Асосгузори ин равия Ҳамадони Қармат буда, соли 868 ба он асос гузошт. Дар оғоз ин ҳаракат ба таври махфӣ кор мебурд ва баъди шуриши ғуломон дар Хуросон (соли 873) ба амалиёти ошкоро гузаштанд. Роҳбари шуриш худи Ҳамадони Қармат буд. Шуришро хилофат соли 883 пахш кард. Ин ҳаракат пайравони зиёд дошт. Онҳо ҳомиёни мазлумон ва рушанфикрон буданд. Ба ин равия Рудакӣ, Балъамӣ, Фирдавсӣ, Абуалӣ ибни Сино, Носири Хусрав ва дигарон пайравӣ мекарданд.
Қарматиён низ мисли исмоилиён баъзе таълимотҳои исломро қабул надоштанд. Қарматиён ба куфр айбдор карда шуда, таъқиб карда мешуданд. Дар натиҷа аз ибтидои асри X карматия ҳамчун исмоилия ба худ шакли ниқоргириро пайдо кард. Соли 924 отряди савораи 800 нафара ва пиёдагардони ҳазорнафараи карматиҳо ба корвони ҳоҷиён ҳамла оварда, 2200 мард ва 300 нафар занонро қатл карданд. Соли 930 қарматиҳо ба Макка ҳучум оварда, 30 ҳазор касро кушта маъбуди Каъба-ро мусодира карданд.
Мухолифони қарматия алайҳи ҷонибдорони ин ҳаракат чораҳои амалӣ медиданд. Ии ҳаракат охири асри XII пурра пахш карда шуд.
Карматия чист?, Кармати маълумот дар бораи Карматия, карматов бо забони точики, на таджикском языке, асосгузори кармати Хамадони Кармат, карматиён, қарматиён.