Кай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд

Кай тавон аз ҳарфи сарди душманон осуда шуд,

Барги гул натвонад аз боди хазон осуда шуд.

Баски имшаб дид гесуи сиёҳи худ ба хоб,

Чашми масти ӯ зи нози сурмадон осуда шуд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

То ба шӯхе додаам дил, аз ғами дил фориғам,

Рафт чун гул аз гулистон, боғбон осуда шуд.

Роҳ оташхезу бори корвони мо сипанд,

Чун тавонад дил зи савдои ҷаҳон осуда шуд?!

Захмро аз марҳами кофур ояд лаб ба ҳам,

То ниҳодам муҳри хомӯшӣ, даҳон осуда шуд.

Шуълаи овози моро барги гул доманзан аст,

Чун тавонад булбули мо аз фиғон осуда шуд?!

Ғунчаи минқори мо то гашт ранги нағмарез,

Гӯши гулҳо аз фиғони булбулон осуда шуд.

Шавкати Бухороӣ


Газал аз Шавкати Бухорои

ҚаблӣШавкати Бухороӣ
БаъдӣНозими Ҳиротӣ