Этикаи буддоия

Тибқи аҳкоми ахлоқии буддоия инсон бояд 5 амали зеринро анҷом надиҳад: ягон ҷонвари зиндаро накушад, моли ягон касро нагирад, ба зани каси дигар даст нарасонад, дурӯғ нагӯяд, шароб нанӯшад. Ин панҷ аҳком ба мардуми одӣ дахл доранд. Вале агар касе мехоҳад, ки дини худро ривоҷ диҳад, дар ин ҳолат он 5 аҳком ба худ шакли ҷиддии дигарро мегиранд. Амри ягон ҷонвари зиндаро накуштан ба он табдил меёбад, ки ягон ҳашароти майдатарини ба чашм базӯр менамудагӣ низ бояд кушта нашавад. Аз ин рӯ обро полоида баъд нӯшидан мумкин мегардад, ки бо об ягон ҳашароти хурд фурӯ бурда нашавад; ба коркарди замин машғул шудан лозим нест, зеро ҳангоми шудгор кирмҳо ва ҳашароти дигарро куштан имкон дорад. Манъи даст расонидан ба зани бегона ба дараҷае расонида мешавад, ки кас умуман бояд ба амали ҷинсӣ машғул нагардад. Манъи гирифтани моли ғайр ба дараҷаи умуман надоштани ҳеҷ гуна мол бурда расонида мешавад; манъи шаробнӯшӣ-умуман то ба ҳадди ниҳоят кам кардани хӯрокхӯрӣ расонида мешавад. Умуман иҷрои талабҳои мазкур маънои ҳаёти зоҳидона ба сар бурдан ва тарки дунё  карданро дорад.

          Яке аз ҳукмҳои муҳими буддоия-муҳаббат  ба ҳамаи чизу касони зинда аст, аммо муҳаббати буддоия фаъол нест. Масалан, агар нафаре нафареро кушад, кушанда бояд ҷазо дода нашавад. Буддоӣ бояд дар нисбати бадӣ орому ботаҳаммул бошад ва фақат бояд дар он кори бад иштирок нанамояд, аммо ба он монеъ нагардад.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст
ҚаблӣҶаҳонбинӣ ва таълимоти буддоия дар давраи аввали пайдоиши он
БаъдӣПайдоиши тағйиротҳо дар таълимоти буддоия