Хоб будам хоб дидам мурдаам,
Бениҳоят хаставу афсурдаам.
То миёни гӯр рафтаам дил гирифт,
Қабркан санги лаҳадро гил гирифт.
Болишти зери сарам аз санг буд,
Ғарқи зулмат суту гӯр танг буд.
Ҳар кас омад пеш, ҳарфе гуфту рафт ,
Суръае форам бароям хонду рафт.
Хаста будам ҳеч кас ёрам нашуд,
Аз бандагон кас харидорам нашуд.
Нола мекардам валекин беҷавоб,
Ташна будам барои як чакри об.
Омаданд аз роҳ наздам ду малак,
Тира шуд дар пеши чашмонам фалак.
Як малак гуфт: бигӯ дини ту чист?
Дигаре фарёд зад Раббӣ ту кист?.
Гарчи пурсишҳо ба зоҳир сода буд,
Ларза ба андоми ман афтода буд.
Чеҳраам аз шарм мешуд сурху зард,
Бори дигар бар сарам фарёд кард.
Дар миёни умри худ кун ҷустуҷӯ
Корҳои неку бададро бигӯ.
Ҳар чи мекардам ба аъмолам нигоҳ,
Бар забон оварданаш душвор буд.
Чорае ҷуз лаб бастан набуд
Гурзи оташ бар сарам омад фуруд.
Чун малоик ноумед аз ман шудан
Ҳарфи охирро бар ман задан.
Умри худро ай ҷавон карди ҳайфо,
Номаи аъмоли ту бошад сиёҳ.
Мо ки маъмурони Ҳаққу Доварем
Пас туро сӯи чаҳаннам мебарем…