Эътидолии тақозо ва арза

Эътидолӣ ва чандирии1 тақозою арза яке аз масъалаҳои  умдаи бозор мебошанд. Эътидолии нархии бозор ҳамон нархе бояд бошад, ки тибқи он дар бозор ягон чиз на зиёду на кам фу-рӯхта шавад. Бо ибораи дигар, эътидолӣ ҳолатест, ки баробар-қудратӣ ё худ баробарвазнии бозорро мувофиқи табъ ё худ бардошти он таъмин намуда, ба ҳам пайвастагии фурӯшандагону харидорон, миқдор ва нархи молу чизҳоро муайян мекунад.

Эътидолии нархии бозорӣ дар асл маънои онро дорад,  ки ба ҳар як нархи воҳиди молу хадамоти ба бозор воридшаванда камбудӣ ва барзиёдӣ вуҷуд надорад. Он ҳамчун муодул(эквивалент)-и пулӣ таҳти таъсири тақозою арзаи молҳо тахсис меёбад. Охирон, зери қудрат ва нерӯи рақобати бозорӣ барқарор мегардад, аз ин ҷиҳат онро ҳамчун эътидолии рақобати бозор ном мебаранд.

Таҳти вазъи эътидолии тақозою арза ҳамон ҳолат ва таносубе дар назар дошта мешавад, ки дар бозор ҳамон қадар моле бошад, ки харидор имкони онро харидан дошта бошад ва истеҳсолкунанда, мувофиқан ҳамон миқдор молро ба бозор пешкаш намуда бошад.  Яъне  миқдори молу маҳсулоти аз ҷониби истеҳсолкунанда пешниҳодшаванда ва миқдори харидорон баҳам мувофиқат кунанд. Чӣ тавре аз нақшаи 6.2. намоён аст, нуқтаи буриши тақозою арза (Е) ба дараҷаи муайяни нархҳо (РЕ) ва миқдори маҳсулот (QЕ) мусоидат менамояд.

Каҷхати тақозою арза ва нуқтаҳои буриши онҳо гувоҳ аз онанд, ки агар миқдори молҳои зиёдатӣ вуҷуд дошта бошанд (яъне ба бозор пешкаш карда шаванд), онгоҳ он нархҳоро аз боло ба тарафи нуқтаи эътидолӣ ва агар молҳо камбуд (дефитсит) бошанд, нархҳо аз паст ба тарафи нуқтаи буриш майл мекунанд.

Ин майлонҳои калованда (пасту баландшаванда), дар ниҳоят ба ҳолати муозинӣ, яъне барқарор гардидани эътидолии нарх оварда мерасонанд (РЕЕ1, QЕЕ, ниг. нақшаи 22).

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
Нақшаи 22. Графикаи тақозо ва арза

Дар ин ҷо:

    ДД – хати тақозо,

    SS   – хати арза,

    ОР  – нархи молҳо,

    OQ – ҳаҷми молҳо.

РЕQE, яъне хаттҳои РЕЕ, ЕQE – хатти эътидолии тақозою арза ва нуқтаи Е нуқтаи эътидолии арзаю тақозоро нишон медиҳад (4,68-70).

Нақшаи эътидолии тақозо ва арза аз он дарак медиҳад, ки нуқтаи эътидолии Е – доимӣ нест ва он таҳти омилҳои гуногун ҳар лаҳза, ҳафтаю моҳ ва моҳу солҳо метавонад тағйир ёбад. Аз ин ҷиҳат нуқтаҳои РЕЕ ва QЕЕ – метавонанд ба тарафи боло ё поён майл кунанд. Ин тағйирот метавонад таҳти таъсири тақозо ва арза сурат гирад (ниг. нақшаҳои 23, 24).

Аз таҳлили нақшаи 23 бармеояд, ки ҳангоми дигаргун шудани тақозо, яъне майл доштан ба тарафи боло (Р2Е2) ё ба тарафи поён (Р1Е1) маҷмӯи онҳо ҳамчун сарҷамъи РЕЕ ва ЕQЕ  сурат мегирад. Дар аснои тағйирёбии арза низ (нақшаи 24) ҳамин ҳо-лат мушоҳида карда мешавад. Яъне дар ҳолати майл кардани нуқтаҳои арза ба боло (S2E2) ва ба поён (S1Е1) маҷмӯи онҳо ҳамчун хати каҷи арза (SES) ва нуқтаҳои буриши РЕЕ ва EQ ташкил меёбад.

Нақшаи 23. Дараҷаи эътидолӣ дар ҳолати тағйирёбии тақозо ва бетағйирии арза Нақшаи 24. Дараҷаи эътидолӣ дар ҳолати тағйирёбии арза ва бетағйирии тақозо

Дар аснои болои ҳам гузоштани нақшаҳои 23 ва 24-ӯм, яъне ба ҳам иттисол намудани графикаи тақозо ва арзаи молҳои якхела графикаи ҳамҷояи эътидолии тақозою арзаи молҳои мавриди таҳлилу тадқиқ қароргирандаро ҳосил кардан мумкин мегардад (ниг. нақшаи 25).

Нақшаи 25. Нархи эътидолӣ

Аз нигоҳ ба ин нақша хулоса бармеояд, ки тақозо ва арза дар нуқтаи буриши Е миқдоран ба ҳам баробаранд ва Р1 – ҳамчун нархи ба эътидол даровардашуда, яъне нархи эътидолӣ ташкил меёбанд.

    Дар ҳолати баланд рафтани нарх Р2 ҳаҷми барзиёди арзаи молҳо нисбат ба талабот, ба андозаи хатти рости АВ ба вуҷуд меояд. Ин барзиёдӣ дар натиҷаи рақобати фурӯшандагон имконияти паст гардондани нархҳоро минбаъд таъмин менамояд. Дар ҳолати аз сатҳи хатти Р3 пасттар будани нарх тақозо аз арза ба андозаи СҒ зиёдтар меафзояд ва ниҳоятан камчинии молҳоро ба вуҷуд меорад. Барзиёдии тақозо ва рақобати харидорон дар навбати худ барои боло рафтани нарх сабаб мегарданд. Ин раванд то ба нуқтаи Е – яъне истиқрору эътидолии нарх боло рафта, дар як давраи кӯтоҳ, то тағйирёбии он таҳти омилҳои тақозою арза давом мекунад.

Ҳамин тавр, нархи эътидолӣ(Р1Е, ЕQ1) ҳамчун миқдори молу маҳсулот ва хадамоте, ки истеъмолгарон хоҳиши харидан ва тавлидгарон имконияти пешкаш кардан доранд, таҳти таъсири тақозою арза ва рақобат ташкил меёбад.

Азбаски нархи эътидолӣ дар ҳар як бозори мушаххас таҳти шаклҳои гуногуни нарх, тақозою арза ва рақобат сурат мегирад, он ҳамчун нархи эътидолии ҷузъӣ ва кулли ин муносибатҳо – эътидоли куллро ташкил медиҳад. Эътидолии кулл дар миқёси макроиқтисод вазъу ҳолат, тамоюл ва равияҳои ҷадиду мухталифи муозинӣ ва танзимро талаб мекунад (5,96-98).

Пас, хулоса бармеояд, ки дар бозори рақобатпазири молҳо эътидолии молҳо маҳз дар ҳамин асос таҳсис меёбад. Маҳз, ба туфайли эътидолӣ бозори молҳо, эътидолии низоми улуми иқтисод дар сатҳи ҷомеа нигоҳ дошта мешавад.

Калобиш(майлони)-и тақозо тибқи ақидаи Макконелл К.Р. ва Брю С.Л. таҳти таъсири омилҳои зерин сурат мегирад: тағ-йирёбии нархи захираҳои иқтисодӣ(захираҳои табиат, ашёи хом, сармоя, меҳнат, замин); тағйироти технологӣ (ҷорӣ кардани во-ситаҳои нави меҳнат, таҷҳизот…), ихтироотҳо, навоварӣ ва ғайра; дигаргуниҳо дар низоми андоз, дотатсияҳо, тағйиротҳо дар нарху нархгузорӣ, интизории харидорону истеъмолкунандагон, дигар шудани ҳолати молтаъминкунандагон ва ғайра.

    Агар мо тағйирёбии ҳар яке аз ин омилҳоро дар нақша гузорем ва амсоли нақшаҳои пешин таҳлил намоем, ногузир, як  натиҷа ба даст меояд. Эътидолӣ ва нуқтаи он, яъне нуқтаи буриши он метавонад таҳти таъсири он омилҳо майл ба боло ё ба поён кунад. Ин майлон сирати доимӣ надорад. Он ҳамчун калобишҳои муваққатӣ сурат гирифта, дар охир чун нуқтаи умумӣ, яъне нуқтаи миёна – нуқтаи эътидолии тақозою арзаро ташкил медиҳад. Ин нуқтаи эътидолӣ ҳамчун ҷавҳари муайянкунандаи иқтисоди бозорӣ хизмат мекунад.


Эътидолии такозо ва арза, Графикаи такозо ва арза, Нархи эътидоли


1 Чандирӣ, яъне эластикӣ(русӣ), elasticos(лотинӣ), қаишӣ, ёзандагӣ, кашишдор, мавзунӣ;

   Эътидолӣ – баробарвазнӣ, мувозинат, ҳолати мутаносибии ҳодисаҳо.

ҚаблӣҚонун ва каҷхати арза
БаъдӣЧандирии тақозо ва арза