Консепсияи тарбияи хозиразамон бар хилофи системаи тарбияи авторитари, Тарбияи авторитари чист?
Педагогикаи демократӣ ва консепсияи тарбияи ҳозиразамон системаи тарбияи авторитариро ба тамом маҳкум мекунад.
Тарбияи авторитарӣ (аз лотинӣ аutoқitаs – ҳокимият, ҳукмравоӣ) – системаи сиёсии ҳукмравоии зиддидемократӣ аст. Тарбияи ҳукмравоӣ ба обрӯи зӯроварӣ ва итоати кӯр – кӯрона асос ёфта, бештар дар мактабҳои собиқи фашистии Германия, Италия ва ғайра ҷорӣ шуда буд. Дар ин системаи тарбия расму қоидаҳои демократӣ тамоман вуҷуд надоштанд. Чунки ҳокимият на аз тарафи халқ, балки аз тарафи гурӯҳи хурди баргузида ташкил ва назорат карда мешуд. Онро асосан аппарати ҳарбии ҷазодиҳӣ идора мекард. Усулҳои таъдиб (муштра), ҷазои террориро васеъ истифода мебурданд. Ба муқобили тарбияи ҳукмравоӣ педагогҳои пешқадами тамоми мамлакатҳо баромад карданд ва чунин тарзи тарбияро маҳкум намуданд.