо Шамси Табрезӣ ошноӣ пайдо карда, ӯро устоди маънавии хеш хонд ва девони ашъори худро «Девони Шамси Табрезӣ» номид. Дар Қуния соли 1273 аз олам гузаштааст. Ашъори Ҷалолуддини Балхӣ аз ду қисм иборат аст. Яке манзумаи маш- ҳури ӯст, ки аз машҳуртарин китобҳои забони форсӣ-тоҷикӣ буда, онро «Маснавии маънавӣ» ном ниҳодааст. Ин «Маснавӣ» аз шаш дафтар иборат буда, 25 632 байтро ташкил медиҳад, ки ҳама афкори ирфонию ахлоқӣ мебошад. Қисмати дуюми ашъори ӯро ғазалиёт ва рубоиёт ташкил медиҳанд, ки аз сад ҳазор байт иборат буда, дар давоми умри худ сурудааст. Дар бештари ғазалҳо номи Шамси Табрезӣ омадааст ва аз ин ҷиҳат ба

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

«Куллиёти Шамси Табрезӣ» ё «Куллиёти Шамс» ва «Девони кабир» машҳур аст.

Ҷалолуддини Балхӣ дар эҷодиёти худ одамонро ба некӣ ва некукорӣ даъват карда, асоси бадиро дар ҳирсу тамаъ мебинад. Вай зулму золимӣ, хислатҳои бади одамиро сахт маҳкум намуда, ба воситаи масалу ҳикоятҳои зиёде адолат, саховатмандӣ, меҳнатдӯстӣ хислатҳои писандидаи одамиро васф менамояд.

Осори Ҷалолуддини Балхӣ ба забонҳои гуногуни дунё тарҷума шуда, чандин шарҳи «Маснавии маънавӣ» ба вуҷуд омадааст.

Якчанд байту дубайтӣ дар ин мақола аз устод Ҷаолиддини Балхӣ оварда шудааст: Андарзҳои Мавлавӣ<<

Абулқосими Фирдавсӣ


Зиндагиномаи/шархи холи/тарчумаи холи Чалолиддини Бархи/Руми, Джалолиддини Балхи биография точики, чалолиддини балхи, ч балхи.

ҚаблӣМаҷоз (дар адабиёт ва шеър)
БаъдӣАбунасри Фороби – Фалсафаи тоҷик дар асрҳои миёна