Калимахои сода, сохта ва мураккаб
Калимаҳои сода
Калимаҳои сода ба ҳисссаҳои маънодор ҷудо намешаванд. Онҳо калимаҳои решагианд: хона, модар, гул, мактаб, меҳр.
Калимаҳои сохта
Калимаҳое, ки ғайр аз реша, пасванд ё пешванд доранд, калимаҳои сохта номида мешаванд: боғ+бон, хирад+манд, но+дон, ҳам+синф, но+хост, даст+а.
Калимаҳои мураккаб
Дар забон калимаҳое ҳастанд, ки аз ду ва ё якчанд реша сохта мешаванд. Ин хел калимаҳоро калимаҳои мураккаб меноманд: модаркалон, чордаҳ, гулдаста, хорпушт, пешқадам, қадбаланд, пешқадам.

















