Қадри Модар (Кадри Модар, шеър дар васфи модар)

Писар, рав қадри модар дон, ки доим
Кашад ранҷи писар, бечора модар.

Бирав, беш аз падар хоҳаш, ки хоҳад
Туро беш аз падар, бечора модар.

Зи ҷон маҳбубтар дораш, ки дорад
Зи ҷон маҳбубтар, бечора модар.

Нигаҳдорӣ кунад нуҳ моҳу нуҳ рӯз,
Туро, чун ҷон ба бар, бечора модар.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Аз ин паҳлу ба он паҳлу нағалтад,
Шаб аз бими хатар, бечора модар.

Ба вақти зодани ту марги худро
Бигирад дар назар, бечора модар.

Битуяд куҳна, орояд наватро,
Чу камтар коргар, бечора модар.

Тамузу дай туро соат ба соат
Намояд хушку тар, бечора модар.

Агар як атса ояд аз димоғат
Парад хушаш зи cap, бечора модар.

Агар як сурфае беҷо намоӣ
Хурад хуни ҷигар, бечора модар.

Барои он, ки шаб роҳат бихобӣ
Нахобад то саҳар, бечора модар.

Ду сол аз гиряи рӯзу шаби ту
Надорад хобу хур, бечора модар.

Чу дандон оварӣ, ранҷур гардӣ,
Кашад ранҷи дигар, бечора модар.

Сипас чун по гирифтӣ, то наяфтӣ
Хурад ғам бештар, бечора модар.

Ту то як мухтасар ҷоне бигирӣ
Кунад ҷон мухтасар, бечора модар.

Ба мактаб чун равӣ, то бозгардӣ
Бувад чашмаш ба дар, бечора модар.

Агар як рубъи соат дер ой,
Шавад аз худ бадар, бечора модар.

Набинад ҳеҷ кас заҳват ба дунё
Зи модар бештар, бечора модар.

Тамоми ҳосилаш аз умр ин аст,
Ки дорад як писар, бечора модар.

Эраҷ Мирзо


Кадри модар, шеър барои модарон, шеър дар бораи кадри модар, писар рав кадри модар дон ки доим, ашъори Эрач Мирзо, Эраҷ Мирзо.

ҚаблӣГуфтахои бузургон дар васфи Зан – модар
БаъдӣСуханхои бехтарин барои МОДАР

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед