Калимасозӣ ва имло. Таркиби морфологии калима

Калимаҳоро мо на танҳо ба ҳиҷоҳо (хо-на-гӣ), балки ба ҳиссаҳои маънодори луғавию грамматикӣ низ ҷудо карда метавонем. Масалан, дар калимаи гулҳо маънои луғавӣ дар ҷузъи гул ва маънои грамматики бисёрӣ бо ёрии ҷузъи –ҳо ифода ёфтааст. Ҳар ҷузъи калима, ки маънои луғавӣ ё маънои грамматикиро ифода мекунад, морфема номида мешавад.


Машқ. Матнро нависед. Калимаҳои ишоратшударо ба ҳиссаҳои маънодор ҷудо кунед.

Боре дар деҳа зани девонаеро дидам. Чанд кӯдаки нодон аз қафои ӯ медавиданд. Баланд механдиданду мазоҳомез ба ӯ забон менамуданд, ба масхара кирдораш тақлид мекарданд.

Девона оташин гашт. Хам шуду аз зери по сангеро бардошт ва хост ба тарафи кӯдакон ҳаво диҳад. Дастони бардошта дар ҳаво муаллақ монданд. Ӯ ҳам модар буд. Шояд тифлаш ба ёд омад.

Латофат Кенҷаева

Давоми матн пас аз блоки реклама

Луғат: муаллақ – овезон


Савол ва супориш

  1. Маънои мақоли Фарзанд азиз, одобаш аз вай азизтар-ро шарҳ диҳед.
  2. Бо одамони камақл чӣ гуна муносибат кардан лозим аст?
Барои аз мақолаҳои нави мо хабардор шудан