Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят aз пирӣ»-и устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Ахамияти шархихолии касидаи «Шикоят aз пири»-и устод Абуабдуллохи Рудаки иншо эссе ессе


Мавзӯъ: Аҳамияти шарҳиҳолии қасидаи «Шикоят aз пирӣ»-и устод Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ

Нақша:

Муқаддима

  1. Мухтасари ҳаёт ва фаъолияти эҷодии шоир
  2. Қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ва мундариҷаи он
  3. Қисмқои қасидаи «Шикоят аз пирй»

Хулоса

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Устод Рӯдакӣ бо хизмати илмиву адабй ва мақому манзалати таърихии худ на таиҳо асоси адабиёти тоҷикро, балки асоси кулли адабиёти форсизабонони чаҳонро тарҳрезӣ намудааст.

Бинобар ин, Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро тамоми форсизабонони дунё, дар ҳақиқат, чун поягузори адабиёти худ мешиносанду тьтироф менамоянд.

Абӯабдуллоҳи Рӯдакй соли 858 дар деҳаи Панҷрӯди ноҳияи Панҷакенти имрӯза ба дунё омадааст. Номи аслии ӯ Ҷаъфар буда, дар андак замон ба дараҷаи бузургтарин мардони номвари ҷаҳонй шинохта шуд. Абӯабдуллоҳ номи эҳтиромии ӯст. Аз гуфгаи баъзе сарчашмаҳо маълум мегардад, ки Рӯдакй дар кӯдакӣ саводи комил бароварда, ҳанӯз аз синни ҳаштсолагй ба эҷоди шеър пардохтааст. У дар мадрасаи шаҳри Самарканд гаҳсил намуда, илми балоғат, луғат, ҳикмат, таърих, риёзиёт ва нуҷумро ба дараҷаи олй аз худ намудааст. Баъдтар ба шаҳри Бухоро омада, дар дарбори Сомониён хизмат намудааст. Рӯдакй пас аз гирудорҳои рӯзгор боз ба деҳаи худ баргашт. Баъди се соли бозгашт, яъне соли 941 шоир аз олам даргузашт. Мероси адабии шоир басе рангин мебошад. Рӯдакй ҳарчанд ашъори ниҳоят зиёд зҷод карда бошад, то имрӯз аз он ашъори бешумор ба мо байтҳои пароканда аз достону маснавиҳои «Калила ва Димна», «Синдбоднома», «Даврони офтоб», қасидаҳои «Модари май» ва «Шикоят аз пирй» боқй мондааст.

Қасидаи «Шикоят аз пирй» дорой 34 байт буда, аз нигоҳи мавзӯъ шарҳиҳолӣ мебошад ва дар айёми пириву рӯзҳои сахти шоир эҷод гардидааст. Дар қасида шоир лаҳзаҳои муҳимтарини рӯзгори худ ва пастию баландиҳои онро ба ёд овардааст. Устод Рӯдакӣ ҳаёти гузаштаи ширини афсонавй ва рӯзгори ҳозираи галхи воқеии худро як-як пеши назар оварда, аз овони ҷавонй бо ҳасрат ва аз даврони пирй бо анцӯҳ ёд мекунад.

Қасидаи «Шикоят аз пирй» аз нигоҳи устухонбандй ба панҷ қисмат ҷудо карда шудааст. Қисмати якум шикояти шоир аз ранҷу дарди пирй аст. Аз рӯйи гуфтаи шоир, фалокате ба сараш меояд ва аз таъсири он дандонҳояш мерезанд. Дар ҳамин ҷо тасвири ин манзараи маҳзунро бо ҳама гуна санъатҳои рӯзгор вобаста медонад:

Mapо бисуду фуру рехт ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, ло бал чароги тобой буд.

Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.

Яке намонд кунун, з-он ҳама бисуду бирехт,
Чӣ наҳс буд? Ҳамоно ки наҳси Кайвон буд.

На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз,
Чӣ буд? Маи-т бигуяч: қазои Яздон буд.

Баъдан, даар қисмати сеюм шоир масьалаи ҳамеша дар ҳаракат будани одаму оламро ба қалам медиҳад. Рӯдакй баъдн омӯхтани олами воқей ба хулосае омадааст, ки олами моддй якранг набуда, ҳамеша дар гардиш аст:

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардои аст, Ҳамеша, то бувад, оин-ш гирдгардон буд. Сониян, дар қисмати сеюми қасида, саргузашти шахсии худи шоир нақл карда мешавад. У дар ин қисмат аз ҷавониву зебоии худ меболад. Ҳанӯз аз ҷавонй дили шоир хазинаи ганҷи сухан буд, дар шеъру шоирй ном бароварда буд ва ҳамеша шоду хурсанд буду ғаму андӯҳро намедонист. Дилам хазонаи пурганҷ буду ганц – сухан, Нитоны номаи мо муҳру шеър унвон буд. Ҳамегиа шоду надонистаме, ки гам чй бувад, Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд. Қисмати чаҳоруми қасида мақому манзалати шоирй ва обрӯву эътибори шоирро дар дарбори Сомониён фаро гирифтааст. Дар ин қисмат шоир ҳаёти пурифтихори гузаштаи худро бо оҳанги ғамангез ба хотир меоварад. У дар ҷавонй ба дараҷаи султони шоирон расида, шоири Хуросон ва пешвои мирон гаштани худро чунин таъкид мекунад: Шуд он замона, ки муяш ба сони қатрон буд} Шуд он замона, ки руяш ба сони дебо буд. Шуд он замона, ки у шод буду хуррам буд, Нишотиу ба фузун буду гам ба нуқсон буд. Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бишнуфт, Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.

Қисмати панҷуми асар танҳо аз байте иборат аст, ки ифодакунандаи азобу кулфатҳои шоир будааст:

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асою анбон шуд.

Ҳамин тариқ, Рӯдакӣ аввалин устоди суханест, ки аз таҷрибаи рӯзгор ҳарф задааст. У дар ин соҳа муаллиме будааст, ки ҳама бояд аз у дарси ибрат мегирифтанд.

Гуфтан бамаврид аст, ки мактаби ахлоқии шоир барои ҳамаи шоирону адибони баъдина мақбул гардида, то имрӯз низ аҳамияти пандомези худро аз даст надодааст. Эътибори устод Рӯдакй дар қаламрави форсизабонони ҷаҳон беназир мебошад.

Қасидаи “Шикоят аз пирӣ” ва шеъри ҳолия

ҚаблӣИдоракунӣ ва ба нақшагирии кори созмони талабагӣ
БаъдӣДостони «Кова ва Заҳҳок» (иншо)