Киноя калимаи арабӣ буда, маънои луғавияш сухани пӯшида, пӯшида сухан гуфтан; рамз ва ишора аст. Дар илми бадеъ номи яке аз санъатҳои маънавист. Киноя чунон аст, ки шоир ё нависанда калима ё ибораеро истифода менамояд, ки ба маънои аслии худ не, балки ба маънои акс омадааст. Дар ин маврид шарти асосӣ ин аст, ки маънои аслӣ ва маънои иловагӣ аз ҷиҳати мантиқӣ ва шабоҳат бояд ба ҳам наздик бошанд. Масалан, «Думи сагат каҷ», «Оби дари хона қадр надорад» киноя аз айбҷӯӣ ва беқадрии наздикон мебошад. Киноя аз воситаҳои баён буда, дар он ифодаи маънои ҳақиқӣ низ имкон дорад. Масалан, агар гӯем, ки «Дарро задам, девор кафид» ба маънои одаме, ки ҳақиқати гапро нафаҳмида, ғавғо мебардорад, аммо задани дару кафидани девор ба маънои аслӣ низ наздик аст.
Киноя яке аз санъатҳои серистеъмоли адабиёти шифоҳӣ низ ба шумор меравад. Дар афсона, латифа ва мақолу зарбулмасалҳои халқӣ хеле зиёд ба мушоҳида мерасад. Чанд мисол: «Дами табарро пахта гирифтааст», «Ҳамаро мон, аммаро меҳмон кун».
Дар ин байти Мирзо Турсунзода «меҳмон» киноя аст:
Фурсати он аст, ки ин «меҳмон»
Тарк кунад кишвари Ҳиндустон.
Дар абёти зер таъбирҳои «Нафасе то ба охират бирасид», «Худош бардорад» ва «Мусулмонӣ ҳамин аст» – у «бедард» ба вазифаи киноя омадаанд:
Шоҳ аспе ба шоире бахшид,
Ки ба тундиш чашми чарх надид.
Буд тунд ин қадар, ки аз дунё
Нафасе то ба охират бирасид.
Бисотӣ
Рақиб гуфт, ки афтодаам, маро бардор,
Дуош кардаму гуфтам: Худош бардорад.
Возеҳ
Гар мусулмонӣ ҳамин аст, ки Ҳофиз дорад,
Вой, агар аз паси имрӯз бувад фардое.
Ҳофиз
На ҳар к-ӯ зан бувад, номард бошад,
Зан он мард аст, к-ӯ бедард бошад.
Низомӣ
Киноя чист? Киноя дар адабиёт, киноя дар шеър.