Камхунӣ

Камхунӣ ба кам шудани миқдори эритротситҳо дар хун ё ба кам шудани миқдори гемоглобин ва баъзан ба ҳардуи онҳо вобаста аст. Камхунӣ, инчунин дар натиҷаи зиёд талаф додани хун низ пайдо мешавад.

Дар натиҷаи бемориҳои сирояткунанда, таъсири нурҳои радиоактивӣ мағзи сурхи устухон вазифаи худро гум кунад, ин ҳам сабаби камхунӣ мегардад. Камхуниро муолиҷа кардан мумкин аст.

Ба ин, пеш аз ҳама хӯроки серғизо, ҳавои тоза ба барқарор шудани миқдори муътадили гемоглобини хун кумак карда метавонанд.


Мавзӯи пурра >>

Эритротситҳо ва хунгузаронӣ

ҚаблӣСохт ва вазифаҳои эритротситҳо
БаъдӣХунгузаронӣ