Коидахои техникаи бехатари дар вакти кор бо асбобхои барки.
1. Кор бо асбобҳои барқӣ хавфи калон дорад, чунки он қувваи барқ мебошад. Бинобар ин аз ноқилҳо ва асбобҳои барқӣ худро эҳтиёт кунед.
2. Пеш аз он ки вилкаи плитаро ба васлак (розетка) пайваст кунед, диққат диҳед, ки ягон ҷойи рӯйкаши ноқил хӯрда ва луч нашуда бошад.


Плитаро дар болои тагмонаки зиддисӯхторӣ гузоштан лозим аст, то ки дар вақти сахт тафсидан сӯхтор ба вуҷуд наояд.
3. Дар вақти пайваст ва ҷудо кардани вилка бояд даст хушк бошад ва аз асоси он доштан лозим аст, то ки он ба васлак (разетка) дуруст дохил шавад. Тавсия карда мешавад, ки аз плитаи спиралаш пӯшида истифода баред.
4. Барои эҳтиёт аз сӯхтор дар вақти хӯрокпазӣ плитаро бе назорат нагузоред ва баъд аз пухтани хӯрок вилкаро аз васлак ҷудо кунед. Сарпӯши дегча ё тобаро, ки дар он маҳсулоти моеъ ҷӯшида истодааст, пӯшонед. Ҳангоми дегро аз плита гирифтан дастпӯшакро истифода баред. Агар дар тоба ё дег равғани доғ бошад, масолеҳро аз тарафи худ оҳиста гузоред, то ки равғани доғ чарахса накунад.
5. Ҳеҷ гоҳ зарфҳои тагашон қатшуда ё дастаашон шикастаро истифода набаред, чунки дар вақти гирифтан онҳо яктарафа мешаванд ё онҳоро аз як дастак ё гӯшаашон сахт дошта наметавонед. Он гоҳ хӯроки гарми суюқ рехта, шуморо сӯзонданаш мумкин аст.
Ба масолеҳи ҷӯшидаистода қанд, маҳсулоти макаронӣ, биринҷ ва ғайраро бо эҳтиёт ва оҳиста андозед, ки он чарахса накунад ва даст ё рӯятонро насӯзонад.


Соҳибхоназан бояд инро дар назар дорад
Барои паст кардани сӯзиши ҷойи сӯхтагии бадан порчаи докаро ба маҳлули перманганати калий (маргансовка) тар карда, ба ҷойи сӯхтагӣ гузоред ва аз болояш докапеч кунед.
Савол
- Барои чӣ қоидаҳои техникаи бехатариро меомӯзанд? 2. Аз чӣ сабаб вилкаро бо дасти хушк ба васлак (розетка) дохил кардан лозим аст?
- Дар вақти кор бо зарфҳои маҳсулоти моеъдор ва гарм кадом қоидаҳои техникаи бехатариро риоя кардан лозим аст?
Фикр кун, ҷавоб деҳ, иҷро кун
- Ҳангоми андохтани маҳсулот ба тоба ё деге, ки равғани доғ ё оби ҷӯшидаистода дорад, кадом қоидаҳоро бояд риоя кард?
- Маҳсулоти хӯроквориро номбар кунед.
- Дар вақти таомпазӣ ин қоидаҳоро омӯзед, риоя кунед ва дар синфхонаи меҳнат ё дар хонаатон маҳсулотро ба равғани доғ ё оби ҷӯшидаистода андозед. Дурустии коратонро дар хона аз модар, дар мактаб аз омӯзгор пурсед.
Саволҳо барои такрор
- Риоя кардани қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми истифодаи зарфҳои ҳархела чӣ аҳамият дорад?
- Барои аз сӯхтор эҳтиёт шудан кадом қоидаҳоро дар назар доштан лозим аст?