Дар асри XV якчанд экспедитсия ташкил карда шуд. Яке аз онҳо экспедитсияи Христофор Колумб буд. Мақсади он ҷустуҷӯи роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон буд. Бо ин мақсад Христофор Колумб 3 августи соли 1492 пас аз тайёрии зиёд бо се киштӣ («Санта-Мария», «Пинта», «Ниня») аз Испания баромада, ба воситаи уқёнуси Атлантик ба самти ғарб раҳсипор гардид. Ӯ фикр мекард, ки азбаски Замин курашакл аст, агар ба воситаи уқёнуси Атлантик ба ғарб ҳаракат кунад, дар шарқ ба соҳилҳои Осиё хоҳад расид. Бо ҳамин фикру андеша уқёнуси Атлантикро гузашта, баъди ду моҳ ба соҳилҳои Амрикои Марказӣ расид. 11 октябр дар уфуқ хушкӣ намудор шуд. Ин яке аз ҷазираҳои гурӯҳи Багам Уэлтинг буд.
Колумб бо маллоҳон ба ин ҷазира фуромада бо аҳолии маҳаллӣ шиносоӣ пайдо кард. Дар тани онҳо чизҳои ороишии тиллоиро дид. Онҳо гуфтанд, ки тиллоро аз ҷануб меоранд. Бинобар ин Колумб якчанд одами маҳаллиро гирифта сафари худро ба самти ҷануб давом дод.
28 октябри соли 1492 Колумб ба соҳили Куба расида, хаёл кард, ки ин мулки Сипанҷо (Ҷопон) аст. Баъд аз ин ҷо ба Гаити рафт. 16 январи соли 1493 роҳи Испанияро пеш гирифта аввали моҳи март ба он ҷо расид.
Дар сафари дуюм Колумб ҷазираҳои Пуэрто-Рико ва Ямайкаро кашф намуда, бо соҳили ҷанубии Куба шинос шуд. Дар ҷараёни сафари сеюм ҷазираи Тринидадро кашф карда, аз дур соҳилҳои Амрикои Ҷанубиро мушоҳида намуд.
Баҳори соли 1502, бо мақсади ба соҳили шарқии Осиё расидан, Колумб ба сафари чорум баромад. Охири июни соли 1503 ба Гондурас расид. Қад-қади соҳил ба самти ҷануб ҳаракат карда, ба халиҷи Дарйен ворид гардида, дар ягон ҷо ба ғарб роҳи гузашт наёфта, ба Испания баргашт. Колумб соли 1506 аз дунё даргузашт.
Гарчанде ки ин саёҳатҳо Колумбро ба мақсад нарасонида бошанд ҳам, аммо ба кашфиётҳои бузурги географӣ (асрхои XV-XVII) асос гузоштанд. Колумб ба соҳилҳои Амрико ҳамагӣ чор маротиба экспедитсия ташкил кардааст.
Экспедитсияи Христофор Колумб тахмини Абӯрайҳони Беруниро дар бораи дар он тарафи уқёнуси Атлантик вуҷуд доштани хушкии азим тасдиқ кард. Аммо Христофор Колумб аз он, ки қитъаи тамоман навро кашф кардааст, хабар надошт. Дертар ин қитъаро Амрико номиданд.
Баъди панҷ соли экспедитсияи якуми Христофор Колумб, барои ёфтани роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон ҳукумати Португалия экспедитсия ташкил кард. Сарварии онро ба Васко да Гама супурданд. Соли 1497 Васко да Гама бо чаҳор киштӣ аз Португалия баромада, ба самти ҷануб ҳаракат кард. Ӯ соҳилҳои ғарбии Африқоро давр зада, аз уқёнуси Атлантик ба уқёнуси Ҳинд гузашт ва соли 1498 ба бандари баҳрии Ҳиндустон – шаҳри Калката ворид шуд. Дар ин ҷо Васко да Гама доруворӣ харид кард. Омадани Васко да Гама сабаби норозигии аҳолии маҳаллӣ гардид. Бинобар ин ӯ маҷбур шуд, ки зуд пас гардад. Аввалҳои феврали соли 1499 ба Сомалӣ омад. Баъд аз он ҷо ба димоғаи Умед рафта, онро давр зада, моҳи августи 1499 ба Лиссабон, пойтахти Португалия баргашт. Ин роҳ то сохта шудани канали Суэтс ягона роҳе буд, ки Аврупоро бо мамлакатҳои ҳавзаи уқёнуси Ҳинд ва Чин пайваст мекард. Португалия тавассути ҳамин роҳ савдои ҷанубу шарқии Осиёро 90 сол дар зери назорати худ нигоҳ дошт. Ҳамин тавр, роҳи баҳрӣ ба Ҳиндустон кашф гардид, ки дар таърихи савдои ҷаҳонӣ воқеаи ниҳоят муҳим буд. Аммо ҳаминро қайд кардан зарур аст, ки сайёҳи тоҷик Абдураззоқи Самарқандӣ аз Васко да Гамаи португалӣ 56 сол пештар ба Ҳиндустон аз тарафи ғарб ба воситаи халиҷи Ҳурмуз омада буд.
Мартин Бехайм (1459-1507) географи олмонӣ (немис) аст. Ӯ соли 1492 глобуси нахустинро сохт, ки тасаввуроти географиро дар бораи сатҳи Замин дар арафаи кашфи Олами Нав (қитъаи Амрико) акс намудааст.
Саволҳо
- Максади экспедитсияи Христофор Колумб аз чи иборат буд?
- Экспедитсияи аввалини Христофор Колумб кай сар шуда буд?
- Экспедитсияхои Христофор Колумб чи ахамият доштанд?
- Кадом сайёхи аврупои аввалин шуда рохи бахриро ба Хиндустон кушода буд?
Кашфи Амрико ва рохи бахри ба Хиндустон, Кашфи Хиндустон, Кашф кардани Америка, Кашфи Америка бо забони точики, реферат, донишчу нет.