Хун чист? Маълумот дар бораи ХУН

Хун бофтаи моеъест, ки дар рагҳои хунгард доимо ҳаракат мекунад ва ба ҳамаи узвҳою бофтҳои инсон ворид шуда, онҳоро бо ҳам алоқаманд мекунад. Хун дар таркибаш ҳуҷайраҳои зиёд дорад. Вазифаи ҳуҷайраҳои хун таъмини узвҳои бадан бо моддаҳои зарурӣ мебошад.

Хун дар узвҳои хунофар, чун халтаи зарда, испурч, ҷигар, мағзи сурхи устухон ва узвҳои лимфавӣ тавлид мешавад.

Хун дар организм тариқи рагҳои шараёнӣ ва варидҳову каппилярҳо ҳаракат карда, фаъолияти тамоми узвҳои баданро идора мекунад. Хун дар шуш аз гази карбонат ва дар гурда аз оби зиёдатӣ ва намаки минерали тоза мешавад.

Хун ҳамчун моеъи дохили организм дар ҳалқаи махсуси худ ҳаракат карда, вазифаҳои гуногун аз қабили нақлиётӣ, нафаскашӣ, кимиёвӣ ва ғайраро иҷро менамояд.

Сомона бо шарофати таблиғот фаъол аст

Масалан оксиженро аз шуш ба бофтҳо, гази карбонатро аз бофтҳо ба шуш, моддаҳои ғизоиро ба ҷое ки бояд ҷаббида шаванд, маҳсули мубодилаи моддаҳоро, ки ихроҷашон зарур аст, ба узвҳои ихроҷ, ҳормонҳо ва ферментҳоро аз ҷои истеҳсол ба ҷои зарурӣ мебарад.

Хун ба чор гурӯҳ ҷудо мешавад, ки ҳар яки он факторҳои махсуси худро дорад.

ҚаблӣАё шох Махмуди кишваркушой (шеъри пурра)
БаъдӣАз замин нонрезахоро чида мемолам ба чашм