Қасидаи “Шикоят аз пирӣ” ва шеъри ҳолия

Касидаи “Шикоят аз пири”-и Абуабдуллохи Рудаки ва шеъри холия дар ин макола оварда мешавад.

Камоли шеъри Рӯдакӣ бо тамоми ҷилояш дар қасидаи томи ӯ, ки бо номи “Шикоят аз пирӣ” ёд мешавад, зуҳур намудааст. Ин қасида бо зикри як ҷузъи бисёр сода ва хеле табиии зиндагии одамӣ – судану фурӯ рехтани дандон дар пирсолӣ шурӯъ мешавад, ки худ ба худ ба сабаби бисёр сода ва табиӣ буданаш диққати касеро ҷалб намекунад. Вале шоир онро тавре баён намудааст, ки ба он на танҳо хонанда ва шунаванда бетараф нахоҳад монд, балки ҳатман барои бо муаллиф ҳамдарду ҳамсуҳбат шудан ва аз аҳволи ӯ хубтар ва аз наздик ошно гардидан мароқ зоҳир мекунад. Рӯдакии мӯйсафед, ки ҳар чӣ дандон дошт, суда шуда ва фурӯ рехта буд, дар бораи дандонҳояш бо як меҳру муҳаббати фавқулода ва самимияти барояш хос сухан меронад. Дандонҳояшро ба чароғи тобон, дурру марҷон, ситораи саҳарӣ ва қатраи борон ташбеҳ намуда, аз сафеду симзада буданашон як-як ёд меорад. Аз ин ташбеҳҳои бисёр сода, вале хеле зебои шоир кас тобону дурахшон ва мисли сим сап-сафед будани онҳоро баръало ҳис менамояд. Аз тарзи баёни бо таъкиду такрор ва оҳанги нарму канда-кандаи муаллиф равшан аст, ки дандон барояш бисёр азиз буд, ӯ ҳар яке аз ин силсилаи ташбеҳу тавсифҳои дандонро, ки пайи ҳам дар се мисраъ овардааст, дар алоҳидагӣ ва бо таъкид ном мебарад. Рӯдакӣ чунон саргарми баёни дилбастагиҳояш ба дандон аст, ки дар ин маврид аз қоидаву қонуни маъмули қасидасароии давр фаромӯш намуда, чор мисраи аввалро пайи ҳам қофия мебандад ва мисраи панҷумро, ки ифодаи эътирофи ҳақиқати барояш талх мебошад, бар хилофи қоидаи маъмули назми классикӣ аз мисраъ ва байтҳои баъдии қасида ҷудо менамояд.

адабиёт чист

Азбаски эътирофи ҳақиқати талхи саросар судану рехтани дандон барои шоир бағоят аламангез ва ҳасратомез аст, суханони ӯ дар ин мисраъ тағйири оҳанг карда, ба дард гуфта шудаанд:

Маро бисуду фурӯ рехт, ҳар чӣ дандон буд,
Набуд дандон, лобал чароғи тобон буд.
Сапеду симзада буду дурру марҷон буд,
Ситораи саҳарӣ буду қатраборон буд.
Яке намонд кунун зон ҳама бисуду бирехт.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Се мисраи дигар, ки бо онҳо, ба назари мо, қисми дувуми қасида оғоз мешавад, аз баёни рафти саволу ҷавоби шоир бо ҳамсуҳбати тасаввуриаш, ки каме дертар ба унвони «моҳрӯй» аз ӯ ёд мешавад, иборат мебошад.

Зикри гуфтугӯйи шоир бо ҳамсуҳбаташ дар асар комилан аз рӯйи талаботи мантиқи баён буда, муаллиф барои пайдоиши он заминаи устувори равонӣ ва бадеӣ омода намудааст. Ӯ ба хубӣ пай бурдааст, ки ҳамсуҳбаташ пас аз шунидани гуфтаҳои гарму нарм, вале аламангезу ҳасратомезаш дар бораи дандонҳои зебояш ва саросар суда шудану фурӯ рехтани онҳо ҳатман ва бидуни ихтиёр ба вай рӯ меорад, ки «чӣ наҳс буд?», «чӣ буд?» ва бо ҳамин ӯ барои донистани сабаби он, албатта, ба андеша фурӯ хоҳад рафт. Ҳамчунин шоир хуб медонист, ки ҳамсуҳбаташ – он моҳрӯйи мушкинмӯй сабаби онро, яқинан, аз наҳси Кайвон, яъне, бахти бад ва рӯзгори дарози пирӣ гумон мебарад. Ҳол он ки сабаби аслии ин аҳвол чизи дигар аст ва онро фақат худи ӯ аз ҳама беҳтар гуфта метавонад. Шиддату изтироби рӯҳии шоир, ки аз баёни ҳасрату алами рехтани дандонҳояш ба ҳамсуҳбати моҳрӯйи мушкинмӯяш cap зада буд, бештар гардида, ба оҳанг ва таркиби ин се мисраъ таъсир расондааст. Суханони муаллиф дар онҳо маҳз аз саволу ҷавобҳои кӯтоҳи таҳдор ва баёни гумону ҳақиқат миёни шоир ва моҳрӯй иборат шудааст. Такрору таъкиди калимаву таркибҳои алоҳида, аз қабили «чӣ буд?», «наҳси Кайвон», «буд», ҳиссачаи инкории «на», ҳамсадои «з» дар таркибҳои «рӯзгори дароз» ва «қазои Яздон» ва ғайра ин оҳангро бештар қувват дода, ҳаракати тасвирро дар шеър афзудааст.

Моҳрӯй: – «Чӣ наҳс буд?Ҳамоно ки наҳси Кайвон буд?»
Шоир: – «На наҳси Кайвон буду на рӯзгори дароз!»
Моҳрӯй: – «Чӣ буд? – Мант бигӯям қазои Яздон буд».

Рӯдакӣ агарчи судану фурӯ рехтани дандонҳояшро бо таъкиди махсус гуфтааст, ки аз қазои Яздон – хости Худо буд, аз қазовати баъдии ӯ оид ба оини ҷаҳони гирдгардон намудор аст, ки аслан ақидаи вай дар ин бора дигар буда, шояд гуфтаи болоро фақат барои расмият ва ба тақозои мафкураи маъмули замонаш овардааст. Зимнан мафҳуми «қазои Яздон» дар фалсафаи Юнон, ки таъсирашро ба ҷаҳонбинии шоир наметавон рад кард, ба маънои «қонун» меояд. Ба назари Рӯдакӣ, моҳияти ҳодисоти ҷаҳон аз тазод иборат буда, ҳамвора онҳо дар ҳолати дигаргунӣ ва раддубадалшавӣ мебошанд: гоҳе дард ба ҷойи дармон мешаваду гоҳ дармон боз ба дард табдил меёбад; замоне макони навбунёде куҳнаву валангор мешаваду макони ноободе нав мегардад; басо мешавад, ки шикастабиёбоне ба боғи хуррам бадал мегардаду боғи хуррам ба шикастабиёбон. Аз ин рӯ ба чашми одамизод нисбат додани ҷаҳони гирду гардон аз тарафи ӯ тамоман табиӣ мебошад. Сифати гирду гардон будан ба чашми инсон, ба мардумаки он хос мебошад. Шоир дурустию ростии ақидаи аз тазодҳо иборат будани моҳияти ҳодисаҳои ҷаҳон ва ҳамеша дар тағйир ва радду бадал будани онҳоро ба воситаи тағйири ҷой ва радду бадал овардани мазмунҳо, калимаву таркибҳо, пояҳои ҷудогонаи шеър ва қисме аз мисраъҳои он ва истеъмоли тазодҳо таъкид намудааст. Чунин ба назар менамояд, ки ҳар байт дар гирди меҳвари худ ба мисоли ҷаҳони гирдгардон давр мезанад.

Ҷаҳон ҳамеша чу чашмест, гирду гардон аст,
Ҳамеша то бувад оинш, гирдгардон буд.
Ҳамон ки дармон бошад, ба ҷойи дард шавад
Ва боз дард, ҳамон к-аз нахуст дармон буд.
Куҳан кунад ба замоне, ҳамон куҷо нав буд
Ва нав кунад ба замоне, ҳамон ки хулқон буд.
Басо шикастабиёбон, ки боғи хуррам буд
Ва боғи хуррам гашт, он куҷо биёбон буд.

Руҷӯи фалсафӣ дар бораи қонуни диалектикии тараққиёти ҷаҳон, ки қисми дувуми қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро ташкил медиҳад, ба хотири иҷрои вазифаҳои муайяни ғоявию бадеӣ дар асар гуфта шудааст. Гурези фалсафӣ ба муаллиф имкон додааст, ки на танҳо аз зикри як ҷузъи содаи ҳаёти хеш – судану фурӯ рехтани дандон ба натиҷагирӣ дар бораи қонуни оми инкишофи ҷаҳон бирасад ва бо ҳамин ният тасвирро вусъат диҳад, балки ҳамсуҳбати тасаввурии шоир, хонандаву шунавандаро барои дарки моҳияти мусибати хеш омода бисозад. Бинобар ин муаллиф баъд аз он ба «моҳрӯйи мушкинмӯй» рӯй оварда, ба баёни ҳол ва сомони хеш дар ҷавонӣ шурӯъ мекунад. Ин қисмат, ки аз рӯйи тартиб севум аст, ҳаҷман калон буда, дар навбати худ боз ба фаслҳои хурдтаре, ки онҳоро шартан «Сурат», «Кайфият», «Қудрат» ва «Сират» номидан мумкин аст, тақсим мешавад.

Дар фасли «Сурат» шоир аз ҳусни ҳайратангези давраи ҷавониаш – зулфи чавгон, рӯйи ба сони дебо, мӯйи ба сони қатрон ва ғайра бо меҳр ёд оварда, бо ҳасрату бо дареғи афзун таъкид мекунад, ки он замона бебозгашт гузаштааст. Беҳуда нест, ки «надидӣ он гаҳ», «шуд он замона» ва «бишуд, ки боз наёмад»- гӯён мисраъ ва байтҳоро ибтидо мекунад. Ва барои таъкиди дурии замон Рӯдакӣ, ки суханро бевосита «маро» – гӯён шурӯъ намуда буд, дар ин қисмат ҳатто дар бораи худаш ҳамчун шахси ғоиб ҳарф задааст.

Ҳаме чӣ донӣ, эй моҳрӯйи мушкинмӯй,
Ки ҳоли банда аз ин пеш бар чӣ сомон буд?
Ба зулфи чавгон нозиш ҳамекунӣ ту бад-ӯ,
Надидӣ он гаҳ ӯро, ки зулфчавгон буд.
Шуд он замона, ки рӯяш ба сони дебо буд,
Шуд он замона, ки мӯяш ба сони қатрон буд.
Чунонки хубӣ меҳмону дӯст буд азиз,
Бишуд, ки боз наёмад, азиз меҳмон буд.
Басо, нигор, ки ҳайрон будӣ бад-ӯ-дар чашм,
Ба рӯйи ӯ-дар чашмам ҳамеша ҳайрон буд.

Аз кайфияти ҷавонии шоир ҳамчунин дар байтҳои дигар мулоҳиза меравад. Муаллиф дар онҳо аз ҳамеша шоду хуррам будану беғамиҳояш ва тани осуда доштанаш ёд овардааст ва аз гузашти он айёми фархунда афсӯс хӯрдааст.

Шуд он замона, ки ӯ шод буду хуррам буд,
Нишоти ӯ ба фузун буду ғам ба нуқсон буд…
Ҳамеша шоду надонистаме, ки ғам чӣ бувад,
Дилам нишоту тарабро фарохмайдон буд…
Мёл не, зану фарзанд не, маъунат не,
Аз ин ҳама танам осуда буду осон буд.

Дар фасли «Қудрат» шоир аз дороию тавонгарии худ арз кардааст:

Ҳамехариду ҳамедод бешумор дирам,
Ба шаҳри ҳар кӣ яке турки норпистон буд.
Басо канизаки неку, ки майл дошт бадӯ,
Ба шаб зи ёрии ӯ назди ҷумла пинҳон буд.
Ба рӯз чунки наёрист шуд ба дидани ӯ,
Ниҳеби хоҷаи ӯ буду бими зиндон буд.
Набиди равшану дидори хубу рӯйи латиф
Агар гарон буд, зӣ ман ҳамеша арзон буд.

Фасли «Қудрат»-ро бо «Сират» байти зерин ба ҳам пайвастааст. Агар мисраи аввали он аз лиҳози муҳтаво идомаи фасли пешина аст, аз мисраи дувуми он баёни маънавиёти шоир оғоз мешавад:

Ҳамеша чашмам зӣ зулфакони чобук буд,
Ҳамеша гӯшам зӣ мардуми сухандон буд.

Сипас Рӯдакӣ дар байтҳои баъдӣ аз он хотирнишон мекунад, ки дилаш хазинаи ганҷи сухан буд ва ба шеър дилҳои сангу сандонро ба сони ҳарир нарм карда буд:

Дилам хизонаи пурганҷ буду ганҷ сухан,
Нишони номаи мо муҳру шеър унвон буд.
Басо дило, ки ба сони ҳарир карда ба шеър,
Аз он сипас, ки ба кирдори сангу сандон буд.

 Бо байти мазкур ба поён расидани қисмати севуми ин қасида ба эҷоди қисмати чорум, ки дар боби «бузургию неъмат»-и муаллиф ба ҳайси шоир дар дарбори амирони сомонӣ ва гӯшаву канори Хуросон ва тамоми ҷаҳон аст, замина гардидааст. Пайи ҳам, якбора ва бо шиддат гӯшзад кардани тавсифу аломатҳое, ки аз шуҳрати шеъру шоириаш гувоҳӣ медиҳад, баёни эҳсосот ва раванди тасвирро ба авҷ расонида, бо ҳамин тамоми қисматҳои пешинаро ба ҳам аз ҳар ҷиҳат наздик гардондааст ва ба онҳо тамомӣ бахшидааст. Тасвири бошиддат баёни бошиддатро тақозо намудааст. Мисраъ ва байтҳои зиёди ин қисмат саропо аз санъати такрору тарсеъ иборат шудааст.

Ту Рӯдакиро, эй моҳрӯ, ҳамебинӣ,
Бад-он замона надидӣ, ки инчунинон буд.
Бад-он замона надидӣ, ки дар чаман рафтӣ
Сурудгӯён гӯӣ ҳазордастон буд.
Шуд он замона, ки ӯ унси родмардон буд,
Шуд он замона, ки ӯ пешкори мирон буд.
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон аст,
Ҳамеша шеъри варо зӣ мулук девон буд.
Шуд он замона, ки шеъраш ҳама ҷаҳон бинвашт,
Шуд он замона, ки ӯ шоири Хуросон буд.
Куҷо ба гетӣ будаст номвар деҳқон,
Маро ба хонаи ӯ сим буду ҳумлон буд.
Киро бузургию неъмат зи ину он будӣ,
Маро бузургию неъмат зи Оли Сомон буд.
Бидод мири Хуросон-ш чил ҳазор дирам,
Дар ӯ фузунии як панҷи мири Мокон буд.
Зи авлиёш пароканда низ ҳашт ҳазор
Ба ман расид бад-он вақт, ҳоли хуб он буд.
Чу мир дид сухан, дод доди мардии хеш
Зи авлиёш, чунон к-аз амир фармон буд.

Дар се байти охир баёни муаллиф нисбатан оромтар гардида, шиддати аламу ҳасрати ӯ аз бузургию неъмати пешинааш пасттар шудааст. Шоир дар онҳо аз муносибати худ бо мирону авлиёи сахии давр фахр дорад, бинобар ин бо тамкин сухан меронад.

Байти мақтаи қасида дар алоҳидагӣ як қисмати махсуспанҷумро ташкил медиҳад, зеро аз қисматҳои дигари асар бо мазмуну оҳанг ва таркиби дохилиаш фарқ мекунад. Шоир дар он мардона ба тақдири хеш ва тағйири аҳволи хеш тан дода, пирию барҷомондагӣ, танҳоию бечорагӣ ва бечизию бекасияшро эътироф намудааст. Баёни ӯ дар ин байт рехта, ҳамвор ва мустаҳкам буда, дар худ як оҳанги қатъияти мардонагиро таҷассум мекунад. Гӯяндаи он каси диловаре ба назар мерасад, ки агар ҳама гуна душворӣ пеш ояд ҳам, аз зиндагӣ дилмонда нахоҳад шуд. Дар ин қасида қудрати рӯҳӣ ва матонати маънавии Рӯдакӣ нисбатан мукаммал инъикос ёфтааст.

Кунун замона дигар гашту ман дигар гаштам,
Асо биёр, ки вақти асову анбон буд.

Байти мазкур охирин садои пурқуввати асарҳои мусиқиро ба хотир меоварад.

Рӯдакӣ ба истиснои панҷ мисраи аввал, ки аз судану фурӯ рехтани дандонҳояш гувоҳӣ медиҳад, дар қисматҳои дигар ва асосии қасида бештар дар бораи аҳволи гузаштааш сухан кардааст. Вале ӯ онро тавре баён намудааст, ки зимнан аз онҳо аҳволи кунуниаш ҳам баръало намудор аст. Аз ин сабаб комилан табиӣ ва мантиқист, ки қасидаро бо зикри маҳзи дигар гаштани замону дигар гаштани ҳоли хеш ба охир расонда, аз тафсилоти аҳволи кунунияш худдорӣ менамояд.

Яке аз воситаҳои асосии тасвир дар қасидаи мазкур тазод ва муқобила аст: тазоди аҳвол, тазоди ҷаҳон, тазоди замон, тазоди ҳолат ва ғайра. Ба тақозои чунин асли тасвир на танҳо қисми муайяни таркиби луғавии қасидаро калимаву таъбирҳои тазодӣ, монанди: буд – шуд; дармон – дард; куҳна – нав; шикастабиёбон – боғи хуррам; шодӣ – ғам; гарон – арзон; ҳарир – сангу сандон; он замон – кунун; яке-ҳама; киро – маро ва ғайра ташкил медиҳад, балки мисраву байтҳои алоҳида, порчаҳои яклухт ва силсилаи тасвирҳои он ҳам ба ҳамин тарз офарида шудааст. Тасвири «моҳрӯйи мушкинмӯй» ва шоири мӯйсафед ҳам аз ҳамин қабил тасвирҳои тазодӣ мебошад.

Дар ҳаракат будани сужету сохтор, ритму шакли дохилии (архитектоникаи) қасидаи «Шикоят аз пирӣ» ва дар он ба таври равшан зуҳур намудани раванди тасвир низ аз асли тасвири тазодӣ сарчашма мегирад.

Воситаи дигаре, ки Рӯдакӣ дар қасидааш ба кор бурдааст, такpop ва таъкид буда, бо асли тасвири тазодӣ робитаи мустаҳкам ва бевосита дорад. Ба туфайли истифода аз чунин асли тасвир шоир ба таъкиди гузаштани замона, давраи ҷавонию комрониҳо, айёми бузургию неъмати худ ва ба тасдиқи такрори ҷараёни ҷаҳони гирдгардон мушарраф гардидааст. Ба тақозои баёни ботаъкиду ботакрор дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» мисраъ ва байт, порча ва қисматҳои ҷудогонаи он бо калимаву таркибҳои таъкидию хитобӣ, мисли: маро, ҳамеша, ҳамон ки, замоне, басо, ҳаме, дило, бад-он, куҷо, варо, шуд он ва ғайра cap мешавад ва дар онҳо феъл, алалхусус феъли замони гузашта мавқеи хосе дорад: бисуду фурӯ рехт, буд, набуд, намонд, гашт, шуд, бишуд, наёмад, ҳамехариду ҳамедод, наёрист, дошт, надонистаме, карда, надидӣ, рафтӣ, бинвашт, бидод, расид ва ғайра.

То чӣ андоза дар қасидаи Рӯдакӣ мавқеъ доштани асли таъкиду такрорро махсусан аз рӯйи қофияву радифи он равшан муайян кардан мумкин аст. Зеро қофияву радифе, ки шоир барои асари мазкураш интихоб намудааст, бисёр мумтоз мебошад. Қофияву радиф дар ин қасида ба талаботи вазне, ки муаллиф барои он муносиб дидааст, рукни ҷудогонаро дар шакли «он буд» ташкил медиҳад ва дар якҷоягӣ танҳо дар охири шеър дар сию чаҳор байт сию ҳашт бор таъкиду такрор шудааст. Аз таркиби якҷои қофияву радиф ва такрори ин таркиб дар аввалу охир ва миёнаи мисраъ ва байтҳои қасида садои зангӯлаи корвони даргузари зиндагӣ, қофилаи умру ҷаҳони гирдгардон ва овози ҳасратомезу аламангези шоири барҷомонда ба гӯш мерасад: он буд, он буд, он буд

Фикри дигаре, ки аз муҳтавои ғоявӣ ва бадеии қасидаи «Шикоят аз пирӣ» бармеояд, он аст, ки агарчи ба ҳукми оини ҳамешагии ҷаҳони гирдгардон ҳоли даврон яксон намемонад, ҳаёт зебо ва азиз мебошад. Шояд аз ин сабаб қасидаи мазкурро «фоҷиаи хушбинона» номидаанд ва гуфтаанд, ки: «Агар аз аввалу охир чанд мисраъ партофта шавад, дар пеши назари мо суруди ҷавонӣ, зебоии абадӣ ва хушиҳои зиндагӣ ҳосил мегардад, на шикоят аз пирӣ. Қасидаи мазкур дар ҳақиқат тараннуми хубию зебоиҳои зиндагӣ ва инсон мебошад. Аз аксари мисраъ, байт ва қисматҳои он, ки рангҳои равшани ҳаёти одамиро дар худ доранд, нур меборад ва онҳо аз тавсифу ташбеҳҳои равшан саршоранд, чунончи: чароғи тобон, сапеду симзада, дурру марҷон, ситораи саҳарӣ, қатраборон, боғи хуррам, моҳрӯйи мушкинмӯй, зулфи чавгон, рӯйи дебо, мӯйи қатрон, азизмеҳмон, шоду хуррам, турки норпистон, канизаки неку, набиди равшан, дидори хуб, рӯйи латиф, хизонаи пурганҷ, ганҷи сухан, нишоту тараб, фарохмайдон, дили ҳарир, зулфакони чобук, мардуми сухандон, ҳазордастони сурудгӯй, унси родмардон, пешкори мирон, девони мулук, шоири Хуросон, Оли Сомон, мири Хуросон, мири Мокон, доди мардӣ ва ғ.

Муҳтаво, ғояи ҳаётию амиқ, сужету сохтори мустаҳкаму ягона, созмони дохилии мутаносиб, ритму лаҳни рангоранг, сабки баёну тасвирҳои муносиби шеърӣ, ягонагии хусусиёти ғоявию бадеӣ, ки нишонаи зуҳури гӯяндагии шоири бузурге мисли Рӯдакӣ мебошад, қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-ро ҳамчун асари асили ҳунар мумтоз гардонидааст. Устод Рӯдакӣ ба туфайли қудрати бузурги шоириаш дар қолаби сахти навъи қасида ва арӯзи анъанавӣ ҳунарнамоӣ карда, имкони беандозаи тасвир доштани онҳоро ба исбот расондааст. Ба назари мо, сирри асрҳои аср давом кардани навъҳои маъмули назми классикӣ чун қасида, вазни арӯз дар ҳамин имконоти фаровони дохилӣ ва гунҷоиши онҳост.

Дар миёни ашъори ҳамасрони Рӯдакӣ, аз он ҷумла дар байни сурудаҳои Мантиқии Розӣ (ваф. дар солҳои 977 ва 990), Кисоии Марвазӣ (охири а. X ва аввалҳои а. XI) ва Мунтасир (соли қатлаш 1005), чанд қасида ва қасидагунае боқӣ монда, ки аз бисёр ҷиҳат қасидаи “Шикоят аз пирӣ”-ро ба хотир меорад.

Аз муқоисаи қасидаи «Шикоят аз пирӣ»-и Рӯдакӣ бо ашъори ҳолияи Мантиқии Розӣ, Кисоӣ ва Мунтасир маълум мегардад, ки шоирони асри X дар гуфтани қасидаи ҳолия асосан зери таъсири тарзи сухани устоди Панҷрӯдӣ монда, аз қолаби ихтироънамудаи ӯ дар қасидаи «Шикоят аз пирӣ» берун нарафтаанд.

Инчунин хонед:

Шеърҳо аз эҷодиёти Абуабдуллохи Рудаки

ҚаблӣДил ба ин дунё мабанд (ғазал)
БаъдӣРубоиёти Хаким Санои

Назари худро нависед

Лутфан шарҳи худро нависед!
Лутфан номи худро нависед